МЕЪЁРҲОИ АСОСИИ АРЗЁБИИ ФАЪОЛИЯТИ ХИДМАТЧИЁНИ ДАВЛАТӢ

Ғояи Президентамон дар бораи он, ки мақомоти давлатӣ бояд ба халқ хидмат кунанд, ба тарзи ҳаёти мо ҳарчи фаъолтар ворид мешавад.

Ғояи Президентамон дар бораи он, ки мақомоти давлатӣ бояд ба халқ хидмат кунанд, ба тарзи ҳаёти мо ҳарчи фаъолтар ворид мешавад. Имрӯз мулоқот бо халқ меъёри асосии баҳодиҳӣ ба фаъолияти хидматчиёни давлатӣ ба ҳисоб меравад.
Аз ин нуқтаи назар, боз як ҳуҷҷати дигари муҳим Фармони Президент «Дар бораи Барномаи давлатии татбиқи Стратегияи амал оид ба панҷ самти устувори рушди Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар солҳои 2017-2021 дар Соли дастгирии ҷавонон ва мустаҳкамсозии саломатии аҳолӣ» мебошад.
Фармон ҷорӣ намудани системаи самарабахш ва шаффофи интихоб, такмили ихтисос ва баҳодиҳӣ ба фаъолияти кадрҳоро дар хидмати давлатии шаҳрвандӣ пешбинӣ мекунад.
Ин ҷо саволе ба миён меояд: Низоми самарабахш ва шаффофи арзёбӣ дар хидмати давлатии шаҳрвандӣ чист?
Ба сифати меъёрҳои умумӣ инҳоро пешбинӣ кардан мумкин аст: мавҷудияти ҳавасмандгардонӣ барои кори самаранок ва босифати хидматчиёни давлатӣ; мутобиқати вазифаҳои хидматчиёни давлатӣ бо эҳтиёҷоти ҷомеа; муносибатҳои мусбӣ байни шаҳрвандон ва мансабдорони давлатӣ; шаффофияти фаъолияти мақомоти давлатӣ.
Ҳангоми арзёбии фаъолияти хидматчиёни давлатӣ диққати асосӣ ба низоми кор бо шаҳрвандон дода мешавад. Аз ҷумла, имрӯз дар кишвари мо ба нақша гирифта шудааст, ки фаъолияти хидматчиёни давлатӣ аз рӯи он, ки дар маҳаллаҳо чӣ гуна тағйирот ба амал меоянд, баҳогузорӣ карда шавад. Ин хидматчиёни давлатиро  водор месозад, ки бо мардум кор кунанд.
Президент Шавкат Мирзиёев дар ҷамъомад оид ба таъмини рушди устувори иқтисодӣ, ки 26 январи соли равон баргузор гардид, ба ин таваҷҷӯҳи махсус зоҳир намуд. Вай дар назди роҳбарони ҳамаи дараҷаҳо вазифа гузошт, ки вазъи маҳаллаҳоро дар минтақаҳои худ омӯзанд, нуқтаҳои рушдро муайян ва инкишоф диҳанд.
Албатта, муҳим аст, ки ин низоми кор бо қонуни амалкунанда муқаррар карда шавад. Дар натиҷа, ин тартиб аз нуқтаи назари ҳуқуқӣ пайдарпайӣ пайдо мекунад.
Дар лоиҳаи Қонун «Дар бораи хидмати давлатии шаҳрвандӣ» тартиби баҳогузорӣ ба фаъолияти хидматчиёни давлатӣ пешбинӣ шудааст. Аз ҷумла, низоми баҳодиҳии самаранокии фаъолият арзёбии ҳамаҷонибаи самаранокӣ ва натиҷабахшии фаъолияти мақоми давлатӣ ва ташкилот, фаъолияти давлатии шаҳрвандии онҳоро дар бар мегирад.
Мавзӯи баҳогузории самаранокии хидмати давлатӣ сатҳи ба даст овардани нишондиҳандаи асосии фаъолияти инфиродӣ мебошад, ки бинобар натиҷаи давраи ҳисоботӣ муқаррар карда шудааст. Давраи ҳисоботиро мақомот ва ташкилотҳои давлатӣ дар асоси хусусиятҳои нишондиҳандаи асосии фаъолият муқаррар мекунанд. Аломатҳои пешгӯишавандаи нишондиҳандаҳои асосии кор аз ҷониби корманди баҳо додашуда якҷоя бо роҳбари бевоситаи худ баррасӣ карда мешаванд.
Арзёбии фаъолияти хидматчии давлатии шаҳрвандӣ бевосита аз ҷониби роҳбарон дар асоси сатҳи инфиродии ноил шудан ба нишондиҳандаи асосии фаъолият дода мешавад. Мувофиқи сатҳи нишондиҳандаи асосии фаъолияти инфиродӣ, яке аз чунин баҳоҳо гузошта мешавад: «намунавӣ», «аъло», «хуб», «қаноатбахш», «паст».
Тартиби татбиқи низоми арзёбии самаранокии фаъолияти хидматчии давлатии шаҳрвандиро мақоми ваколатдор оид ба хизмати давлатии шаҳрвандӣ тасдиқ мекунад.
Ин чунин маъно дорад, ки агар меъёри асосии арзёбии фаъолияти хидматчиёни давлатии шаҳрвандӣ мулоқот бо мардум бошад, пас ҷорӣ намудани ин низом дар асоси як барномаи давлатӣ ба манфиати мардуми мо хизмат хоҳад кард.

Дилмурод  ОРТИҚОВ,
муаллими калони кафедраи Ҳуқуқи маъмурӣ ва молиявии  ДДЮТ.
ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: