Дар ноҳияи Қамашӣ нисбат ба нуқтаи фурӯши сӯзишвории ҶДММ «A.E.T», ки бензини пастсифатро ба фурӯш мебаровард, чораҳои қонунӣ андешида шуданд.
Зимни санҷиши нозирони Ӯзэнергоинспексияи вилояти Қашқадарё муайян гардид, ки намунаи бензини навъи АИ-92, ки аз ин нуқта гирифта шуда буд, ҳангоми ташхиси лабораторӣ ба талаботи стандарти давлатӣ ҷавобгӯ нест.
Дар робита ба ин қонуншиканӣ нисбат ба соҳиби нуқтаи фурӯш ба андозаи 50 фоизи арзиши 5230 литр бензин ҷарима таъин карда шуд.
Ҳамчунин, ба масъулони нуқтаи фурӯш дастур дода шуд, ки сифати маҳсулоти нафтии дар анбор нигоҳдошташударо ба талаботи муқарраршуда мутобиқ намоянд.