ДАР БОРАИ БАРНОМАИ ДАВЛАТӢ ОИД БА ТАТБИҚИ СТРАТЕГИЯИ «ӮЗБЕКИСТОН–2030» ДАР «СОЛИ ДАСТГИРИИ ҶАВОНОН ВА ТИҶОРАТ»

Фармони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон

Ба мақсади дар соли 2024  самарабахш амалӣ намудани ислоҳоти васеъмиқёс, ки дар Стратегияи «Ӯзбекистон – 2030» муайян шудааст, пайваста идома додани чорабиниҳои низомнок, ки ба ноил шудан ба тағйироти мусбат дар ҳаёти ҳаррӯзаи мардум нигаронда шудааст, таъмини суръатҳои баланди афзоиши иқтисодӣ, ки аз тамоюлҳои «Иқтисодиёти сабз» асос меёбанд, беҳтар гардондани вазъи экологӣ, васеъ ҷорӣ кардани андозаҳои истифодаи оқилонаи захираҳои об ва дигари табиӣ, инчунин минбаъд такмил додани низоми идоракунӣ, ки ба манфиатҳои халқ нигаронда шудааст:
1. Аз 1 марти соли 2024 ба роҳбарони вазорату идораҳо, мақомоти ҳокимияти иҷроия дар маҳалҳо, корхона ва ташкилотҳо бо иштироки давлатӣ, ташкилотҳои таълими олӣ ҷавонони боистеъдод ва иқтидорнок, инчунин ба муносибати инфиродӣ эҳтиёҷманд, дар асоси «Баланси ҷавонон» мувофиқи қарори Комиссияи ҷумҳуриявӣ оид ба ҳамоҳангсозии масъалаҳои кор бо ҷавонон дар маҳаллаҳо вобаста карда шаванд. Дар баробари ин роҳбарони мазкур:
ҳар моҳ камаш як маротиба бо ҷавонони барояшон вобасташуда мулоқот анҷом дода, дар ҳалли мушкилот ва татбиқи неруи он, таъмини шуғл, дар ҳаёт пайдо намудани ҷойгоҳи худ бо роҳи омӯзиши касбҳои серталаб, инчунин баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва фарҳангии онҳо ҳамаҷониба мусоидат намоянд;
барои равона намудани маблағҳои ғайрибуҷавии ташкилотҳои дахлдор ва маблағҳои зарурӣ аз ҳисоби дигар манбаъҳо, ки қонунгузорӣ манъ накардааст, ба ҳаллу фасли мушкилот ва татбиқи иқтидори ҷавонони вобасташуда ба тартибе, ки Девони Вазирон муайян менамояд, иҷозат дода шавад.
Комиссияи ҷумҳуриявии ҳамоҳангсозии масъалаҳои кор бо ҷавонон дар маҳаллаҳо, Агентии оид ба кор бо ҷавонон (А. Саъдуллаев), инчунин вазорату идораҳо, ки ба онҳо ҷавонон вобаста карда шудаанд, барои иҷрои пурра, хушсифат ва бечунучарои банди мазкур масъул мебошанд.
2. Ба мақсади боз ҳам пурра татбиқ намудани иқтидор, истеъдод ва ташаббусҳои ҷавонон дар доираи «Олимпиадаҳои панҷ ташаббус»:
аз 1 марти соли 2024 дар сатҳи баланд дар низоми маҳалла, муассисаҳои таълимӣ, корхона ва ташкилотҳо озмунҳо барои донистани забонҳои хориҷӣ («Ибрат фарзандлари»), мусобиқаҳо оид ба киберспорт, инчунин бозиҳои интеллектуалии «Заковат» бо фонди ҷоизавии 600 миллион сӯм ташкил карда шаванд;
дар амал Агентии оид ба кор бо ҷавонон ва ҳокимиятҳои маҳаллӣ бояд таҷрибаи аз ҳисоби маблағи Фонди «Дафтари ҷавонон» ҷорӣ намудани амалиёти  дар ҳудудҳои худ бо устохонаҳои муҷаҳҳаз таъмин намудани писарон ва духтаронро, ки ғолибони озмуни касб шудаанд, ба роҳ монанд.
Агентии оид ба кор бо ҷавонон (А. Саъдуллаев) барои иҷрои пурра, хушсифат ва бечунучарои банди мазкур масъул муайян карда шавад.
3. Пешниҳоди Агентии оид ба кор бо ҷавонон, Вазорати экология, ҳифзи муҳити зист ва тағйирёбии иқлим, инчунин Вазорати иқтисодиёт ва молия дар бораи ҷорӣ кардани тартиби дар асоси озмун ҷудо кардани маблағ дар марҳилаи аввал то 200 баробари миқдори андози базавии ҳисоб барои 100 лоиҳаҳои волонтёрӣ дар чунин соҳаҳои аз ҷиҳати иҷтимоӣ муҳим, аз қабили экология ва тарғиби тарзи ҳаёти солим маъқул дониста шавад.
4. Ба мақсади васеъ оммавӣ гардондани соҳибкорӣ дар байни ҷавонон ва фароҳам овардани имкониятҳои иловагӣ барои шуғл варзидан бо тиҷорат:
а) камаш 40 фоизи қарзҳо, ки дар доираи барномаи соҳибкории оилавӣ  ҷудо карда мешаванд, барои рушди соҳибкории ҷавонон равона карда шаванд;
б) аз 1 июни соли 2024 амалиёти гузарондани озмунҳои «Соҳибкори ҷавон» ҷорӣ карда шавад, ки инҳоро пешбинӣ менамояд:
аз ҷониби Агентии оид ба кор бо ҷавонон баргузор намудани интихоби лоиҳаҳои тиҷорати истиқболнок ва ғояҳои ҷавонон дар марҳилаҳои «Маҳалла – ноҳия – вилоят – ҷумҳурӣ». Дар баробари ин ба лоиҳаҳо ва ғояҳои соҳибкорони ҷавони имконияташон маҳдуд эътибори алоҳида дода мешавад;
то 1000 баробари миқдори андозаи базавии ҳисоб ҷудо намудани вомҳои имтиёзнок барои ҳар як лоиҳа, ки дар зинаи ҷумҳуриявӣ аз марҳилаи интихоб гузаштааст;
барои такмили ихтисос дар давлатҳои хориҷӣ равона намудани муаллифони лоиҳаҳои тиҷоратӣ ва ғояҳо, ки ғолиб гардиданд, аз ҳисоби Фонди дастгирии соҳибкорони ҷавон.
Агентии оид ба кор бо ҷавонон (А. Саъдуллаев), Палатаи савдою саноат (Д. Ваҳобов) ва Ассотсиатсияи ногироҳои Ӯзбекистон барои иҷрои пурра, хушсифат ва бечунучарои банди мазкур масъул муайян карда шаванд.
5. Аз 1 марти соли 2024 барномаи «Ду барномасоз аз ҳар як маҳалла» ҷорӣ карда шавад.
Дар ин бобат муқаррар карда шавад, ки дар доираи барномаи мазкур:
таҷрибае ҷорӣ карда мешавад, ки мувофиқи он пешвоёни ҷавонон дар маҳаллаҳо бо иштироки фаъолони маҳаллаҳо ҷавононеро муайян менамоянд, ки ба технологияҳои иттилоотӣ ва барномасозии компутерӣ шавқу ҳавас доранд, омӯзиши забони англисӣ ва дигари хориҷӣ ва гирифтани сертификатро ташкил менамоянд, мунтазам дар бораи ҷавонони сертификатгирифта ба низоми махсуси иттилоотии Вазорати технологияҳои рақамӣ маълумот ворид менамоянд;
Вазорати технологияи рақамӣ, Вазорати шуғл ва коҳиш додани камбизоатӣ оид ба фиристодани ҷавонон, ки маълумот дар бораи онҳо ба низоми махсуси иттилоотӣ ворид шудаанд, ба ташкилотҳое, ки дар соҳаи IT фаъолият нишон медиҳанд, инчунин расондани кумак ба онҳо ҷиҳати бо кор таъмин намудан чораҳо меандешанд.
Ассотсиатсияи маҳаллаҳои Ӯзбекистон (Қ. Қуронбоев), Агентии оид ба кор бо ҷавонон (А. Саъдуллаев), Вазорати технологияҳои рақамӣ (Ш. Шерматов), инчунин Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, ҳокимияти вилоятҳо ва шаҳри Тошканд барои иҷрои пурра, хушсифат ва бечунучарои банди мазкур масъул муайян карда шаванд.
6. Аз 1 марти соли 2024:
амалиёти равона намудани маблағи Фонди «Дафтари ҷавонон» ба омӯзондани забонҳои хориҷӣ ва касбҳо ба ҷавонон ҷорӣ карда шавад;
платформаи махсуси «Устоз» оид ба омӯзиши ҷавонон ба касбҳои замонавӣ ба роҳ монда шавад, ки ба воситаи он дар марҳилаи аввал фарогирии 150 ҳазор ҷавонон таъмин карда шавад;
платформаи «Академияи духтарон» оиди ба бонувони ҷавон ва духтарон омӯзондани чунин касбҳои замонавӣ, аз қабили соҳибкорӣ, маркетинг ва дизайни графикӣ ба роҳ монда, ба воситаи он барои онҳо озмунҳои мухталиф, лоиҳаҳо, лагерҳои таълимӣ ва коромӯзӣ ташкил карда шаванд.
Вазорати шуғл ва коҳиш додани камбизоатӣ (Б.Мусаев), Кумитаи оила ва занон (О. Парпибоева) ва Агентии оид ба кор бо ҷавонон (А. Саъдуллаев) барои иҷрои пурра, хушсифат ва бечунучарои банди мазкур масъул муайян карда шаванд.
7. Ба мақсади фароҳам овардани шароитҳои мусоидтарин барои тиҷорат ҳамчун омили асосии рушди иқтисодиёти миллӣ дар доираи «Барномаи дастгирии тиҷорат» то охири соли 2024 фароҳам овардани шароитҳои зарурӣ оид ба инҳо таъмин карда шавад:
ба шуғл варзидан бо тиҷорат ҷалб намудани 2 миллион шаҳрванд бо роҳи татбиқи маҷмӯи чораҳои дастгирӣ;
бо шуғл таъмин намудани 5 миллион шаҳрванд бо роҳи созмон додани ҷойҳои нави корӣ.
Муовини Сарвазир Ҷ. А. Қӯчқоров барои иҷрои пурра, босифат ва бечунучарои банди мазкур масъул муайян карда шавад.
8. Аз 1 июли соли 2024 сар карда нисбат ба корхонаҳое, ки бо брендҳои маъруфи байналмилалӣ истеҳсолотро оғоз мекунанд:
тартиби пӯшондани хароҷот барои ҷорӣ намудани андозаҳои байналмилалӣ ва сертификатҳои экологӣ ҷорӣ карда шавад;
аз боҷи гумрукӣ тамоми намудҳои ашёи хом, ки барои маҳсулот заруранд, таҳти брендҳои маъруфи байналмилалӣ истеҳсол мешаванд, бо шарти расондани ҳиссаи маҳаллигардонӣ ҳадди ақалл то 60 фоиз озод карда шавад;
ситондани пардохт барои додани тасдиқ ҷиҳати ҳуқуқи амалӣ намудани фаъолияти меҳнатӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо мутахассисони ҷалбшудаи брендҳои маъруфи байналмилалӣ, аз қабили технологҳо, дизайнерҳо, маркетологҳо бекор карда шавад. 
Палатаи савдову саноат (Д. Ваҳобов) ва Вазорати сармояҳо, саноат ва савдо (Л. Қудратов) барои иҷрои пурра, хушсифат ва бечунучарои банди мазкур масъул муайян карда шаванд.
9. Аз 1 майи соли 2024 таҷрибаи муайян намудани пардохту боҷҳои нави ҳатмӣ барои шаҳрвандон ва субъектҳои соҳибкорӣ танҳо тибқи қонун ҷорӣ карда шавад.
10. Дар доираи Барномаи давлатии татбиқи Стратегияи «Ӯзбекистон–2030» дар «Соли дастгирии ҷавонон ва тиҷорат» (минбаъд – Барномаи давлатӣ), ки дар асоси пешниҳодҳои дар рафти муҳокимаи васеи ҷамъиятӣ пеш гузошташуда таҳия шудааст, инҳо тасдиқ карда шаванд:
нақшаи чорабиниҳои амалӣ барои соли 2024 дар қисмати самтҳо мувофиқи замимаҳои №№1-5;
феҳристи лоиҳаҳои ҳуҷҷатҳои меъёриву ҳуқуқӣ, ки дар қисмати самтҳо дар соли 2024 таҳия мешаванд, мувофиқи замимаҳои №№6-10.
Ҳамзамон ба эътибор гирифта шавад, ки нишондиҳандаҳои мақсаднок барои соли 2024 дар қисмати самтҳо бо қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 11 сентябри соли 2023 №ҚП-300 «Дар бораи чораҳо оид ба татбиқи босифат ва саривақтии Стратегияи «Ӯзбекистон – 2030» дар соли 2023 тасдиқ шудааст.
11. Дар доираи самтҳо оид ба фароҳам овардани шароити мусоид барои ҳар як инсон дар ба рӯйи об баровардани иқтидори ӯ дар соли 2024:
низоми мактабҳои президентӣ ва махсус бинобар арзёбии дониши иловагӣ дар 1000 муассисаҳои таълими умумии миёна ҷорӣ карда ва ҳиссаи машғулотҳои амалӣ аз рӯйи фанҳо то 60 фоиз зиёд карда шавад;
муоинаи профилактикии 6,7 миллион нафар дар синни 40 ва аз он боло ба мақсади муайян кардани хавфи касалиҳои дилу раг, диабети қанд ва бемориҳои музмини шуш ташкил карда шавад;
ба касбҳои замонавӣ омӯзондани 7,5 ҳазор писарон ва духтарон, пӯшондани хароҷот барои имтиҳонҳои 6 ҳазор ҷавонон, ки оид ба забонҳои хориҷӣ дар низомҳои имтиҳонии байналмилалӣ холҳои баландро ба даст овардаанд, таъмин карда шавад;
оиди ба варзиши оммавӣ ҷалб намудани 10 миллион нафар бо роҳи ташкили марафонҳо ва мусобиқаҳо аз рӯйи чунин намудҳои варзиш, аз қабили давидан, футбол, волейбол, тенниси рӯйи миз, шоҳмот, гӯштини миллӣ ва гӯштини камарбандӣ чораҳо андешида шаванд;
дар 15 марказҳои олимпӣ ва паралимпӣ ва 14 пойгоҳҳои варзишӣ дар шаҳри Тошканд, вилоятҳои Андиҷон ва Тошканд ба мақсади ба даст овардани на кам аз 140 литсензия барои бомуваффақият иштирок намудан дар Бозиҳои олимпӣ ва паралимпӣ, ки дар шаҳри Париж дар соли 2024 гузаронда мешаванд, тамоми шароити зарурӣ фароҳам оварда шавад.
Мутаносибан Вазорати таълими томактабӣ ва мактабӣ (Ҳ. Умарова), Вазорати нигаҳдории тандурустӣ (А. Худояров), Вазорати шуғл ва коҳиш додани камбизоатӣ (Б. Мусаев), Агентии оид ба кор бо ҷавонон (А. Саъдуллаев), Вазорати варзиш (А. Икрамов), Кумитаи миллии олимпии Ӯзбекистон (О. Қосимов) ва Кумитаи миллии паралимпии Ӯзбекистон (М. Тошхӯҷаев) барои иҷрои пурра, хушсифат ва бечунучарои банди мазкур масъул муайян карда шаванд.
12. Муқаррар карда шавад, ки:
а) аз соли таҳсили 2024/2025 сар карда:
ба тариқи озмоиш дар яке аз ноҳия (шаҳр)-и Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, вилоятҳо ва шаҳри Тошканд лоиҳаи «Мактаби ман» татбиқ карда шуда, дар доираи он ба мактабҳо ба миқдори 105 баробари андозаи асосии ҳисоб аз ҳисоби Буҷаи давлатӣ маблағ ҷудо карда ва истифодаи онҳо бинобар интихоби хонандагони синфҳои 5-11 ба чунин молҳои барои мактаб зарурӣ, аз қабили доскаҳои электронӣ, компутерҳо, ҷиҳозҳои варзишӣ, китобҳо муайян карда мешаванд;
низоми сертификатонии менеҷерии директорони муассисаҳои таълими  умумии миёна ҷорӣ карда мешавад. Дар баробари ин талаботи тахассусӣ нисбати директорон бояд мушаххас муайян карда шуда, аттестатсияи онҳо дар панҷ сол як маротиба гузаронда мешавад;
б) аз 1 январи соли 2025 дар муассисаҳои  таълими умумии миёнаи низоми Вазорати таълими томактабӣ ва мактабӣ иловапулии иловагии ҳармоҳа ба миқдори 50 фоизи ставкаи кадрҳои педагогӣ, ки сертификати сатҳи дахлдорро оид ба фанҳои забони модарӣ, адабиёт ва таърих, ки дар низоми арзёбии миллии Агентии арзёбии дониш ва ихтисоси назди Вазорати таълими олӣ, илм ва инноватсия гирифтаанд ва аз ин фанҳо дарс медиҳанд, дода мешавад.
Вазорати таълими томактабӣ ва мактабӣ (Ҳ. Умарова) барои иҷрои пурра, хушсифат ва бечунучарои банди мазкур масъул муайян карда шавад.
13. Аз 1 сентябри соли 2024 дар вилоятҳои Қашқадарё ва Сурхондарё ба тариқи озмоиш ҳаракати бепули автобус барои хонандагони мактабҳои миёнаи таълими умумӣ аз ноҳияҳои дурдаст дар асоси аутсорсинг ба роҳ монда шавад.
Ҳокимияти вилояти Қашқадарё (М. Азимов) ва ҳокимияти вилояти Сурхондарё (У. Қосимов) барои иҷрои пурра, хушсифат ва бечунучарои банди мазкур масъул муайян карда шаванд.
14. Ба муҳлати то охири соли 2024 бо назардошти эҳтиёҷот хосписҳо оиди расондани ёрии паллиативӣ ба беморони мубталои бемориҳои вазнини гематологӣ, онкологӣ ва клиникиву иммунологӣ дар марказҳои вилоятӣ, инчунин дар шаҳрҳои Тошканд ва Нуқус созмон дода шаванд.
Ҳамзамон таҷрибаи эълони грантҳои Фонди ҷамъиятии дастгирии созмонҳои ғайридавлатию ғайритиҷоратӣ ва институтҳои дигари ҷамъияти шаҳрвандии назди Олий Маҷлис барои лоиҳаҳо оид ба созмон додан, таҳкими пойгоҳи моддию техникӣ ва дастгирии доимии фаъолияти хосписҳо ҷорӣ карда шавад.
Раиси Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, ҳокимони вилоятҳо ва шаҳри Тошканд барои иҷрои пурра, хушсифат ва бечунучарои банди мазкур масъул муайян карда шаванд.
15. Вазорати тандурустӣ (А. Худояров):
а) ба муҳлати то 1 майи соли 2024 нақшаҳои омӯзиши инҳоро муайян кунад:
аз соли 2025 – сатҳи паҳншавии омилҳои хавфи бемориҳои ғайрисироятӣ дар байни аҳолии калонсол;
аз соли 2026 якҷоя бо Вазорати таълими томактабӣ ва мактабӣ (Ҳ. Умарова) – сатҳи паҳншавии истеъмоли маҳсулоти тамоку дар байни хонандагони мактабҳо ва ҳолати равонии онҳо;
б) ба муҳлати то 1 декабри соли 2024 якҷоя бо Вазорати технологияҳои рақамӣ (Ш. Шерматов) миқдори хидматҳои давлатиро дар соҳаи нигаҳдории тандурустӣ, ки ба воситаи Портали ягонаи хидматҳои интерактивии давлатӣ расонда мешаванд, аз 17 то 24 адад расонда,  дар доираи онҳо имконияти гирифтани маълумот дар бораи натиҷаҳои аз муоинаи онкологӣ, кардиологӣ ва эндокринологӣ гузаштани шаҳрвандон, инчунин дар бораи маблағҳое, ки барои муолиҷаи онҳо ҷудо карда мешаванд, фароҳам оварад.
16. Ба мақсади минбаъд такмил додани низоми дастгирии шаҳрвандон, ки ба ҳифзи иҷтимоӣ ниёз доранд:
дар соли 2024 зина ба зина низоми нави таъмини шахсони имконияташон маҳдуд бо маҳсулоти замонавии протезию ортопедӣ ва воситаҳои техникии офиятбахшӣ ҷорӣ карда шавад;
аз 1 сентябри соли 2024 тартибе ҷорӣ карда шавад, ки амалӣ намудани ҳаракатҳои вобаста ба гирифтани маблағи пулиро аз ҳисобсурати нафақаи инфиродии ғунгарданда, дар шакли проактивӣ – ҳангоми таъини нафақа, инчунин маълумот дар бораи имтиёзҳоро, ки ба шахсони маълул дода мешаванд – ҳангоми муқаррар намудани маъюбӣ пешбинӣ менамояд;
аз 1 декабри соли 2024 дар шаҳри Тошканд ба тариқи таҷриба амалиёти расондани хидмати иҷтимоӣ ба куҳансоли яккаву танҳо, ки танҳо зиндагӣ мекунанд ва шахсони ногиро аз ҳисоби маблағи Агентии миллии ҳифзи иҷтимоӣ ба воситаи ташкилотҳои ғайридавлатӣ, ки дар самти дахлдор фаъолият нишон медиҳанд, ҷорӣ карда шавад.
Агентии миллии ҳифзи иҷтимоӣ (М.Оллоёров) ва Вазорати иқтисодиёт ва молия (О.Фозилкаримов) барои иҷрои пурра, хушсифат ва бечунучарои банди мазкур масъул муайян карда шаванд.
17. Ба мақсади баланд бардоштани нуфузи байналмилалии мактаби варзишии атлетикаи вазнин дар соли 2024 Маркази атлетикаи вазнин дар шаҳри Чирчиқ барои созмон додани низоми кори инфиродӣ бо варзишгарони атлетикаи вазнини ҳамаи тоифаҳои синну сол ва ташкили омодагии касбии онҳо таъсис дода шавад.
Вазорати варзиш (А.Икрамов) ва Кумитаи миллии олимпии Ӯзбекистон (О.Қосимов) барои иҷрои пурра, хушсифат ва бечунучарои банди мазкур масъул муайян карда шаванд.
18. Дар доираи самти таъмини некуаҳволии аҳолӣ бо роҳи рушди иқтисодии устувор:
дар бобати таъмини суръати инкишофи маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар дараҷаи на камтар аз 6 фоиз, сармоя – на камтар аз 30 фоизи нисбати маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ чорабиниҳо андешида шавад;
дар соҳаҳои иқтисодиёт 309 лоиҳаи калон ба қимати 18 миллиард доллар ба кор андохта шавад;
инфлятсияи солона дар дараҷаи то 9 фоиз таъмин карда шуда, дефитсити фискалӣ – то 4 фоиз, дар бобати дар оянда коҳиш додани нишондодҳои инфлятсия ва дефитсити Буҷети давлатӣ чорабиниҳо андешида шавад;
ба соҳаи иқтисодиёт равон намудани 275 триллион сӯм захираи кредит, аз он ҷумла хидматрасонии микромолиявӣ дар ҳаҷми 41 триллион сӯм таъмин карда шавад;
дар асоси механизмҳои бозаргонӣ шароите фароҳам оварда шавад, ки барои 2-3 фоиз коҳиш додани банди ставкаи кредит, ки аз ҷониби бонкҳо дода мешавад, ногузир мебошад. 
Муовини Сарвазир Ҷ. Қучқоров  ва Бонки марказӣ (Б. Нурмуратов) барои иҷрои пурра, сифатнок ва бечунучарои банди мазкур масъул муайян карда шаванд.
19. Аз 1 апрели соли 2024 талаботи кооператсияи саноатӣ дар лоиҳаҳои калоне, ки аз ҳисоби манбаъҳои марказонидашуда дар доираи барномаи сармоягузории давлатӣ татбиқ мегарданд, ба амал ҷорӣ карда шавад.
Ҳамзамон рӯйхати маҳсулоте, ки барои азхудкунӣ ва хариди корхонаҳои давлатӣ дар доираи лоиҳаҳо тавсия дода мешавад,  ҳамчунин нақшаи ҷалби мутахассисони ватанӣ ва талабот ба онҳо  пешбинӣ карда шавад. 
Вазорати сармоя, саноат ва савдо (Л. Қудратов) ва Вазорати иқтисодиёт ва молия (Б. Хоҷаев) барои иҷрои пурра, сифатнок ва бечунучарои банди мазкур масъул муайян карда шаванд. 
20. Бо мақсади фароҳам овардани шароити муносиб барои гузаштан ба «иқтисодиёти сабз» ва афзудани саҳми манбаъҳои «энергияи сабз» дар ҷумҳурӣ:
а) дар муддати то 1 апрели соли 2024:
ташкили гардиши сертификатҳои «энергияи сабз» дар асоси принсипҳои бозаргонӣ таъмин карда шавад;
тартиби татбиқи лоиҳаҳо дар самти савдои байналхалқии газҳои зарарнок тасдиқ карда шавад;
б) давра ба давра аз 1 апрели соли 2024 низоми замонавии мониторинг, ҳисоботдиҳӣ ва верификатсия дар соҳаи тағйири иқлим (MRV) ва пойгоҳи маълумотҳо ба амал ҷорӣ карда шавад;
в) дар муддати то охири соли 2024 ба баҳрабардорӣ супурдани 6 неругоҳи бузурги офтобӣ бо иқтидори умумии 2700 МВт дар вилоятҳои Тошканд, Қашқадарё, Бухоро, Намангон ва Навоӣ бо иштироки сармоягузорони хориҷӣ таъмин карда шавад.
Вазорати иқтисодиёт ва молия (И. Норқулов) ва Вазорати энергетика (Ҷ. Мирзомаҳмудов) барои иҷрои пурра, сифатнок ва бечунучарои банди мазкур масъул муайян карда шаванд. 
21. Агентии идораи активҳои давлатӣ (А. Ортиқов) дар муддати як моҳ дар масъалаҳои зерин чорабиниҳои амалӣ андешад:
то 50 фоиз давра ба давра коҳиш додани нархи ибтидоии активҳои давлатие, ки дар савдои кушод дар зарфи беш аз се моҳ ба фурӯш нарафтааст;
фароҳам овардани шароит барои мӯҳлат ба мӯҳлат пардохтани 15 фоиз дар муддати се моҳ, қисми боқимонда дар муддати даҳ сол – дар сурате, ки агар қитъаҳои замин дар зарфи шаш моҳ фурӯхта нашуда бошад. 
22. Аз 1 апрели соли 2024 ба мақомоти хидмати гумрук вазифаи назоратӣ дар соҳаҳои карантин, ҳолати хуби санитарию эпидемиологӣ ва ветеринарӣ, ки бо расмӣ гардондани маҳсулоти меваву сабзавот ва озуқаворӣ дар гузаргоҳҳои гумрукии сарҳад алоқаманданд, дода шавад. 
Кумитаи гумрук (А. Мавлонов) барои иҷрои пурра, сифатнок ва бечунучарои банди мазкур масъул муайян карда шавад.
23. Аз 1 июли соли 2024 эътиборан бо мақсади куллан баланд намудани дараҷаи шаффофияти фаъолият ва минбаъд такмил додани идораи корпоративӣ дар корхонаҳо бо саҳми давлатӣ амалиёти ба ҷамъият кушоди ҳарсола то 1 июл ҳисоботи андоздиҳандагони бонуфуз, бо саҳми 50 фоизаи давлатӣ ва бештар аз он дар бораи ҳолати масъулияти иҷтимоии корпоративӣ (CSR) ва инчунин  идораи экологӣ, иҷтимоӣ ва корпоративӣ (ESG) татбиқ карда шавад.
Вазорати иқтисодиёт ва молия (Б. Хоҷаев) ва Агентии идораи активҳои давлатӣ (А. Ортиқов) барои иҷрои пурра, сифатнок ва бечунучарои банди мазкур масъул муайян  карда шаванд. 
24. Бо мақсади дастгирии тавлидгарони ватанӣ ва афзудани ҳаҷми содирот то 1 январи соли 2027 муҳлати истифодаи ставкаи сифрии боҷи гумруки воридотӣ барои молҳое, ки бинобар қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 20 октябри соли 2021 №ҚП «Дар бораи чорабиниҳо оид ба минбаъд вусъат додани истеҳсоли маҳсулоти қобили рақобат» пешбинӣ гаштааст, дароз карда шавад.
Вазорати иқтисодиёт ва молия (А. Я. Ҳайдаров) ва Кумитаи гумрук (А. Мавлонов) барои иҷрои пурра, сифатнок ва бечунучарои банди мазкур масъул муайян карда шаванд.
25. Дар доираи самти сарфаи захираи об ва ҳимояи муҳити зист чорабиниҳои зерин андешида шавад:
дар доираи лоиҳаи умумимиллии «Макони сабз» на камтар аз 200 миллион бех ниҳоли ороишӣ ва мевадиҳанда, бута, қаламча ва дар ҷумҳурӣ дар соли 2024 ба вуҷуд овардани 444 боғи сабз;
то 1 марти соли 2024 корҳо дар бобати бетонрезии каналҳои калони дарозиашон камтар аз 1,5 ҳазор километр дар доираи ҷудо намудани маблағи иловагӣ ба миқдори 500 миллиард сӯм аз Буҷети давлатӣ барои таъмири каналҳои об.
Муовини Сарвазир А. Раматов, Вазорати хоҷагии об (Ш. Ҳамроев), Палатаи ҳисобу китоб (А. Бобоев) ва Вазорати иқтисодиёт ва молия (И. Норқулов) барои иҷрои пурра, сифатнок ва бечунучарои банди мазкур мувофиқан масъул муайян карда шаванд. 
26. Дар доираи мубориза бар зидди тундбоди чанг ва коҳиш додани оқибатҳои манфии онҳо дар мамлакат:
а) аз 1 марти соли 2024 эътиборан: 
дар минтақаҳо таҷрибаи хабардор намудани аҳолӣ ҳангоми ба вуҷуд омадани туфони чангу ғубор ва муайян кардани ҳолатҳои аз меъёр зиёд гардидани таркиби қисмҳои майдаи онҳо дар ҳавои атмосфера, мунтазам аз чораҳои профилактикӣ хабардор намудани одамоне, ки аз бемориҳои дилу раг ва роҳҳои нафаскашӣ азият мекашанд ва инчунин дигар шаҳрвандоне, ки саломатии онҳо нисбати ифлос гардидани ҳаво ҳассосияти зиёд доранд;
талаботи ҳатмӣ барои бартарафсозӣ доир ба ҳаво бардошта шудани хоки чанг ва рег дар майдонҳои сохтмони ҳаҷмашон 500 метри мураббаъ ва бештар аз он, роҳҳои даромаду баромади онҳо;
дар шаҳри Тошканд нақлиёти автомобилие, ки барои боркашонӣ муқаррар гаштаанд ва ба тоифаҳои N2, N3, O4 дохил мешаванд – бо вазни ҳадди аксари иҷозатшудаи беш аз 10 тонна дар соатҳои пурравуо, манъ карда шавад. Ҳамзамон муайян карда шавад, ки маҳдудсозиҳои мазкур нисбат ба воситаҳои нақлиёти боркашони хидматҳои махсус, аз он ҷумла хоҷагиҳои коммуналӣ, ободонӣ ва Кувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Ӯзбекистон татбиқ намегарданд; 
б) то муддати соли 2030 марҳала ба марҳала истифодаи автомошинҳое, ки ба стандарти «ЕВРО-5» ва балантар аз он мутобиқ нестанд,  дар шаҳрҳои Тошканд, Нуқус ва марказҳои вилоятҳо маҳдуд карда шаванд.
Вазорати экология, ҳифзи муҳити зист ва тағйири иқлим (А. Абдуҳакимов), Вазорати тандурустӣ (А. Худоёров), Вазорати сохтмон  ва хоҷагии иқомативу коммуналӣ (Б. Зокиров) Вазорати корҳои дохилӣ (П. Бобоҷонов) ва Вазорати нақлиёт (И. Маҳкамов) мувофиқан барои иҷрои пурра, сифатнок ва бечунучарои банди мазкур масъул муайян карда шаванд. 
27. Пешниҳоди намояндагони ҷомеаи васеъ ва экофаъолон дар бораи татбиқи лоиҳаи ҷамъиятии «Рӯзи бе автомобил», ки ба кам кардани ҳаракати автомобилҳо (ба истиснои нақлиёти ҷамъиятӣ, махсус ва хидматҳои таъҷилӣ) дар шаҳри Тошканд дар зарфи 1 рӯзи корӣ ҳар моҳ нигаронда шудааст, дастгирӣ карда шавад, ки ба мақсади кам кардани таъсири манфии гази зарарноки автомобил ба экология андешида шудааст. 
Ҳамзамон роҳбарон ва дигар кормандони ҳокимияти иҷроияи мақомоти ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ, ки биноҳои онҳо дар шаҳри Тошканд воқеъ гаштаанд, бо роҳи ба воситаи нақлиёти ҷамъиятӣ ба ҷои кор омадан намунаи шахсӣ нишон диҳанд. 
Вазорати экология, ҳифзи муҳити зист ва тағйири иқлим (А. Абдуҳакимов), Вазорати нақлиёт (И. Маҳкамов) ва ҳокимияти шаҳри Тошканд (Ш. Умурзоқов) барои иҷрои пурра, сифатнок ва бечунучарои банди мазкур масъул муайян карда шаванд. 
28. Дар доираи самти таъмини волоияти қонун, ташкилотҳои идораи давлатӣ, ки барои хидмати халқ нигаронда шудаанд, дар муҳлати то 1 майи соли 2024:
бо мақсади ба ҷамъият гаравидани ҷавононе, ки ба роҳи бад даромадаанд, ҳамдастӣ намудан ба онҳо дар пайдо кардани ҷойгоҳи худ дар ҳаёт таҷрибаи аз ҳисоби пробатсионӣ хориҷ кардани ҷавонон, ки шартан пеш аз муҳлат  аз адои ҷазо дар асоси шафоати Иттиҳоди ҷавонон  озод шудаанд, ҷорӣ карда шавад ва инчунин куллан коҳиш додани асосҳо барои гузоштани онҳо ба ҳисоби профилактикӣ; 
фароҳам овардани имконоти муроҷиат намудан дар шакли электронӣ аз тариқи Портали ягонаи интерактивии хидматрасонии давлатӣ ба Хидмати бехатарии ҳаракати роҳ дар иртибот бо қарор ва хабардиҳӣ бинобар ҳолатҳои вайрон намудани қоидаи ҳаракати роҳ. 
Вазорати корҳои дохилӣ (П. Бобоҷонов), Агентӣ оид ба корҳои ҷавонон (А. Саъдуллоев) ва Вазорати технологияи рақамӣ (Ш. Шерматов) барои иҷрои пурра, сифатнок ва бечунучарои банди мазкур масъул муайян карда шаванд. 
29. Бо мақсади табдил додани маҳалла ба ҳалқаи такягоҳӣ дар муносибати байни мақомоти ҷамъиятӣ ва давлатӣ:
аз 1 апрели соли 2024 тартиби қабули лоиҳаҳо ба баҳрабардорӣ дар доираи «Буҷети ташаббусӣ» қатъиян пас аз дастрас намудани рухсати ташаббускорон, раис ва фаъолони маҳалла бинобар сифати корҳои иҷрогардида ҷорӣ карда шавад; 
дар муддати то 1 августи соли 2024 барои мақомоти худидораи шаҳрвандон имконоти аз мақомот ва ташкилотҳои давлатӣ дарёфт намудани маълумот дар бораи лоиҳаҳое, ки дар доираи «Буҷети ташаббусӣ» ба амал татбиқ мегардад, сари вақт талаб намудани ҷудо кардани маблағ дар ҳаҷми пурра ва инчунин бурдани мониторинги ҷамъиятии татбиқи лоиҳаҳо фароҳам оварда шавад. 
Вазорати иқтисодиёт ва молия (А. Я. Ҳайдаров) ва Ассотсиатсияи маҳаллаҳои Ӯзбекистон (Қ. Қуронбоев) барои иҷрои пурра, сифатнок ва бечунучарои банди мазкур масъул муайян карда шаванд.
30. Вазорати иқтисодиёт ва молия таҷрибаи мунтазам  дар веб-сайти расмии худ барои шинос намудани аҳолӣ дар асоси ҳуҷҷатҳои молиявии ҳисоботи солона ва нимсола доир ба даромади Буҷети давлатӣ ва буҷетҳои маҳаллӣ, харҷҳои сарфшуда ва ба нақша гирифташуда дар шакли оддӣ нашр намуданро ҷорӣ намояд.
31. Дар самти муттасил идома додани сиёсате, ки ба принсипи «Давлати бехатар ва сулҳдӯст» асос меёбад, бо мақсади куллан баланд бардоштани потенсиали Қувваҳои Мусаллаҳ, дигар вазорат ва идораҳое, ки барои соҳаи мазкур масъуланд, доир ба таъмини кибербехатарӣ ва суботи эпидемиологӣ:
дар ҳар як вазорат ва идора ӯҳдадории шахсоне, ки барои аттестатсия ва экспертизаи низомҳои иттилоотӣ масъуланд, муайян карда шаванд, ки инҳо унсурҳои муҳими инфрасохтори кибербехатарӣ ба шумор мераванд;
доир ба такомули барномаҳои таълимӣ ва усулҳои таҳсил, ки ба тарбияи кадрҳо бинобар самтҳои мазкур нигаронда шудаанд, бо назардошти таҳдид ва таҷрибаи замонавӣ чорабиниҳо андешида шавад;
дар мамлакат барномаи такомули инфрасохтори рақамӣ ва ҳарбиву тиббӣ, тадриҷан таъмин намудани идораҳои масъул бо техникаи замонавӣ ва дастгоҳҳои тиббӣ татбиқ карда шавад;
низоми таъмини кафолатноки ҳимояи маълумотҳои шахсии шаҳрвандон, муқовимат ба зидди қаллобӣ барои бонкҳо ва низоми пардохт ва ҳамчунин низоми замонавии биометрӣ татбиқ карда шавад.
Вазорати мудофиа (Б. Қурбонов), Вазорати корҳои дохилӣ (П. Бобоҷонов), Вазорати технологияи рақамӣ (Ш. Шерматов) ва Бонки марказӣ (Н. Саъдуллоев) барои иҷрои пурра, сифатнок ва бечунучарои банди мазкур масъул карда шаванд. 
32. Инҳо таъмин карда шаванд:
Агентии ислоҳоти стратегӣ якҷоя бо Вазорати адлия ва Палатаи ҳисобу китоб – ба амал татбиқ намудани мониторинги низомноки иҷрои лоиҳаҳои чорабиниҳои амалӣ, дарёфти нишондодҳои мақсаднок ва таҳияи лоиҳаҳои ба ҳуҷҷатҳои меъёриву ҳуқуқии марбут оид ба самтҳои доираи Стратегияи «Ӯзбекистон–2030»;
Маркази «Стратегияи рушд» ва Ҷунбиши «Юксалиш» – мутолиаи мунтазами танқидии ҷараёни татбиқи Барномаи давлатӣ, аз он ҷумла бо рафтан ба маҳалҳо ва баҳисобгирии афкори ҷамъият, бинобар ба натиҷа – ҳар моҳ дохил намудани маълумоти марбут ба Маъмурияти Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон.
Мақомоти ҳокимияти давлатӣ, вазорат ва идораҳо ва ҳамчунин мақомоти ҳокимияти иҷроия дар маҳалҳо ба фаъолияти Маркази «Стратегияи рушд» ва Ҷунбиши «Юксалиш» бинобар иҷрои банди мазкур аз ҳар ҷиҳат ҳамдастӣ намоянд. 
33. Ба Девони Вазирон:
бинобар ҷамъбасти ҳар моҳ сарҷамъ намудан ва ба Маъмурияти Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон расондани маълумот дар бораи ҷараёни татбиқи Барномаи давлатӣ;
бинобар поён ёфтани ҳар семоҳа дар ҷамъомадҳои Раёсати Девони Вазирон дар рӯҳи танқидӣ муҳокима намудани саривақтӣ, пурра ва иҷрои сифатноки вазифаҳое, ки Барномаи давлатӣ гузоштааст;
дар ҳар ним сол ба Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис додани ҳисобот дар бораи иҷрои Барномаи давлатӣ.
34. Агентии иттилоот ва коммуникатсияи оммавӣ (А. Хоҷаев), Ширкати миллии телерадиои Ӯзбекистон (А. Ҷӯрабоев) ва Агентии миллии иттилотии Ӯзбекистон (А. Кӯчимов) якҷоя бо воситаҳои ахбори оммавӣ дар асоси доимӣ таъмин намоянд:
васеъ шарҳ додан дар воситаҳои ахбори оммавӣ, аз ҷумла,  дар шабакаи Интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ, натиҷаи татбиқи Стратегияи «Ӯзбекистон–2030» дар соли 2024 ва инчунин ба ҷамъият фаҳмондани моҳият ва мазмуни он;
таъҷилан то маълумоти аҳолӣ расондани иттилооти холис ва пурра дар бораи ҷараён ва натиҷаҳои тамоми чорабиниҳое, ки дар доираи Стратегияи «Ӯзбекистон 2030» баргузор мегарданд. 
35. Ба ӯҳдаи роҳбарони вазорат ва идораҳо, Раиси Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, ҳокимони вилоятҳо ва шаҳри Тошканд масъулияти шахсӣ барои ташкили босамари иҷрои Фармони мазкур гузошта шавад. 
Мунтазам муҳокима гардидани ҷараёни иҷрои Фармони мазкур, ба амал татбиқ намудани танзим ва назорат аз болои фаъолияти ташкилотҳо, масъулони иҷрои он ба ӯҳдаи Комиссияи ҷумҳурӣ оид ба татбиқи Стратегияи «Ӯзбекистон–2030» гузошта шавад. 
Маълумот дар бораи чорабиниҳои баамалтатбиқгардида дар ҳар се моҳ ба Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон тақдим карда шавад. 

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ш. МИРЗИЁЕВ
Шаҳри ТОШКАНД, 21 феврали соли 2024.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: