БА ШАХСОНИ АФВШУДА 8 МИЛЛИОНУ 902 ҲАЗОР СӮМ КӮМАКИ МОДДӢ РАСОНДА ШУД

Тибқи фармони сарвари давлат ҷамъ 7 нафар шахси дар вилояти Бухоро сабти номгардида афв карда шуда, ба онҳо ба маблағи 8 миллиону 902 ҳазор сӯм кӯмаки моддӣ расонида шуд.

Тибқи фармони сарвари давлат ҷамъ 7 нафар шахси дар вилояти Бухоро сабти номгардида афв карда шуда, ба онҳо ба маблағи 8 миллиону 902 ҳазор сӯм кӯмаки моддӣ расонида шуд.
Ғайр аз ин, 3 нафар аз муоинаи тиббӣ гузаронида, барои нав кардани шиносномаҳояшон ба онҳо ҳуҷҷатҳо расмӣ гардонда шудаанд, инчунин барои  ба тарзи ҳаёти солим баргардондани онҳо имконият фароҳам оварда шуд.
— Барои 59 нафар, ки аз ғояҳои экстремистӣ баргашта,  ба ҷомеа комилан мутобиқ гардиданд, хулосаҳо омода карда, аз базаи ягонаи маълумот хориҷ карда шуданд, — гуфт сардори Раёсати корҳои дохилии вилоят Шӯҳрат Алиев. — Барои барқарорсозии иҷтимоии шаҳрвандоне, ки қурбони ғояҳои экстремизми динӣ гаштаанд ва ба ҳаёти солим баргардонидани онҳо як қатор чораҳои амалӣ андешида шуданд. Дар натиҷа, дар 9 моҳи соли равон дар ҷараёни иҷтимоикунонии 281 нафар ниёзманди ҳифзи иҷтимоӣ ва 1134 аъзои оилаи онҳо 381 мушкилот муайян карда шуд, ки 365-тои онҳо дар ҷойи худ ҳалли худро ёфтанд.
Мушкилоти марбут ба таъмири 1 хона, 13 шуғл, 20 ёрии тиббӣ, 1 ҷудо кардани қарзи бонкӣ, 1 соҳибкорӣ, 2 ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ва 12 шиносномаи шаҳрвандӣ ҳалли худро ёфтанд. Ғайр аз ин, ба 303 оила ба маблағи 611 миллиону 249 ҳазор сӯм ёрии моддӣ расонда шуд.
— Ҳамзамон, тибқи барномаи махсус, дар моҳҳои июл-сентябр ба 69 нафаре, ки ба кӯмаки иҷтимоӣ ва маънавӣ ниёз доранд, ба маблағи 273,9 миллион сӯм кӯмакҳои гуногун расонда шуданд, — гуфт роҳбари котиботи равобит бо ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва динии ҳокимияти вилоят Акбар Рустамов. — Аз ҷумла, 23 нафар ба маблағи 44 миллион сӯм кӯмаки молиявӣ, 11 нафар мошинҳои дӯзандагӣ, 6 нафар чорвои калони шохдор ва 11 нафар чорвои майда гирифтанд. Барои 2 шаҳрванд гармхона сохта шуд. Ғайр аз ин, аз ҳисоби барнома дар самтҳои  омӯзиши касбӣ, додани ҷиҳозҳои техникаи маишӣ, пардохти қарзи коммуналӣ маблағ ҷудо карда шуд.

Зариф КОМИЛОВ,
мухбири ӮзА.     

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: