Vision invest рӯйхати лоиҳаҳои муштаракро васеъ мекунад ва дар Тошканд намояндагии минтақавӣ мекушояд

9 ноябри соли равон вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Ҷумҳурии Ӯзбекистон Лазиз Қудратов бо президент ва сардиректори иҷроияи ширкати Vision invest Омар Н. Ал-Миданӣ гуфтушунид анҷом дод.

Ҷониби Арабистони Саудӣ ба дигаргуниҳо дар солҳои охир дар Ӯзбекистон баҳои баланд дода, дар бораи нақшаҳо оиди 10 ноябр дар Тошканд боз намудани намояндагии минтақавӣ ҷиҳати идоракунии самараноки рафти татбиқи  лоиҳаҳои муштарак эълон кард.

Ҳамзамон, дар рафти мулоқот роҷеъ ба татбиқи ташаббусҳои нави сармоягузорӣ дар бахшҳои энергетикӣ, рушди зерсохтор ва фанновариҳои телекоммуникатсионӣ ва истифодаи захираҳои об тавофуқ ҳосил шуд.

Дар натиҷаи гуфтушунидҳо формати ҳамкории фаъол таҳия гардида, омодагии тарафайн ҷиҳати амалӣ намудани чораҳои дастгирии  ҳамаҷониба дар чаҳорчӯби  бомуваффақият ба ҳаёт татбиқ намудани  тавофуқҳои ҳосилшуда тасдиқ карда шуд.

Барои маълумот: Vision invest соли 2002 таъсис ёфтааст. Арзиши дороиҳои таҳти идораи ширкат 96 миллиард долларро ташкил медиҳад. Vision invest саҳмдори ширкати ACWA Power буда, дар лоиҳаҳои ҳамкориҳои бахшҳои давлативу хусусӣ дар Арабистони Саудӣ, АМА ва Уммон мавқеи пешсафро ишғол мекунад.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: