СТРАТЕГИЯИ «ӮЗБЕКИСТОН – 2030» – СТРАТЕГИЯИ ХАЛҚ

Фармони Президенти мамлакат «Дар бораи Стратегияи «Ӯзбекистон – 2030» ва Қарор «Дар бораи чораҳои соли 2023-юм бо сифату сари вақт ба амал татбиқ намудани Стратегияи «Ӯзбекистон – 2030» бобати таъмин сохтани ҳуқуқи инсон, кафолати ҳифзи иҷтимоии халқ ва рушди давлат аз ҷумлаи ҳуҷҷатҳои муҳим гардиданд.

Муҳимият ва махсусияти онҳо аз он иборат мебошад, ки аз 5 ғояи асосие, ки дар Стратегия инъикос ёфтаанд, 4-тоашон бевосита ба манфиатҳои аҳолӣ ва  шаҳрвандон вобастаанд. Ҳадаф ва вазифаҳои стратегии туфайли афзоиши устувори иқтисодӣ аз байни давлатҳои даромади миёнаашон баланд мақом гирифтан, созмон додани низоми ҳифзи иҷтимоӣ ва ба таълим, тиббиёти дорои меъёрҳои байналхалқӣ муваффақ шудан барои ҳаллу фасли масъалаҳои рӯзмаррае, ки дар назди ҳизби мо гузошта шудаанд, кумак мерасонанд.
Яке аз самтҳои устувори Стратегия масъалаи фароҳам овардани шароити муносиб барои амалӣ шудани салоҳияти инсон мебошад. Дар замири он мақсадҳои нек нуҳуфтаанд. Чунончи, аз 1 январи соли 2024-ум давлат ӯҳдадор шудааст, ки тарбиягирандагони муассисаҳои таълими томактабиро бо маҳсулоти дорои сафеда, витамин ва аз минералҳои ширу йод, ғанишуда таъмин кунад. Ин, пеш аз ҳама, эътибор ба сиҳҳату саломатии фарзандонамон мебошад. Табиист, ки шахсони ҷисмонан солим ва пурқувват дорои фикру ақидаи солим буда, дар ҳаёт мавқеи худро пайдо мекунанд ва ба пешрафти кишвар саҳм гузошта метавонанд.
Дар ноҳияҳои Қӯшкӯпир ва Хонқаи вилояти  Хоразм ба сифати таҷриба тамоми хонандагони синфҳои ибтидоӣ бо планшетҳои таълимӣ таъмин гардиданд, таҷрибаи мазкур минбаъд зина ба зина дар ҳамаи ҳудудҳои ҷумҳурӣ татбиқ карда мешавад, ки ин иқдом бағоят муҳим будани кашфи салоҳияти насли наврасро нишон медиҳад.
Аз соли хониши 2023/2024 дар ҳудудҳое, ки талаб нисбати касбу ҳунар зиёд мебошад, барои хонандагони синфи 10-ум ҷорӣ намудани курсҳои омӯзиши онҳо, барои мактабҳои таълими умумӣ ҳамчун ибрат хидмат кардани мактабҳои президентӣ ва таълимгоҳҳои тахассусӣ ба умуман баланд шудани сифати таълим асос хоҳанд шуд. Ин шаҳодати он аст, ки дар Ӯзбекистон кафолати таълимгирӣ ба ҳар як инсон новобаста аз баромади иҷтимоиаш мустаҳкам мегардад.
Боз як масъалаи муҳим. Аз 1 октябри соли 2023 бинобар ҳар як оилае, ки ба вазъияти душвори ҳаётӣ афтодааст, ё худ эҳтимоли ба чунин вазъият афтоданаш ҳаст, тартиби алоҳидаи «хидмати иҷтимоӣ» ҷорӣ карда мешавад, ки барои ҷонибдорони ҳизби мо навгонии хушоянд мебошад. Ин имкон медиҳад, ки шароити иқтисодии ин оилаҳо беҳтар шавад, онҳо бо воситаҳои зарурии доруворӣ таъмин гарданд, даво гиранд, фарзандҳояшонро ба муассисаҳои таълими томактабӣ ва мактабӣ ҷойгир кунанд, аз хидматҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла кумаки моддӣ, истифода бубаранд.
Агар вазифаҳои мазкур дуруст иҷро шаванд, мо метавонем мушкилоти ҳазорҳо оила, ҷавонон, занону духтаронро сабуктар созем. Дар навбати худ фаъолнокии иҷтимоӣ ва фаровонҳолии онҳо низ меафзояд. Дар Қарор дар бораи чораҳои бо сифат ва сари вақт татбиқ намудани Стратегияи 2023 аз ҷумла, ба масъалаҳои вобаста ба ҳифзи саломатии шаҳрвандон, барқарор кардани сиҳатии онҳо низ эътибори махсус дода шудааст.
Аз 1 январи соли 2024 беморони вируси «С»-и гепатит, кӯдаконе, ки ба касалии саратон гирифтор шуда, муҳтоҷи муолиҷа мебошанд, пурра аз ҳисоби маблағи Буҷаи давлатӣ табобат мегиранд. Ҳамчунин корҳои таъмин кардани маълӯлон бо асбобҳои протезиву ортопедӣ, эҳёӣ ва воситаҳои давоӣ дар шакли «ваучер» зина ба зина ба роҳ монда хоҳанд шуд. Дар ин маврид ашхоси маълӯл навъи асбоб ва хидматҳоро худашон интихоб мекунанд, хароҷоти онҳо аз маблағи буҷаи давлатӣ сарпур карда мешавад.
Дар натиҷа бисёр шаҳрвандони имконияти ҷисмониашон маҳдуд аз кумаки давлат ва ҷамъият баҳравар мегарданд, эътимоди онҳо ба ҳаёт мустаҳкам мешавад. Дар қалби падару модароне, ки солҳои зиёд, тамоми умри худро барои дарёфти маблағ баҳри давои фарзанд сарф кардаанд, шуълаи умед медамад, мушкилоте, ки ба назари онҳо ҳалношуданӣ менамуданд, ҳаллу фасл мешаванд.
Дар доираи ҳуҷҷатҳои мазкур бобати аз тариқи пешрафти устувори иқтисодӣ таъмин сохтани фаровонҳолии аҳолӣ низ бисёр  вазифаҳои муҳим муайян шудаанд. Аз ҷумла, аз 1 январи соли 2024-ум ба онҳое, ки маҳсулоти хоҷагии қишлоқ мерӯёнанд, тартиби додани субсидия ба миқдори 50 фоизи ҳосили суғурташуда ҷорӣ карда мешавад. Танҳо бинобар ҳамин як тадбир дар вазъи мураккаби ҳолоинаи ҷаҳон кафолати бехавфии хӯрокворӣ дар мамлакат, бо маҳсулоти хушсифату арзон таъмин кардани аҳолӣ ба даст меоянд.
Ҳизби халқиву демократии Ӯзбекистон тамоми мақсад ва вазифаҳоеро, ки дар Стратегияи «Ӯзбекистон – 2030» муайян шудаанд, дастгирӣ мекунад ва аз аввалинҳо шуда барои ба табақаҳои васеи аҳолӣ, намояндагони электорати худ маънидод кардани мазмуну моҳияти онҳо чора меандешад. Дар ҷараёнҳое, ки ба иҷрои вазифаҳои дар соли равон пешбинишуда нигаронида шудаанд, бо фраксияаш дар парлумон, тамоми ҳайати депутатӣ ва дар ҳамкорӣ бо ташкилотҳои ҳамаи дараҷаҳо фаъол иштирок менамояд.

Улуғбек ИНОЯТОВ,
роҳбари фраксияи ҲХД Ӯзбекистон дар Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: