ТАРОНАҲОИ ХАЛҚӢ

Баҳор омад, гулистон мушкбор аст,

Зи ҳусни лола саҳро зарнигор аст.
Баҳор омад, гулу булбул ҳамоғӯш,
Чаман дар базми гул оташнисор аст.

           ***
Баҳор омад, баҳори боғу гулшан,
Қабои сабз дорад кӯҳу барзан.
Вале боғи дили ман заъфаронист,
Ба ёди як баҳори сабздоман.

 

 

ГУЛБАРФ 
Боз омадӣ бар ин Ватан, хуш омадӣ, гулбарфи ман,
Аз мақдамат олам чаман, хуш омадӣ, гулбарфи ман.

Овар хабар бар насли нав, аз файзҳои фасли нав,
Ай, байрақи дашту даман, хуш омадӣ, гулбарфи ман.

Аз партават рақсон шавам, бо бахт ҳамдастон шавам,
Оғози ҳар як анҷуман, хуш омадӣ, гулбарфи ман.

Саҳро шавад гулшан зи ту, дунё шавад рӯшан зи ту,
Оромбахши ҷону тан, хуш омадӣ, гулбарфи ман.

Аз бӯйи ту гаштам ҷавон, аз баргҳоят – шодмон,
Ай, ғунчалаб, ай гулбадан, хуш омадӣ, гулбарфи ман.

Солест, пазмони туям, дар шавқи эҳсони туям,
Бо нури рухсори ҳасан, хуш омадӣ, гулбарфи ман.

Қалби Саодат метапад аз хубии рухсори ту,
Ай зеби гулҳои чаман, хуш омадӣ, гулбарфи ман.

Саодат САНГИНОВА,
вилояти Сурхондарё.

 

ОМАДАНАШ ФАРРУХУ ФАРХУНДА БОД!

Дар Самарқанд бо иштироки шахсони масъули вобаста ба  тайёрӣ ва дар  сатҳи баланд  гузаронидани ҷашни Наврӯзи оламафрӯз ҷамъомади бошукӯҳи фарҳангӣ баргузор гардид. 

Чорабиниро ҷонишини ҳокими вилоят, раиси Садорати сайёҳӣ ва  мероси фарҳангӣ Рустам Қобилов ҳусни ифтитоҳ бахшида таъкид намуд, ки имсол дар Самарқанд  ҷашни Наврӯзи Аҷам бояд дар  сатҳи баланд гузаронида шавад. Зеро  сайёҳони хориҷӣ нисбат ба соли гузашта дучанд  хоҳад шуд. 
– Тантанаҳои  асосӣ дар  боғи «Ӯзбекистони Нав» хоҳад гузашт,– иттилоъ дод Рустам Қобилов, – дар  саҳнаҳои  идона  санъаткорон, эҷодкорон, аҳли  илму фарҳанг баромад мекунанд. 
Инчунин дар маҳалла ва  гузарҳо, мактабу кӯдакистон, корхонаву ташкилотҳои вилояти Самарқанд тадбирҳои фарҳангӣ, мусобиқаҳои варзишӣ, намоиши асарҳои  ҳунармандон, ярмаркаҳои фурӯши маводи озуқаворӣ ташкил хоҳад шуд. 
Дар  майдони Регистон, хиёбони  донишҷӯён, истироҳатгоҳи ба  номи Алишер Навоӣ, шаҳраки Фарҳод, Кимёгарон, амфитеатри «Мӯъҷиза» базму тараб ба  вуқӯъ  хоҳад  пайваст. 
Албатта  иштирокчиён ва фаъолони  тадбирҳо  бо мукофотҳои  муносиб сарфароз мешаванд. 
Омада  Наврӯз  ҳам  аз  бомдод, 
Омаданаш фарруху фархунда  бод!

Зоҳир ҲАСАНЗОДА, 
Вилояти САМАРҚАНД.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: