Дар бораи ислоҳоти стратегие, ки барои соли ҷорӣ ба нақша гирифта шудааст, маълумот дода шуд

  • Дар бораи ислоҳоти стратегие, ки барои соли ҷорӣ ба нақша гирифта шудааст, маълумот дода шуд
  • Дар бораи ислоҳоти стратегие, ки барои соли ҷорӣ ба нақша гирифта шудааст, маълумот дода шуд
  • Дар бораи ислоҳоти стратегие, ки барои соли ҷорӣ ба нақша гирифта шудааст, маълумот дода шуд

Президент Шавкат Мирзиёев 13 феврал бо тақдимот дар бораи ислоҳоти муҳими стратегӣ, ки татбиқаш барои соли ҷорӣ ба нақша гирифта шудааст, шинос гардид.

Дар Стратегияи «Ӯзбекистон – 2030» мақсади то соли 2030 то 160 миллиард доллар расондани маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ, даромад ба ҳар сари аҳолӣ 4 ҳазор доллар ва ҳамзамон ба қатори мамлакатҳои даромадаш аз ҳисоби миёна баланд дохил шудан гузошта шудааст. Барои ин зарур аст, ки ҷараёни трансформатсия дар иқтисодиёт муттасил идома дода шуда, муҳити муносиби сармоягузорӣ ва тиҷорат, арзиши баланди изофа дар хоҷагии қишлоқ таъмин карда шавад.

Дар тақдимот ислоҳоти панҷ соҳаи калидӣ – нақлиёт, урбанизатсия ва шаҳрсозӣ, рушди соҳибкорӣ, хоҷагии қишлоқ ва энергетика баррасӣ гардид.

Яке аз омилҳои калидии рушди иқтисодиёт ба кор андохтани имконоти нақлиёт мебошад. Аз боиси дур будани мамлакатамон аз роҳҳои обӣ ба диверсификатсияи роҳи ҳавоӣ ва роҳи оҳан эътибор дода мешавад. Соли гузашта шаш ширкати ҳавопаймоӣ ба вуҷуд оварда шуда, 28 самолёти нав харид гардид. Ба аэропорти байналхалқии Самарқанд сектори хусусӣ ҷалб карда шуд.

Ин корҳоро идома бахшида, тезондани трансформатсияи ширкатҳои «Uzbekistan Airports» ва «Uzbekistan Аirvays», идома додани амалиёти муваффақона оид ба супурдани аэропортҳо ба сектори хусусӣ барои идораи босамар зарур мебошад, ки дар ин хусус дар ҷамъомад қайд гардид.

Барои дар минтақаҳо рушд додани хидматрасонии молиявӣ, тиҷорати электронӣ, таҳсил ва хидматрасонии тиббии фосилавӣ ва аҳамияти таъмини интернети босифат зикр гардид.

Дар ҳафт соли ояндаи наздик теъдоди шаҳру ноҳияҳои аҳолиаш беш аз 300 ҳазор нафар дар мамлакатамон аз 13-тои ҳозира  то 28-то зиёд мегардад. Бинобар вуҷуд надоштани нақшаҳои генералии баъзе шаҳру шаҳракҳо онҳо танҳо аз ҳисоби васеъ гардидани майдон вусъат меёбанд. Ин ба афзудани харҷ барои инфрасохтор ва коҳиш ёфтани заминҳои кишти хоҷагии қишлоқ боис мегардад.

Аз ин рӯ дар таҳияи қонун ва консепсияи урбанизатсия зарурат вуҷуд дорад. Барои ба вуҷуд овардани муҳити ҳарчи муносиби тиҷоратӣ бояд қоидаи шарикии давлативу хусусӣ дар чунин соҳаҳо мисли роҳ, оби ошомиданӣ, таълим, тиббиёт дақиқан муайян карда шавад. Ҳамзамон ташаккул додани барномаи чунин лоиҳаҳо якҷоя бо роҳбарони соҳаҳо ва минтақаҳо мувофиқи мақсад аст.

Ба масъалаи вогузоштани баъзе вазифаҳои давлатӣ ба сектори хусусӣ, ки дар байни онҳо ободонии ҳудудҳо, роҳбарии минтақаҳои озоди иқтисодӣ ҳастанд, эътибори алоҳида нигаронда шуд.

Хоҷагии қишлоқ дар таъмини аҳолӣ бо озуқаворӣ ва кор нақшаи муҳим дорад. Аммо дар баъзе соҳаҳои он муносибатҳои куҳна ҳанӯз дар амал мебошад. Аз ин рӯ, қарорҳои дақиқ барои баланд бардоштани ҳосилнокӣ ва коҳиши нархи аслӣ, татбиқи инноватсия дар соҳа ногузир мебошад.

Барои дастгирӣ намудани суръати инкишофи иқтисодӣ, пеш аз ҳама таъмин намудани суботнокии таъминоти барқ ногузир мебошад. Имсол 122 лоиҳаи бузурги сармоягузорӣ ба қимати умумии 50 миллиард доллар оғоз меёбад. Ҳамзамон миқдори аҳолӣ ва корхонаҳо меафзоянд. Дар солҳои наздик эҳтиёҷ ба энергия ҳадди ақалл 1,5 баробар меафзояд. Ҳамзамон дар баъзе соҳаҳо истеъмоли энергия зиёд боқӣ мемонад.

Роҳбари давлат бо пешниҳодоти ин самт шинос гардида, ногузирии ба вуҷуд овардани пойгоҳи ҳуқуқӣ ва кафолати боэътимодро барои сармоягузорон таъкид намуд.

– Соли 2024 мо бояд тамоми ҷараёнҳои сохтмони зербинои иқтисодиёти бозориро ба анҷом расонем ва соли 2025 иқтисодиёти миллиро ба дараҷаи куллан нави сифат бардорем, – гуфт Президент.

Инчунин ногузирии ҷалб намудани тамоми донишкадаҳои илмиву тадқиқотии ҷумҳурӣ бо таҳияи «нақшаи роҳ»-и калон таъкид шуд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: