ҶОНФИДОИ КАСБИ ХУД

Хидмат кардан ба Ватан саодат аст.

Зеро Ватан макони муқаддасест, ки дар он хуни нофи аҷдоди мо рехтааст. Аз ин рӯ, онро умре азизу мукаррам мешуморем ва  ҳар зарра хокашро чун тутиё ба чашмонамон мемолем. 
Дар ҳадиси шариф: «Ватанро дӯст доштан аз имон аст» гуфта мешавад. Яъне, ҳар касе, ки имону дили пок дорад, албатта, Ватанашро дӯст медорад, онро аз бадхоҳон ҳимоя менамояд. Барои осоиштагиву оромии он мубориза мебарад, зарур ояд, дар ин роҳ ҷонашро нисор месозад. Зеро дар ҷое, ки оромиву осоиштагӣ хукмфармост, зиндагӣ бо мароми худ ҷорист, фаровонист.
 Сарвари давлат ҳанӯз 7 феврали соли 2017 дар Фармони худ «Дар бораи Стратегияи амалиёт оид ба рушди минбаъдаи Ӯзбекистон» сулҳу оромӣ, тараққиёти давлату ҷомеа, бозсозии соҳаҳоро ба таври алоҳида арзёбӣ намуда буд. Дар ин ҷода хидмати ходимони корҳои дохилӣ низ шоистаи эътироф аст. 
Дар соҳа ходимони фидоӣ зиёданд. Онҳо ба халқу Ватан садоқатмандона хидмат намуданро мароми зиндагии хеш медонанд. Ҷонишини сардори шуъбаи  корҳои дохилии ноҳияи Фориш оид ба корҳои маънавиву маърифатӣ Музаффар Шодмонов аз  ҷумлаи чунин ходимон аст. Ӯ касби худро хеле дӯст медорад. Дар давоми фаъолияти кории хеш ҳафт маротиба рағбатнок карда шудааст. Барои ҷаҳони маънавиву фарҳангии ходимонро ғанӣ ва дараҷаи маърифатнокии онҳоро вусъат додан бо саъю ҳаракати М. Шодмонов миёни кормандони милитсия чандин маротиба маҳфилҳои китобхонӣ созмон дода шуданд. Бо ин мақсад дар идораи шуъба бо ҳамкории Маркази ахбору китобхонаи ноҳия китобхона ташкил карда шуд. Мо бо Музаффар Шодмонов барин фидоиёни касби хеш ва тарғибгари хастанопазири маънавиёту маърифат ифтихор мекунем.

Маҳбуба АЯСОВА, 
ходими Маркази 
ахбору китобхонаи ноҳияи Фориш.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: