Ба олимон муяссар гардид, ки истеҳсоли гӯшти сунъиро арзон кунанд

Мутахассисон оид ба биотехнологияҳо аз Иёлоти Муттаҳида усули инноватсионии парвариши бофтаи мушакҳоро барои офаридани гӯшти сунъӣ пешниҳод карданд.

Таҷриба бо истифода аз ҳуҷайраҳои бунёдии мушакҳои гов гузаронида шуд ва дар натиҷа ин ҳуҷайраҳо мустақилона молекулаҳои FGF2 (гормони афзоиш) тавлид мекунанд. Ба шарофати ин генҳое, ки барои рушди ҳуҷайра бидуни истифодаи стимуляторҳои беруна, аз қабили гормони FGF2 масъуланд, фаъол карда шуданд.

Чунин равиш имкон дод, ки хароҷоти истеҳсоли маҳсулоти гӯштии сунъӣ кам карда шавад, зеро қисми зиёди хароҷот қаблан бо илова кардани омилҳои гуногуни афзоиш ба муҳити ғизоии ҳуҷайраҳои бунёдӣ алоқаманд буд, хабар медиҳад ТАСС.

Тадқиқотчиён ният доранд, ки барои зиёд кардани суръати парвариши гӯшт ва мутобиқгардонии усул барои дигар намудҳои маҳсулот, аз қабили гӯшти сунъии хук, мурғ ва моҳӣ таҷрибаҳои иловагӣ гузаронанд. Технологияи нав метавонад дар оянда бисёрҷонибатар ва васеъ татбиқ гардад.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: