МАТОЪҲОИ МАРҒЕЛОН — ДАР РӮЙХАТ

Ин рӯйхатест, ки нишондиҳандаи ҷуғрофиёи маҳсулотро мадди назар гирифтааст ва бо иқдоми Садорати адлияи вилояти Фарғона бори нахуст дар ҷумҳуриамон роҳандозӣ гардидааст.

Дар ин бора хидмати матбуоти ҳокимияти вилоят хабар медиҳад. 
Бино ба ин манбаъ сифати ҳар як маҳсулоти ба ин феҳраст воридшуда, аз ҷумлаи атласу адраси Марғелон ва корди Қӯқанд, ҳангоми дар бозори маҳаллӣ ба фурӯш гузоштан, инчунин содироти он ба хориҷи кишвар ягон иштибоҳро дар миёни соҳибкорон ба бор намеоваранд ва ҳамеша мавриди таваҷҷуҳи харидорони худ қарор мегиранд. 
Гуфта мешавад, ки аз истеҳсоли ҳамин номгӯйи маҳсулот, ки бидуни рухсат сурат гирифтааст, ҷилавгирӣ осон мегардад. Гузашта аз ин, алайҳи истеҳсоли ғайриқонунии он аз тарафи корхонаи дигар фавран метавон чораҳои зарурӣ пиёда кард. 
Аз рӯйхат гузаштани маҳсулот дараҷаи рақобатпазирии онро низ ба чанд карат меафзояд ва ба таври васеъ истеҳсол намудани он мусоидат мекунад. 
Афзалияти дигаре, ки дар натиҷаи аз рӯйхатгузарӣ ба даст меояд, содироти бештари маҳсулот ва таъмини таҳкими бренди он мебошад. Муҳимтар аз ҳама, маҳсулоте, ки аз рӯйхат нагузаштааст, зери ҳимояи давлат қарор намегирад ва дигарон метавонанд нусхаҳои қалбакии онро худсарона истеҳсол кунанд. Аммо имконияти эътирозкунӣ дар муқобили он маҳдуд хоҳад буд. 

Мирасрор АҲРОРОВ,
мухбири 
«Овози тоҷик».

Вилояти ФАРҒОНА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: