6. АЛЛОМАЕ, КИ БУХОРОРО «ҚУББАТ-УЛ-ИСЛОМ» КАРДААСТ

Фиқҳшиноси номвари олами ислом

ПАНДУ НАСИҲАТ ВА ФАТВОИ 
АБУҲАФСИ КАБИР
(Давомаш. Аввалаш дар шумораҳои гузашта).
Ӯ гуфт: «Ба қарздор додан беҳтар аст. Ба касе, ки қарздорро аз қарз раҳо месозад, ҷаннатро башорат кардаанд».
Хоҷа Имом Абуҳафси Кабири Бухорӣ (раҳматуллоҳи алайҳ) гуфтаанд: «Гаронтар аз гуноҳи марди муъмине нест, ки маҳри занро намедиҳаду дар ин дунё чизе мехарад. Пас аз вафот қарзи ӯ дар гарданаш мемонад».
Дар боби «Ғайбат»-и китоби «Мукошафат-ул-қулуб» («Кашфи қалбҳо»)-и Абуҳомиди Ғаззолӣ аз панду андарзҳои Абуҳафс чунин иқтибос шудааст: «Касеро ғайбат кардан вазнинтар аз гуноҳи як моҳ надоштани рӯзаи рамазон аст». Ва боз Абуҳафс мегӯяд, ки «агар касе ғайбати олими фиқҳро кунад, дар рӯзи қиёмат дар пешонӣ бо навиштаҷоти «Ӯ аз раҳмати Офаридгор умед надорад» меояд. 
***
Насиҳати зерини Абуҳафс низ ибратбахш аст: «Чунин амал сабаби камбағал гардидани инсон шуда метавонад:  зери пой шудани нонреза, бо домон пок кардани рӯй, бенамозӣ, хоб кардан бо фарорасии шаб, рӯбучин накардани хона, нишастан дар остона, ношуста мондани зарфҳои ошхона, хӯрок хӯрдан бо дастҳои ношуста, бе таҳорат қироати Қуръон, бо ном даъват кардани волидон, бо дандон гирифтани нохун, бурида гузаштани роҳи куҳансолон».
***
Хоҷа Абуҳафс гуфтаанд: «Имон дувоздаҳ шарт дорад: мусоҳиба бо олимон, дурӣ аз фосиқ, об додан ба ташна, бохабар будан аз аҳволи бемор, меҳрубонӣ ба ятим, ба муросо овардани ду нафари ногап, хайру сахо ба дарвеш, шустани майит, ба канор гузоштани санги роҳ, пӯшондани айби муъмин, зиёрати Каъба, илм омӯзондан ба аъзои оила.
***
Дар маҷмӯи масъалаҳои фиқҳӣ — китоби «Салоти Масъудӣ» ҳикояте ҳаст: Рӯзе Абуҳафс дар назди мардуми Бухоро ваъзхонӣ мекард, ки мусалмоне аз ӯ пурсид: «Эй Хоҷа, барои касе, ки дуои «Қунут»-ро намедонад ва дар намози витр  ба ҷойи он «Қул ҳуваллоҳу аҳад»-ро мехонад, чӣ гуфта метавонед? Ӯ аз ӯҳдаи намози витр баромада метавонад ё на?  Аз ӯҳдааш баромада метавонад, ҷавобан гуфт хоҷа.
Баъди чанд муддат Абуҳафси Кабир роҳи сафари ҳаҷро пеш гирифт ва вақте ба Бағдод расид, тӯтии қафасро дид. Тӯтӣ «Қул ҳуваллоҳу аҳад» ва дуои «Қунут»-ро беиштибоҳ мехонд. Ҳазрати Имом пас аз дарки чунин ҳолат чизи бо худ гирифтаашро ба ҳамсафарон тақсим кард ва гуфт: «Эй рафиқон, ман ба Бухоро бармегардам, кори зарур баромад».
Хоҷа ба Бухоро баргашт ва вақте аз ӯ мепурсиданд, ки сабаби аз сафар зуд баргаштани ӯ дар чист, ҷавобан мегуфт, ки «Як кори муҳим баромад» ва фармон дод, ки минбаре барпо кунанд. Ӯ ба минбар баромада гуфт, ки «Дар байни шумо он касе, ки ба ман бо суоли «агар мусалмоне дуои «Қунут»-ро надонад ва вақти намози витр ба ҷойи он «Қул ҳуваллоҳу аҳад»-ро хонад, аз ӯҳдаи намози витр баромада метавонад ё на?» – муроҷиат карда буд, ҳозир аст? Он кас дар ин ҷо ҳозир буд ва гуфт, ки: «Ҳозир!».
Он гоҳ Хоҷа гуфт: «Иншооллоҳ, он намозҳое, ки хондаӣ, қабул мешавад. Аммо аз ин рӯз инҷониб кӯшиш ба харҷ бидеҳ, ки ба зудӣ дуои «Қунут»-ро азбар намоӣ. Дар Бағдод тӯтиеро дидам, ки «Қул ҳуваллоҳу аҳад» ва дуои «Қунут»-ро бехато мехонд. Тӯтӣ бо умеди шаккар ҷаҳд карда, «Қул ҳуваллоҳу аҳад» ва дуои «Қунут»-ро азхуд карда буд, шумо бошед, муъминед, ақлу ҳушатон дар ҷой ва болиғ. Ба шумо ваъдаи дидани биҳишт ва дидори Ҳақ таоло дода мешавад ва умеди халос хӯрдан аз дӯзах дар рӯзи қиёмат ҳаст. Пас чаро кӯшиш ба харҷ намедиҳед, ки дуои «Қунут»-ро азхуд намоед?.
***
Камоли илму маърифат аввал донистани чизи омӯхташуда мебошад. Он гоҳ маърифат дуруст мешавад.
***
Хазина махзани охират аст. Мо махзани охиратро пур кардаем.
***
Рӯзе навбати ваъзхонӣ ба Абуҳафси Кабир расид. Он рӯз борон меборид. Хоҷа ба минбар баромад. Амри маъруфи ӯ оиди таҳорат буд. Вақте гап бобати кашидани масҳ ба сар рафт, гуфт, ки «Бар сар кашидани масҳ фарз аст». Пиронсоле, ки аз деҳа омада буд, суол кард: «Эй имоми мусалмонон! Ман кашидани масҳро ба сар фарз намешуморидам. Аз ин сабаб, вақти таҳоратгирӣ ин амалро намекардам. Ҳукми намозҳои ман чӣ мешавад?» Хоҷа гуфт, ки «Норавост». Мӯсафед гуфт: «Ман ин суолро аз имоми деҳаамон низ пурсида будам. Ӯ низ ҷавобан чунин гуфта буд. Бигӯед, ки тафриқи шумо ва имоми деҳаи мо дар чист?» Хоҷа гуфт: «Дар назди ман таҳорат бигиред, ман бубинам». Мӯсафед дар назди Абуҳафс таҳорат гирифт. Рӯяшро шуст. Чаҳоряк қисми сараш тар шуд. Хоҷа гуфт: «Агар таҳорати шумо чунин бошад, намозҳои баъдинаи шумо равост. Аммо пас аз ин дар хотир доред: мувофиқи ҳукми Қуръон кашидани масҳ бар сар фарз аст».
***
Рӯзе аз Абуҳафси Кабир пурсиданд, ки «Чаро дар хусуси устоди худ – мутасаввиф, олими барҷаста Фузайл ибни Иёз бисёр намегуед?». Он гоҳ Абуҳафси Кабири Бухорӣ  ҷавобан гуфт: «Ман ба назди Фузайл ибни Иёз рафтаам. Чашмони ӯ калон ва сергиря, даҳонаш низ калон буд. Вақте ки мегирист, ашкҳо аз рӯяш ғел зада, ба даҳонаш медаромаданд, ба ӯ нигариста, раҳмам меомад».
(Давом дорад).
Абдулғафур Раззоқи БУХОРӢ,
мударриси мадрасаи Мири Араби Бухоро.

Комилҷон РАҲИМОВ,
ходими калони илмии Институти шарқшиносии ба номи
Абурайҳони Берунӣ, доктори улуми таърих.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: