12 июн дар Қазоқистон рӯзи мотами миллӣ эълон шуд

Президенти Қазоқистон Қосим-Ҷомарт Тоқаев, ки дирӯз ба вилояти Абай омад, ба хонавода ва наздикони кормандони хоҷагии ҷангал, ки бар асари сӯхтори густарда дар мамнӯъгоҳи “Семей Ормани” ҳалок шудаанд, изҳори ҳамдардӣ кард ва ҳамчунин эълом кард, ки 12 - Рӯзи мотами миллӣ.

Ба гузориши агентии хабаргузории давлатии “Казинформ”, бар асари сӯхтор дар вилояти Абай 14 ҷангалбон ба ҳалокат расиданд. Бар асари сӯхтор дар минтақа 316 нафар эвакуатсия карда шуданд, хабар медиҳад АИ"Дунё".

Дар ҳудуди хоҷагии ҷангали Батпаев сӯхтори дарахтон дар майдони пешакӣ 0,3 гектар ба амал омад. Барои хомӯш кардани сӯхтор як чархбол оварда шуд. Илова бар ин, барои хомӯш кардани сӯхтори ҷангал наҷотдиҳандагон аз се минтақа сафарбар шудаанд. Майдони пешакии сӯхтор аллакай беш аз 60 ҳазор гектарро ташкил медиҳад.

Баъдан, барои мубориза бо сӯхтор наҷотдиҳандагон аз Алмаато, вилоятҳои Алмаато, Қарағанда ва вилояти Жетисой ба ҷои ҳодиса фиристода шуданд.

Президенти Қазоқистон сафари расмии худро ба Ветнам, ки ба 11-13 июн ба нақша гирифта шуда буд, ба якчанд рӯзи дигар мавқуф гузошт.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: