ДАРДИ ҶУДОӢ

Кӯчум ин саҳар чашмонашро дертар кушод.

Кӯчум ин саҳар чашмонашро дертар кушод. Паси тиреза боз ҳамон манзара: рафтуомади беҳисоби одамон, ғалаёни мошинҳо аз кӯчаи калон, биноҳои пасту баланди серошёна, қад-қади роҳ дарахтони қоматкашида, ки ҳоло шохаҳояшон пур аз барф аст. Аҷоиб манзарае дорад шаҳр! 
Барфпӯш мондани шохаҳои дарахтон ва либосҳои ғафси одамон аз ҳукмрон будани ҳавои хунуки берун дарак медод. Ҳоло рӯзи дуюм аст, ки Кӯчум наметавонад сар боло кунад ва омадани раиси хонаи пиронсолонро бо чашми худ бубинад. 
Ҷояш дар ошёнаи дуюм, дар пеши тиреза буд. Ҳар саҳар мехесту чанд муддат рафтуомади одамонро аз назар мегузаронд. Марде каме дуртар аз издиҳом ҷудо шуда, ба тарафи бино меомад. То дохил шудан ба сохтмон Кӯчум ӯро назора мекард. Чӣ ҳам мекард? Ҳоло ягона касе, ки ба ӯ ҳамрозу ҳамдард шавад, марҳами дарду ранҷи танҳоияш гардад, ҳамин мард аст – раиси хонаи пиронсолон. То замоне, ки Кӯчум рӯйиҷойӣ гашт, ҳар рӯзаш ба ҳамин зайл оғоз меёфт. 
Инак, Кӯчум боз субҳ зуд чашм кушод. Якпаҳлу аз тиреза ба берун нигоҳ кард. Бо ин ҳолат фақат дуриҳои дур ба назар метофт. Ҳоло дар палата худаш танҳост. Яке аз ҳамраҳонаш қариб як моҳ пеш аз дунё чашм  пӯшид. Дуюмиро бошад, кадом-яке аз хешонаш омада бурд. Хеле мехост дар канораш касе бошад, бо ӯ суҳбат кунад, арзи дил гӯяд. 
Гаҳ-гаҳе  дӯстони айёми ҷавониаш Даврону Бекназар ба дидорбинӣ меомаданд, вале гилаи Кӯчумро нашунида, бо чанд баҳона, аз қабили роҳ дур асту кор пур, зуд баромада мерафтанд. Дар ин дами кӯтоҳи дидор Даврон ба мисли пештара аз гапҳои шӯху ҳазломезаш мезад. Механдиданд ба гапҳои ӯ.  Ҳар бори омадан ба назди ӯ Даврон ҳатман Бекназарро ҳамроҳ мегирифт. Каме аз ғӯлингу тутмавиз, қоқи себу шафтолу барои Кӯчум меовард. Бо ин лаҳзаҳои гарм Кӯчум овони бачагиашро ба хотир меовард, зодгоҳро хумор мекард. Ёду хаёлаш ӯро ба Зиҳноккӯҳ  мебурд...
Солҳои сахти зиндагӣ, айёми тангдастӣ. Падару модараш пешу пас аз дунё гузашта, Кӯчумро бо додари сесолааш танҳо монданд. Парастории додар, пухтупази зиндагӣ ба дӯши Кӯчуми наврас афтид. 
Хушбахтона, ҳамдеҳагон ба ӯ бефарқ нашуданд. Хӯроку нонашро бо навбат мерасонданд. Кӯчум ба ивази ин нағзиҳо молҳои ҳамдеҳагонро мечаронд, ба яке ҳезум меовард, ба дигаре ҳезум мекафонд, об мекашонд, бомҳоро аз барф сабук мекард. 
Ҳар гоҳ аз кор озод мешуд, барои зимистон тутмавиз мечид, ғӯлингу қоқ, меваи хушк дар халта мегирифт. Дар адирҳои деҳа ҳамроҳи дигарон ҷуфт ронда гандум мекошт. Дар ин ҳама давутоз мудом ӯро додари сесолааш ҳамроҳӣ мекард. Гоҳ-гоҳ, вақте ки ба дараи Сариоб мерафт, додарро низ бо худ мебурд. Охир, ба кӣ гузорад ӯро?! Бе он ҳам ёрии ҳамсояҳо бисёр буд. Оре, кӯмаки беминнат доштанд ба ҳамдигар, ёрие ба ҳукми қонун – қонуни нонавишта. 
Рӯзе раис ба Зиҳнок омад бо аҳволи гирифта. Ҳар як омадани ӯ хабари шуме дар пай дошт. Ин дафъа низ бо ҳарфи наҳс ҳамаро дилтанг сохт, гуфт, ки ҷанг сар шудааст. Немис ба мо ҷанг эълон кардаасту ҷавононро ба ҷабҳа мебурдаанд. Дар даст дафтар ҷавонони деҳаро ба рӯйхат гирифта, мӯйсафедонро ҳушдор дод, ки ҳамаро огоҳ кунанд. 
Аз миён як ҳафта гузашту ҳамон раис дубора пайдо шуд. Замонраис ё Замонбобо меномиданд ӯро. Кораш фақат ҳарос афкандан дар миёни одамон буд. Солмандонро ҷамъ карда, хабарҳои  шумашро мегуфт ва харашро савор шуда мерафт. Ин бор Кӯчуми калонсолро низ фаро хонданд. Раис гуфт, ки ӯ низ ба рӯйхат  афтодааст, бояд ба ҷанг равад. Дар поён ӯро интизоранд. 
Замин сахт осмон баланд, Кӯчум ноилоҷ монда, аз дасти додараш мегирад ва ба раис арзи ҳол карданӣ мешавад. Ҳанӯз ҳарфе нагуфта, раис даҳонашро мебандад: “Дигар ба қафо роҳ нест, ҳама кор ҳал шудааст! Додаратро то Тошканд бо худ мебарӣ, дар он ҷо ба ятимхона медиҳанд”. Кӯчум ва додарашро ҳамдеҳагон гусел мекунанд, аз ҳамон ҷо ба ҷанг меравад. 
Дар Тошканд Кӯчум ҳамроҳи як нафар низомӣ додарашро ба дасти тоторзане, ки  Сафия ном дошт, супорид. Сафия бо меҳрубонӣ бачаро қабул кард, номи ӯро дар дафтар сабт намуд. Он дам чунин гуфтугузор ба миён омада буд:
– Номи падарат чист?
– Расул.
– Номи додарат?
– Сафар.
– Чандсола аст?
– Чорсола.
– Хеле хуб, Расулов Сафар, соли таваллуд — 1937.
Пас аз ин бародарон аз ҳам ҷудо шуданд. Ҳамдигарро ба оғӯш кашида гиря карданд. Ба нолаю фиғони Сафар нигоҳ накарда, Сафия ӯро ба ошёнаи дуюм баровард. Бо ҳамин Кӯчум, гӯё аз ҷигарпорааш ҷудо мешуда бошад, беҳолона ба самти номаълум қадам бардошт. Худаш ҳам намедонист ба куҷо меравад, ба чӣ набарде...   
Ба гуфтаи командиронаш, ба хотири озодӣ, барои  ҳимояи Ватан, ба манзури дифоъи ору номус набардҳо кард. Ба мисли ҳазорон нафар бадбахтони майдони ҳарбу зарб тир парронд, тир хӯрд, гоҳе серу гоҳе гушна худро ба хандақ афканд, ба сели душманон зад, заҳри зақуми ҷанги Олмонро чашиду бо вуҷуди он ҳама тиру теғи рӯёрӯй зинда монд. Пас аз панҷ сол бо сари баланд ба зодгоҳ баргашт.
Кӯчум ба Тошканд омад. Хеле хурсанд буд, хаёлҳои нек аз сар мегузаронд: “Додарам ба нӯҳ медарояд, писари калон шудагист. Ӯро меёбам, ҳамроҳ ба деҳа меравем, ҳаёти нав сар мекунем”. Бо ин андешаҳо шоду хуррам аз қатора фаромад, рост ба ятимхона рафт. Сохтмони дуошёнаи ятимонро ёфт, аммо онро саросар холӣ дид. На аз бачаҳо асаре буду на аз Сафия. Дилаш ба ҳавл омад, ба ин сӯву он сӯ давид, ҷустуҷӯ кард. Гуфтанд, Сафия ду сол пеш аз дунё гузаштааст. Бачаҳоро ба хонаводаҳои тошкандиён тақсим намудаанд. 
Дар миёни дуду оташи ҷанги хонумонсӯз гашта, ҳар лаҳза бо ёди додар будан Кӯчумро ба ин рӯзҳо расонида буд. Ӯ доимо ҷавонмардона ҳис мекард, ки дар гарданаш вазифае ҳаст бузург – сарпарастии додари азиз, амонати ба ӯ супурдаи падару модар. Бо ин ҳадаф дубора ба майдони саъю талош даромад. Рӯйхати хонаводаҳоро пайдо кард. Ба ҷустуҷӯ даромад, аммо дурри мақсудро наёфт. Ба ҳар хонае, ки сар мехалонд, аз додаракаш дарак надоштанд, бо рӯҳи шикаста пас мегашт. Ноумед ба шаҳри худ омад...
То охирин лаҳза умедвор монд. Бовар дошт, ки рӯзе мерасаду додараш – ягона инсони азизаш дар ин дунё аз дар медарояд ва ӯро аз дунёи  бекасӣ раҳо месозад. Ҳатман калон шудагист, хонадор шуда бача доштагист. Аммо, ба рӯйи худи ӯ бахт нахандид. Ду бор издивоҷ кард, вале  фарзанд надид. Ҳоло яккаву танҳост,  гӯё дар як иморат як худи ӯсту ашки пазмонӣ ва фироқ мерезад. Кӯчум мисли ҳамеша беовоз, сархаму мутеъ оби дида рехта, ба дари марг роҳ боз мекард. Болини ӯ аз ашки талхи фироқ, ноумедӣ, ҳасрат тар буд. Дар лобалои гиряҳои даруни сина ба худ суол медод: “Чаро қисмат ба дӯши ман ин бори сангинро афканд? Ман чӣ гуноҳе доштам?”. Хеле мехост дар ин лаҳзаҳои дилтангӣ ҳамдеҳагони кӯҳистониаш дар наздаш бошанд, ҳатто ҳамон раиси шумхабар ҳам! Вале бо ӯ фақат танҳоӣ, танҳо ашкҳои сӯзони фироқ ҳамроҳӣ мекард...
Мисли ин ки овози по аз роҳрав ба гӯш мерасад, садои ошно... Аммо, нафаси Кӯчум то расидани ӯ аз қафаси сина берун рафта дигар барнамегардад...  

Нуруллоҳи НУТФУЛЛО,
омӯзгор.

Ноҳияи НУРАТО.
 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: