Сардори ситоди артиши Ҳиндустон бори аввал ба Ӯзбекистон омад

15 апрел сафари чоррӯзаи сардори ситоди артиши Ҳиндустон генерал Манож Панде ба Ӯзбекистон оғоз шуд.

Намояндаи баландмартабаи армияи Ҳиндустон дар Вазорати мудофиаи Ӯзбекистон пазируфта шуд, хабар медиҳад, АИ “Дунё”. 

Зимни мулоқот бо муовини якуми вазири мудофиа – сардори Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи Ӯзбекистон генерал-майор Шуҳрат Ҳалмуҳаммадов ҷонибҳо дурнамои ҳамкориҳои ҳарбӣ миёни ду кишвар, инчунин рафти марҳилаи панҷуми машқҳои муштараки низомӣ, ки имрӯз дар тамрингоҳи Тирмиз оғоз шуд, баррасӣ карданд.

Баъди гуфтушунид аъзои хайати вакилони Хиндустон музеи давлатии Қувваҳои Мусаллаҳро тамошо карда, бо экспонатҳои таърихии дар ин ҷо маҳфузбуда шинос шуданд.

Интизор меравад, ки генерал Манож Панде дар ҷараёни боздидаш дар ифтитоҳи озмоишгоҳи технологияҳои иттилоотӣ, ки бо кумаки Ҳинд дар Академияи Қувваҳои Мусаллаҳи Ӯзбекистон созмон дода шудааст, ширкат кунад. Вай дар тамрингоҳи “Тирмиз” панҷумин тамриноти низомии Ӯзбекистону Ҳинд “Дӯстлик-2024”- ро мушоҳида мекунад ва аз Самарқанди бостонӣ дидан мекунад.

Генерали артиши Қувваҳои Мусаллаҳи Ҳиндустон ҳамчунин ба хотираи Сарвазири собиқи Ҳиндустон Лаъл Баҳодур Шастрӣ эҳтиром гузошта, аз Боғи Ғалаба дар Тошканд боздид намуда, саҳми арзандаи Ӯзбекистонро дар пирӯзӣ дар Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ қайд мекунад.

Матбуоти Ҳинд қайд мекунад, ки сафари генерал Манож Панде ба Ӯзбекистон қадами муҳим дар таҳкими ҳамкориҳои дифоъӣ миёни Тошканд ва Деҳлӣ хоҳад буд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: