МАКТАБ САБАБИ ҲАЁТ БОШАД!...

Таълиму тарбияи фарзанд аз мактабу оила оғоз меёбад.

Таълиму тарбияи фарзанд аз мактабу оила оғоз меёбад. Агар равшантар ифода намоем, мактаб қадамҷоест, ки ҳар як наврас он ҷо рафтану паси партаи синфхонаҳои тозаву барҳаво нишаста, илму маърифат бардоштанро мехоҳад. Зеро ӯро дар ин ҷо, пеш аз ҳама, омӯзгорони хушсалиқа интизоранду меҳри шогирдон нисбати устодон беандоза аст. Аз ин рӯ, ҳар як донишҷӯйи донишкадаву донишгоҳ, шогирдони мактаб ва тарбиятгирандагони боғчаҳо имрӯзҳо бесаброна аз сари нав кушода шудани мактабу муассисаҳои таълимии қадрдонашонро мунтазиранд. 
Бе ҷон ҷасадро қадре набошад,
Ҷисм аст инсон, ҷон аст мактаб.
Аз мактаб ояд осоиши дил,
Марғуби дилҳо з-он аст мактаб.
Бемактабонро набвад ҳаёте,
Об аст мактаб, нон аст мактаб.
Саъд аст мактаб, хайр аст мактаб,
Ин аст мактаб, он аст мактаб.
Дар чашми биниш нур аст дониш,
Дар ҷисми дониш ҷон аст мактаб.
Дар моҳии ҷон об аст ирфон,
Дар мурғи ирфон дон аст мактаб. 
Тавре ба ҳамагон аён аст, бо сабаби паҳн гаштани пандемия ва эълони давраи карантин дар тамоми таълимгоҳҳои ҷумҳурӣ таътил эълон гардида буд. Инак, тайи шаш моҳ мешавад, ки донишомӯзон дар хона нишаста, ба омӯхтани дастуру маводи таълимӣ шуғл меварзанд.
Зикр бояд кард, ки аз тариқи бархе шабакаҳои оинаи нилгун бо иштироки мутахассисони соҳибмалака мунтазам дарсҳои онлайн ташкил карда шуд. Барои чунин ғамхориву ташаббусҳои ҳукумати кишвар кулли омӯзгорон ва падару модарон сипосгузоранд. 
Ниҳоят, баъд аз танаффуси дуру дароз боз садои хушу гуворои зангӯлаи мактаб устодону шогирдонро сӯйи таълимгоҳ даъват менамояд. Ростӣ, чунин лаҳзаҳои фараҳбахшро ҳамагон пазмон буданд.
Ҳаминро ҳам гуфтан зарур аст, ки имрӯзҳо барои боз намудани муассисаҳои таълимӣ ҳама чораву тадбирҳои зарурӣ андешида шудааст. Мо низ умед ба он мебандем, ки бемориҳои сироятӣ ва вазъияти карантин аз байн раваду соли таҳсили нави 2020-2021 чун пешин бо шукӯҳу шаҳомати хосса давом кунад. Зеро ҳамагон ба хубӣ медонем, ки мактаб даргоҳи илму маърифат буда, баҳри раҳоӣ аз вартаи ҷаҳолат ҳамчун омили ягонаву мӯътамад боқӣ хоҳад монд. Ин маъниро Устод Айнӣ низ дар чунин сатрҳо хеле хуб баён намудааст:
Эй монда қадам ба роҳи мактаб,
Олист мақому ҷоҳи мактаб.
Мактаб – сабаби ҳаёт бошад,
Мактаб – сабаби наҷот бошад!

Юнус МАҚСАДОВ, 
вилояти СУРХОНДАРЁ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: