«Ӯзбекистони Нав» – мамлакати ҷавонони боистеъдод

«Ӯзбекистони Нав» барои ҷавонони соҳибистеъдод дари рушду камол, саодату эҷод, парвози орзуҳоро кушод.

 Имрӯз комёбиҳои ҳайратовари ҷавонони боистеъдоди мамлакатро дар мисоли натиҷаҳои баланди ҷавонони пурумеди вилояти Бухоро дида, сар ба осмон мерасад. Замоне шогирдони пуриқтидори мактаб-интернати ноҳияи Қарокӯл дар озмунҳои байналмилалӣ ба натиҷаҳои баландтарин ноил гашта, диққати аҳли ҷумҳуриро сӯи худ кашид. Боиси хурсандист, ки комёбиҳои ҳайратовари чанд сол пешина ҳоло ба меъёри одии рӯзмарра табдил меёбад. Шумораи ғолибони фанҳои гуногун дар озмунҳои бонуфузтарини олам беш аз пеш меафзояд. Имрӯз  ҷавонони соҳибистеъдодамон ҳам дар соҳаи илму фарҳанг, ҳам варзиш ба натиҷаҳои дилхоҳ ноил мегарданд.

Агар рӯзномахонони «Овози тоҷик» дар хотир дошта бошанд, мо низ аз комёбиҳои ҷавонон – ояндаи Ӯзбекистони Нав шод шуда, дар бораи бозёфтҳои онҳо мақолаҳо менависем. Чанде пеш дар бораи шогирдони муаллими фанни математикаи мактаби миёнаи рақами 18-уми ноҳияи Пешкӯ Ҷӯрабек Муродов, Ҷаҳонгир Норбоев ва Анварбек Саъдуллоев, ки бо фармони Президенти мамлакат Шавкат Мирзиёев соҳиби мукофоти давлатии «Мард ӯғлон» гаштаанд, мақолаҳо чоп шуда буд. Якуним сол муқаддам бошад, хатмкардаи мактаби миёнаи рақами 2-юми шаҳри Бухоро Парвиз Тӯхсанов бори аввал дар мамлакат (ҳатто дар Осиё) аз 1600 хол имконияти тести академии байналхалқӣ САТ 1600 хол ба даст дароварда ба натиҷаи баландтарин ноил гардида буд.

Имрӯз дар вилоят ба туфайли комёбиҳои арзандаи Далер Раҳимов, Диёрбек Раҷабов, Абубакр Атоев, Ҷаҳонгир Бафоев, Моҳинур Ҳошимова барин даҳҳо ҷавонони боистеъдод ҷараёнҳои хурсандибахши фатҳи қуллаҳои илму фарҳанг, варзишу эҷод идома меёбад.

Ҷаҳонгир Бафоев соли 1997 дар шаҳри Бухоро таваллуд ёфта ба воя расидааст. Вай роҳбари ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Bukhara books print» буда, корхонаи ӯ дар шаҳр ва вилояти Тошканд низ шуъбаҳо дорад. Вай бо савдои китоб машғул аст. Бояд таъкид намуд, ки солҳои 2023-2026 беш аз 120-то китоб дар ин ҷо таҳти роҳбарии Ҷаҳонгир тарҷума шудааст. Дар ин солҳо миқдори муаллифони китобҳои коргоҳ ба 162-то расида, соли ҷорӣ дар лоиҳаи «11 th Istanbul publishing fellowship schule»  дар номинатсияи беҳтарин ношир сазовори ҷойи 3-юм шудааст.

Диёрбек Раҷабов соли 2004 дар ноҳияи Ғиждувон таваллуд ёфтааст. Ӯ донишҷӯйи курси чоруми ДДБ аст. Соли 2021 ба ҳайати командаи яккачини Ӯзбекистон қабул шуда, худи ҳамон сол дар озмуни математикаи KHISO соҳиби ҷойи аввал шуд.

Ғолиби озмуни байналхалқии кимё ва математика Абубакр Атоев – зодаи ноҳияи Ғиждувон (соли 1996), омӯзгори калони кафедраи муҳандисии электр ва энергетикаи Донишгоҳи давлатии техникии Бухоро. Соҳиби гувоҳномаҳои лоиҳаҳои зиёди ихтирои техникӣ. Соли 2025 барои ихтирояш соҳиби патенти Вазорати адлия гаштааст. Худи ҳамон сол дар озмуни ҷумҳуриявии Вазорати таълими олӣ, илм ва инноватсия оиди муҳандисӣ – «Ғояи беҳтарин» сазовори ҷойи якум ва туҳфаи Президент – автомобили «BYD» шудааст.

Азиза Ҳамидова соли 2004 дар ноҳияи Шофиркон ба дунё омадааст. Донишҷӯйи курси чоруми Донишкадаи давлатии педагогии Бухорост. Ӯ устоди  байналхалқии спорт оид ба шамшербозӣ мебошад. Дар қувваозмоиҳои ҷамоавӣ байни бонувони ҷавон барои Ҷоми ҷаҳон дар Баҳрайн борҳо соҳиби ҷойи сеюм шудааст. Соли 2025 бошад, дар Кувайт дар ҳайати ҷамоа сазовори ҷойи якум шуд.

Моҳинур Ҳошимова соли 2006 дар шаҳри Бухоро таваллуд ёфтааст. Донишҷӯйи курси дуюми Донишкадаи давлатии омӯзгории Бухоро. Вай ғолиби озмунҳои «Китобхони заковатманд», соҳиби ҷойи дуюми марҳилаи вилоятии озмуни «Студияи театри донишҷӯён», ғолиби марҳилаи вилоятии озмуни «Насли китобхон» ва соҳиби ҷойи сеюм дар озмуни ҷумҳуриявии «Китобхони ҷавон» аст.

Яке аз ҷавонони умедбахш ва боистеъдоди вилоят Далер Раҳимов (дар сурат) мебошад. Вай соли 2008 дар шаҳри Бухоро дар хонадони кормандони соҳаи тиб таваллуд ёфтааст. Падараш Раҳмон Назаров Донишкадаи давлатии тиббии Бухоро ба номи Абӯалӣ ибни Синоро хатм кардааст. Ӯ ҳоло духтури клиникаи хусусӣ мебошад.

Модараш Зулфизар Азимова низ дастпарвари ҳамон даргоҳ аст.

Вақте мо дар арафаи Рӯзи ҷавонон бо масъулони Садорати вилоятии Агентии корҳои  ҷавонон маслиҳат кардем, онҳо дар бораи Далер Раҳимов навиштанро муносиб диданд. Ба мо лозим омад, ки бо падару модар ва худи Далер суҳбат кунем. Албатта, мулоқоти мо бо эшон чун аксарияти бухороиён ба забони модариамон – тоҷикӣ сурат гирифт.

Маълум шуд, ки мактаби деҳаҳои Имом Қозихон ва Тошмасҷид – зодгоҳи бобоёну бибиёни Далер замоне тоҷикӣ буда, бобояш Раҳим Назаров он ҷо таҳсил гирифтааст. Ба Далер Раҳимов низ лозим омадааст, ки то ба шаҳр рафтан дар синфи якуми ҳамин мактаб якчанд моҳ сабақ омӯзад. То синфи даҳ Далер дар мактаби таҳсилоти умумии №35 шаҳри Бухоро таълим гирифтааст. Вай номҳои омӯзгорони азизаш дар ин мактаб: Зарина Наимова,  Амин Саидов, Олия Хайриддинова ва дигаронро бо эҳтиром ба забон гирифт. Ду соли охир Далер таҳсилро дар мактаби ихтисосонидашудаи шаҳри Тошканд ба номи Абӯалӣ ибни Сино идома дод. Ӯ дар давраи таҳсил соҳиби  комёбиҳои зиёд гардид.

– Соли 2022 дар марҳилаи ҷумҳуриявии озмуни «Ал-Хоразмӣ» аз фанни кимиё соҳиби ҷойи аввал гардида, соли 2023 дар озмуни 57-уми байналмилалии «Менделеев»-и шаҳри Остонаи Қазоқистон аз фанни кимиё соҳиби ҷойи дуюм – медали нуқра шудам, – мегӯяд ӯ.

Дар марҳилаҳои II ва III интихоби номзадҳо ба дастаи яккачини низоми Агентии муассисаҳои таълими ихтисосонидашуда барои озмунҳои бонуфузи соли таҳсили 2023-2024 иштирок карда, соҳиби ҷойи аввал низ шудааст.

Ба муносибати ғолибӣ дар марҳилаи ҷамъбастии «Озмуни кушоди умумисибирии мактаббачагон» Раҳимов барои таҳсил дар Донишгоҳи давлатии Новосибирск даъватнома гирифтааст.

Соли 2024 дар озмуни 58-уми байналхалқии кимиёи Менделеев дар шаҳри Шенҷени Чин соҳиби медали нуқра, соли 2024 дар озмуни байналхалқии 56-уми кимиё дар шаҳри Ар-Риёди Арабистони Саудӣ соҳиби медали тилло гаштааст.

Далер Раҳимов 24 декабри соли 2024 барои комёбиҳои пайдарпаяш дар озмунҳои байналхалқӣ, хусусан дар озмуни байналхалқии 56-уми кимиё бобати бардоштани обрӯю эътибор, шараф, шуҳрати Ватан, инчунин барои фаъолияти намунавиаш бобати афзун гардондани эътибори байналхалқии он мувофиқи қарори Шӯрои марказии Иттифоқи ҷавонони Ӯзбекистон бо нишони сарисинагии «Ӯзбекистон белгиси» тақдир ёфта бошад, барои комёбии бузурги дигар – медали тилло дар Дубай бо як миллиарду 40 миллион сӯм мукофоти пулӣ сарфароз гашт.

– Далер ба ин комёбиҳо чӣ гуна муяссар гардидед? – пурсидам аз ӯ.

– Пеш аз ҳама инро самараи ғамхориҳои падаронаи давлат, имконияту шароитҳои муносиби барои мо – ҷавонон фароҳамшуда меҳисобам. Албатта, роҳнамоию кумакҳои падару модарам, бобои меҳрубонам, устодони азизам Амин Саидов, Моҳира Болтаева ва дигарон, инчунин азму кӯшиш, ҳаракатҳои худам бенатиҷа намонд.

– Тартиби истифодабарии вақт дар як шабонарӯз бароятон чӣ гуна аст?

– Албатта, ин муҳим аст. Меҳнати ақлӣ тақозо дорад, ки камаш 7 соат хоб кунам. Пагоҳӣ соати шаш бедор шуда, каме бо варзиш ва сайр машғул мешавам. Баъди субҳона мактаб, машғулият таҳти роҳбарии омӯзгор. Баъзан тайёрии мустақилона аз 5 соат мегузарад Корҳои лаборатории мо одатан рӯзи якшанбе сурат мегирад.

– Вақти истироҳат чӣ гуна мегузарад?

– Сайр дар ҳавои кушодро дӯст медорам. Бо тенниси рӯйи миз, футбол машғул мешавам. Барои дидани телевизор қариб вақт намерасад. Мулоқот бо ҳамдарсон, саволу ҷавобҳоро мепазирам.

–  Дар куҷо ва дар кадом таълимгоҳи олӣ таҳсил гирифтан мехоҳед?

– Дар Сингапур, дар Донишкадаи технологии Манан – соҳаи муҳандисии кимиё.

– Ба ғайр аз забони модарию давлатӣ боз кадом забонҳои хориҷиро медонед?

– Русию англисӣ. Ман ният дорам, ки баъди омӯхтани технологияҳои пешқадам ба Ӯзбекистон бармегардам. Чӣ хеле ки аҷдодони бузургамон Абурайҳон Берунӣ ва Абӯалӣ ибни Сино илмро бо қонуниятҳои худ ғанитар сохтаанд, ман низ дар ин росто хидмати арзанда кардан мехоҳам. Дар қатори аввалинҳо ба Ӯзбекистон овардани ҷоизаи Нобелро пеши худ мақсад гузоштаам.

Мо низ фарзанди баумеди Ватан, пайрави муносиби бузургон Далер Раҳимовро бо Рӯзи ҷавонон ва мукофоти давлатии  «Мард ӯғлон» табрик намуда, ба вай саломатӣ, умри дароз ва баҳри ҷомаи амал пӯшидани орзуҳояш комёбиҳо таманно дорем.

Амрулло Авезов,

хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Бухоро.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: