Экипажи Crew Dragon аз Истгоҳи байналмилалии кайҳонӣ ба Замин баргашт

Киштии кайҳонии амрикоии Crew Dragon бо экипаж ба Замин баргашт, хабар медиҳад NASA.

Кайҳоннаварди рус Константин Борисов, астронавти NASA Жасмин Могбели, астронавти Оҷонси кайҳонии Аврупо Андреас Могенсен ва астронавти Оҷонси таҳқиқоти кайҳонии Ҷопон Сатоши Фурука ба Замин баргаштанд.  Онҳо супориши «Crew-7»-ро, ки дар мадор шашуним моҳ давом кард, иҷро карданд.

 Капсулa дар наздикии соҳили Флорида ба уқёнуси Атлантик фуруд омад.  Мутахассисон мунтазири аз муоинаи тиббӣ гузаштани аъзоёни экипаж буданд.  Даста худро хуб ҳис мекунад, хабар медиҳад mir24.tv.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: