МАСЪУЛИЯТИ БАЛАНДИ КИРМАКПАРВАРОН

Дар аксари шаҳру навоҳии вилояти Қашқадарё мавсими парвариши кирми пилла оғоз ёфтааст.

Аз ҷумла кирмакпарварони ноҳияи Яккабоғ дар соли ҷорӣ ният доранд, ки ба хазинаи давлат 361 тонна пилла биспоранд. Айни ҳол 17 хоҷагии фермерии ноҳия ва як зумра оилаҳои хоҳишманд иҷ-рои ин масъулияти баландро бар зимма гирифтаанд. Онҳо 5621 қуттӣ кирми пилларо байни худ тақсим намудаву ба парвариш машғул ҳастанд. Аз барои дилгармӣ ба ҳар кирмакпарвар 250 ҳазор сӯм пешпардохт супорида шудааст. 
Раҳбарияти ноҳия умедвор аст, ки соҳибони ин касби пурифтихор чун ҳамеша аз ӯҳдаи вазифаи худ хоҳанд баромад. Сарварони секторҳо муваззаф гардидаанд, ки зуд-зуд ба маҳалҳо рафтаву аз ҳоли пиллапарварон хабар гиранд ва дар ҳалли мушкилоти рӯзмар-раи онҳо мусоидат намоянд. 

Шариф ХАЛИЛ, 
хабарнигори 
«Овози тоҷик» дар вилояти Қашқадарё.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: