«БАЪДИ МУРДАН ХОҲ ОЮ, ХО(Ҳ) НАЁ»

Гузориш аз ташрифи ҳунарпешагони Театри давлатии академӣ-драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутии Тоҷикистон

Баъд аз барқарор шудани муносибатҳои дипломатии ҷумҳуриҳои бародари Ӯзбекистон ва Тоҷикистон як қатор созишномаҳо ба имзо расид, ки дар асоси  ҳамкориҳои иқтисодӣ, маданӣ, тандурустӣ, сайёҳӣ ба роҳ монда шуд. Дар доираи ҳамкориҳои маданию маърифатӣ ташкили муттасили рӯзҳои адабиёт ва санъат дар ду ҷумҳурӣ ба ҳукми анъана даромад. Дар санаи 12 январи соли ҷорӣ Театри давлатии академӣ-драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутии Тоҷикистон дар шаҳри Тирмиз меҳмони Театри мусиқӣ-драмавии вилояти Сурхондарё гардид.
Тазаккур бояд дод, ки ин ду театр се сол боз дар асоси меморандуми ба имзорасида ҳамкорӣ менамоянд. Ҳамкориҳои тарафайн натиҷаҳои судбахш ба бор оварданд. Ду сол қабл ҳунарпешагони Театри мусиқӣ-драмавии вилояти Сурхондарё ба шаҳри Душанбе ташриф оварда, дар Театри давлатии академӣ-драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ асари драматурги бойсунӣ, шодравон Холиқ Хурсандов «Қайсар чолнинг қилиғи»-ро ба намоиш гузошта буданд. Спектакли мазкур аз ҷониби тамошобинон ва мутахассисони соҳа хуш пазируфта шуд. Ҳунарпешагони Театри давлатии академӣ-драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ тасмим гирифтанд, ки асари мазкурро тарҷума намуда, бо номи «Баъди мурдан хоҳ ою, хо(ҳ) наё» рӯйи саҳна бароранд. Ва ҳамин тавр ҳам шуд. Ҳунарпешагони касбии театри мазкур нақшҳои худро хеле хуб иҷро намуда, ба ҳадафи хеш расиданд. Дар тӯли ду сол асари мазкур 54 маротиба дар театрҳои Тоҷикистон ва борҳо дар шабакаҳои телевизионии ҷумҳурӣ ва маҳаллӣ ба намоиш гузошта шуд ва аз ҷониби мухлисон хуш истиқбол гардид. Инак, асар бори аввал дар хориҷи кишвар, яъне дар ватани нависанда Холиқ Хурсандов – шаҳри Тирмизи вилояти Сурхондарё ба намоиш гузошта мешавад.
Аз ташрифи ҳунарпешагон он рӯз қасри санъати Тирмизшаҳр ба иди ҳақиқӣ табдил ёфт. Намояндагони аҳли санъат, фаъолони Маркази миллӣ-мадании тоҷикони вилояти Сурхондарё ва дигар марказҳои миллӣ-маданӣ, донишҷӯёни бахши тоҷикии факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии Тирмиз ва дигар мухлисони театр баҳри тамошои спектакл ҳозир шуда буданд. Меҳмонон бо нону намак пешвоз гирифта шуданд ва зери оҳангу суруди дӯстӣ дар иҷрои санъаткори хушовоз Фаридуни Насриддин – писари ҳофизи номӣ, Ҳофизи халқии Тоҷикистон Хайруллоҳи Насриддини Бойсунӣ меҳмонону мизбонон якҷоя рақсу бозӣ намуда, вориди қасри санъат гардиданд. Ба мо даст дод, ки то фурсати омодашавии ҳунарпешагон ба намоиши саҳна бо раҳбари гурӯҳи сафари ҳунарӣ, директори Театри давлатии академӣ-драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ, ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Абдукарими Машраб ва сармутахассиси Раёсати санъати Вазорати фарҳанги Тоҷикистон Тоҳир Мамадризоев суҳбат ороста, дар бораи комёбиҳои театри мазкур маълумот ба даст оварем.
Чунон ки Тоҳир Мамадризоев изҳор дошт, театр дар Тоҷикистон аввалин театри касбӣ маҳсуб шуда, 95 сол қабл ташкил ёфтааст ва соли 1939 номи Театри давлатӣ-драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутиро ба худ гирифтааст ва ҳамагон онро бо ифтихор модари театри тоҷик ном мебаранд. Дар театри мазкур санъаткорони варзида ва маълуму машҳури Тоҷикистон ба монанди Муҳаммадҷон Қосимов, Миркарим Саидов, Аслӣ Бурҳонов, Туҳфа Фозилова, Мушаррафа Қосимова, Шамсӣ Қиёмов, Гулчеҳра Бақоева, Маҳмудҷон Воҳидов, Ато Муҳаммадҷонов, Ҳошим Гадоев, Майрам Исоева, Баҳодур Миралибеков, Гурминҷ Завқибеков, Ибодулло Машрабов, Асалбек Назриев, Бурҳон Раҷаб, Исо Абдурашидов ва дигарон кору фаъолият карда, бо нақшҳои нотакрору мондагори   худ номи театр ва санъати тоҷикро баланд бардоштаанд. Назокату нафосати санъати шарқона – тоҷиконаро ба оламиён намоиш додаанд. 
– Мо аз дидор ва суҳбати ҳамзабонони ӯзбекистонӣ ва бародарони арҷманди ӯзбек шоду масрурем, – гуфт зимни суҳбат Тоҳир Мамадризоев. – Барои ин пеш аз ҳама ба раисҷумҳурони ҳар ду кишвар арзи сипос менамоям, ки дари чунин имкониятҳоро ба рӯйи мо боз намуданд. Ҳоло 16 нафар ҳунарпешагони касбии театр ба ин ҷо омаданд, то ки асари «Қайсар чолнинг қилиғи»-ро ба намоиш гузоранд. Асар аз тарафи коргардони театрамон Асалбек Назриев ба тоҷикӣ тарҷума шуда, мувофиқи завқу диди тарҷумон ва коргардон «Баъди мурдан хоҳ ою, хо(ҳ) наё» ном гирифтааст. Ин асар дар муддати хело кӯтоҳ дар Тоҷикистон маъруфият пайдо намуд. Умед мекунем, ки намоиши он ба мухлисони ӯзбекистонӣ низ писанд меояд. Баъд аз ҳунарнамоӣ дар Тирмиз сафарамонро ба шаҳри бостонии Самарқанд идома медиҳем ва 14 январ дар театри мусиқӣ-драмавии вилояти Самарқанд асари мазкурро ба саҳна мегузорем.
Вақте ки дар хусуси вазъи кунунии театри тоҷик пурсон шудем, директори театр Абдукарим Машраб чунин посух дод:
– Шукр, муносибати мардуми тоҷик ба санъат, адабиёт ба куллӣ тағйир ёфтааст. Мардум ба театр беш аз пеш рӯ овардаанд. Аз намоиши зиндаи саҳнавӣ кунун халқи тоҷик бефарқ нестанд. Мо ҳам кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки мувофиқи талабу хоҳиш, шавқу завқ, зеҳну фаҳмиши онон асар, нақшҳо офарем. Гумони ғолиби ман он аст, ки тамошобини имрӯза баробари серталаб будан қадршинос ҳам ҳаст. Хидматҳои аҳли санъатро дуруст арзёбӣ мекунад, таҳлил менамояд ва қадр месозад. Ҳоло мо дар Ӯзбекистон сафар дорем. 21 январ театри ба номи Ато Муҳаммадҷони шаҳри Бохтар бо сафари ҳунарӣ барои намоиши спектакли «Зол ва Рудоба» ба Эрон сафар хоҳад кард.
– Аз ташрифи меҳмонони азизи тоҷикистонӣ сарамон ба осмон расид, – гуфт директори Театри мусиқӣ-драмавии вилояти Сурхондарё Муяссар Қарақулова. – Мо ба Тоҷикистон сафар намуда, шоҳиди воқеаҳои таърихӣ гардидем. Ба самимият, меҳмондорӣ, ҳунарнамоии санъаткорони касбии Тоҷикистон мафтун шудем. Инак, онҳо бо ташрифи худ моро хурсанд месозанд. Боварӣ дорам, ки ҳамкориҳои судбахши мо дар оянда низ идома хоҳад ёфт. 
Ниҳоят, намоиши саҳнавии «Баъди мурдан хоҳ ою, хо(ҳ) наё» ҳам оғоз ёфт... Асалбек Назриев дар саҳна пайдо мешавад ва бо ҳасрат ба забон меояд:
Эй бародар, хоки поят тӯтиё,
Гар ту моро дӯст медорӣ биё.
Эътиқоди мову ту дар зиндагист,
Баъди мурдан хоҳ ою, хо(ҳ) наё.
Мо – тамошобинон намоиши зиндаи саҳнавиро бо завқ тамошо мекардем. Дар рафти намоиш гоҳ чашмонамон тар мешуду гоҳ дар лабонамон қаҳ-қаҳаи ханда гул мекард. Саҳна аз лаҳзаҳои ҳаяҷонбахш бой буд.
Нақшҳои асосиро ҳунарпешагони халқии Тоҷикистон Асалбек Назриев (дар нақши падар – Мавлон), Ортиқи Қодир (дӯсти Мавлон – Авазбек) ва Саодат Азизова (дар нақши модар – Холдона) ва нақши раиси маҳалларо Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Муҳаммадӣ Мирзоалиев иҷро намуданд. 
– Халқи тоҷику ӯзбек аз азал дӯсту бародаранд, – гуфт Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Ортиқи Қодир. – Моро аз ҳамдигар ҳеч кас ҷудо карда наметавонад. Маросиму анъанаҳоямон, санъату ҳунарамон, тарзи либоспӯшиамон, таоми миллиамон ҳам якест. Он қадар омехта шудаем, ки якеро аз дигарамон фарқ кардан мушкил. Ана ҳамин намоиши имрӯза ҳам намунае аз анъанаҳои хоси мо – мардуми тоҷику ӯзбек аст.
– Аз намоиши асар таассуроти хеле хуб бардоштем, – гуфт зимни суханронии хеш олим, шоир, тарҷумон ва нафақахӯри 88-сола Юсуф Вализода Дарбандӣ. – Дар ин намоиш лаҳзаҳои бисёр ҳам муҳими ҳаёти инсонӣ ба саҳна гузошта шудааст. Анъана, расму оини халқҳои тоҷику ӯзбек ҳам муштараканд.
Вақте намоиш ба анҷом расид, ба меҳмонон гулу гулдастаҳо тақдим карда шуд. Онҳо низ туҳфаи хотиравии хешро ба ҷамоаи Театри мусиқӣ-драмавии вилояти Сурхондарё тақдим намуданд. Намоиши хотирмон дар шоми дӯстӣ, бешак, баҳри таҳкими дӯстии халқҳо, ибрат гирифтани ҷавонон, фарзандон нақши муҳим дорад.
 
Олим ПАНҶИЗОДА,
хабарнигори «Овози тоҷик» 
дар вилояти Сурхондарё.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: