МАҲАЛЛАИ БОФАЙЗУ ОБОД – ҲУСНИ ДИЁР

Баъд аз паси сар шудани даймоҳ фасли баҳори нозанин бо муждаи омад-омади Наврӯзи дилафрӯз ҳамаро хушнуд сохта, ҳар яки моро ба бедорӣ, ободӣ даъват месозад.

 Ҳар сол дар арафаи иди бостонии Наврӯз барои хуш гузаронидани ин иди бошукӯҳ корҳои ободонӣ бо ҷадал сурат мегирад. 

Дар санаи 16-18 март сар то сари вилояти Сурхондарё таҳти шиори «Маҳаллаи бофайзу обод – ҳусни диёр» ҳашари умумихалқӣ гузаронида шуд.
Дар ин ташаббуси хайриявӣ аз 724 маҳаллаю шаҳру навоҳии вилоят 470 ҳазор нафар шаҳрвандон фаъол ширкат варзиданд. Ходимони идораҳои ободонӣ, ташкилоту муассисаҳо, намояндагони ташкилотҳои ҷамоатӣ ва шаҳрвандони вилоят ҳудудҳои тобеъи худ,  хиёбону кӯчаҳо, атрофи биноҳои маъмуриву истиқоматӣ, қабристону зиёратгоҳҳоро тоза намуда, ба ободонии ватану диёри худ саҳми арзанда гузоштанд. Дар ҳашари умумихалқӣ баробари тозаву озода намудани муҳити атроф дар ҳудуди 189 гектар майдону 792 кӯчаи шаҳру навоҳии вилоят корҳои ободонӣ сурат гирифт, 60 км ҷӯйбору заҳбурҳо, гирду атрофи 26 қабристон ва  зиёратгоҳ обод гардида, 35-то майдончаи бачагона таъмир карда шуд.
Баҳри амалӣ намудани лоиҳаи «Макони сабз» 83 ҳазору 400 бех ниҳолҳои манзаравӣ, 45 ҳазору 600 бех ниҳоли меванок, 86 ҳазору 700 дона ниҳоли гулҳои рангоранг шинонида шуд. 76 ҳазору 650 дарахти гирду атроф ба шакл дароварда, бехашон сафед карда шуд ва бо воситаи нақлиёти махсуси партовкаш 228 тонна партов кашонида, ба ҷойҳои махсус рехта шуд. Ин корҳои ободонӣ ба он далолат медиҳад, ки мардум ба ҷашни Наврӯзи бостонӣ омодагӣ мебинанд ва ин иди мардумиро бо шукӯҳу ҷалол таҷлил менамоянд. 

Олим ПАНҶИЗОДА, 
хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Сурхондарё.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: