ТУҲФАИ ХЕЛЕ МУНОСИБ

Ба ифтихори гиромидошти 145-умин солгарди сардафтари адабиёти навини тоҷик ва Қаҳрамони Тоҷикистон – Устод Садриддин Айнӣ, аз тариқи нашриёти «Tubo nashr» асари машҳури ӯ «Марги судхӯр» рӯйи чопро дид.

Устод Садриддин Айнӣ бо воситаи қиссаи мазкур ҳаёти воқеии як давраи хеле мураккаби халқи тоҷикро инъикос намудааст. Асар ҳодисаю воқеоти ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодии охири асри XIX ва аввали асри ХХ-ро тасвир кардааст. Тамоми фисқу фуҷур, фиребу найранг, шӯру шари судхӯрон ва дар баробари ин ҳаёти вазнини тоқатфарсои мардуми одии Аморати Бухоро ва деҳоти онро пеши чашми хонанда воқеӣ намудор гардондааст. 
«Марги судхӯр», ки ҳанӯз соли 1937 чоп шуда буд, воқеан аз асарҳои барҷастаи адабиёти ҷаҳон буда, номи устод Айниро ҳамрадифи адибони бузурги олам кард. 
«Айнӣ нафақат нависандаи шумо, балки адиби мо ҳам ҳаст. Асарҳои ӯ барои мо натанҳо намунаи санъати зебо, балки боз аёнияти бевоситаи таълимӣ мебошанд. Ин китобҳо фақат ғаму ҳасратҳои куҳна ва комёбиҳои нави халқи тоҷикро инъикос мекунанд, балки онҳо худ аз худ аллакай тасбити зиндаи ин комёбиҳо ба шумор мераванд...», навиштааст журналисти машҳури Чех Юлиус Фучик дар асараш «Дар бораи Осиёи Миёна» (Тошканд, 1960), ки бо устод Айнӣ мулоқоти бевоста ва самимӣ дошт.
Тавре ки дар сарсухани китоб Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ӯзбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода мегӯяд: «Устод Садриддин Айнӣ дар рушди адабиёт ва фарҳанги тоҷик саҳми беназир гузошта, намунаҳои беҳтарини асарҳои назмиву насриро таълиф кардааст, ки ҳар кадоми он ба хазинаи адабиёти ҷаҳонӣ ворид шуда, дар тарбияи башарият нақши беназир бозидаанд. Махсусан, қиссаи «Марги судхӯр» аз ҷиҳати интихоби мавзӯъ ва тасвири саҷияву характер, бозтоби дунёи мураккаби инсон намунаи беҳтарини насри бадеӣ ба шумор меравад». 
Ба таъбири Раҳмонзода «донишманд ва шарқшиноси Чех Иржи Бечка дуруст ишора менамояд, ки «Садриддин Айнӣ дар «Марги судхӯр» дар тасвири олами рӯҳии судхӯрон ба комёбиҳои калон ноил гардид.  Ба ақидаи муҳаққиқ ҳар як далели овардаи адиб асоси воқеӣ дошта, бо муҳит созгор мебошад».
Тавре, ки муҳаррири китоб шоир Паймон зикр менамояд, «Марги суд-хӯр, воқеан қуллаи баландтарини ҳаҷви бадеӣ дар адабиёти муосири мост. Аз ин лиҳоз иқдоми дастандаркорони Маркази миллию фарҳангии тоҷикони Ӯзбекистон бо сарварии Гуландом Субҳонова ва ҷонишини ӯ Насиба Зайниддинова бобати интишори ин асари безавол дар кишвар шоистаи табрик ва таҳсин аст».

Далер АЗИЗОВ,
хабарнигори 
«Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: