Фармони Президент – дар амал
Боиси ифтихор аст, ки алҳол бо ташаббуси Сарвари давлат Шавкат Мирзиёев «Халқ барои идораҳои давлатӣ не, балки идораҳои давлатӣ барои халқ хидмат мекунанд». Бо Фармони махсуси Қабулхонаҳои халқии Президент ва Қабулхонаҳои виртуалӣ таъсис дода шуданд.
Бояд эътироф кард, ки пештар ҳам буданд роҳбарони ташкилотҳои давлатӣ ва хоҷагидорӣ, намояндагони идораҳои ҳокимияти маҳаллӣ, шахсони масъули вазифадори соҳа, ки бо дида баромадани аризаю шикоятҳои мардум сару кор доштанд.
Аммо одамоне, ки бо аризаю шикоят дар байни идораҳои гуногун солҳо сарсону саргардон мешуданд, «шикоятчӣ» ном доштанд. Аз ин рӯ, ислоҳоти наве, ки дар мамлакатамон ҷорӣ мегарданд, барои пурра амалӣ намудани ҳуқуқи инсон дар ҷамъият, дар асоси он муқаррар намудани пули боварӣ байни халқ ва давлат хидмат менамоянд.
Ҳимояи ҳуқуқи инсон, сабук кардани бор ва фароҳам овардани шароит дар мадди аввал гузошта шуд.
Имрӯз қабулгоҳҳои Сарвари давлат ба маънои аслӣ ба қалъаи наҷоти мардум табдил меёбанд. Муҳим он аст, ки муроҷиати онҳо дар сатҳи Президент мавриди таваҷҷуҳ қарор дорад. Дар натиҷа боварии одамон ба давлат, ҷамъият ва фардо меафзояд.
Ноҳияи Самарқанд дар шафати шаҳри бостонӣ ҷой гирифта, аҳолиаш зиёду бисёрмиллат ба шумор меравад. Аз ин ҷост, ки Қабулхонаи халқии ноҳия ҳамеша аз одамоне, ки бо ташвишу ғами худу маҳалла меоянд, серодам аст. Мо муаммову дархостҳои мардумро омӯхта, ба онҳо дар ҳудуди имкониятҳои ноҳия ёрии амалӣ расонида истодаем. Бинобар талабу таклифҳое, ки миқёси иҷрояшон дорои сатҳи вилоятиву ҷумҳурӣ мебошанд, ба идораҳои масъули болоӣ фиристода мешаванд.
Дар ҳудуди ноҳия дар асоси муносибати маҷмӯӣ корҳои ободонӣ амалӣ мегарданд. Аз ҷумла, дар маҳаллаҳои Конигил, Ҷӯйи Сой, Қӯштамғалӣ ва Қозиариқ корҳои зиёди сохтмонӣ-таъмиру ободонӣ ва бозсозӣ анҷом дода шуданд. Илова бар ин, аз соли 2017 то имрӯз дар асоси Барномаи «Деҳаи обод» маҳаллаҳои Пулимуғоб, Паррандачилик, Гулобод, Конигил, Оҳалик, Қозиқӯрғон, Дӯстлик, нуқтаҳои аҳолинишини Меҳробод ва Илонсой ободу зебо карда шуданд. Дар доираи барномаҳо имсол 55 километр роҳ асфалтпӯш ва шағалфарш гардиданд.
Дар асоси корбурди сохтори маҳаллабайъ дар ҳар як маҳалла нуқтаи трансформатор гузошта, ба масофаи 17 километр сими электрикӣ кашида, 311 симчӯби бетонии барқ устувор карда шуданд. Дар маҳаллаҳои Ҷарқишлоқ, Найзатеппа, Талибарзуи поён, Ҷӯйи Сой, Паррандачилик, Чоршанбе, Янгиариқ, Пулимуғоб, Навобод, Ҷӯйи Аббос, Диёр, Раҷабамин иншооти оби нӯшокӣ сохта, ба масофаи 22,2 километр қубури оби нушокӣ хобонда шуд. Ҳамзамон бо мақсади ба роҳ мондани корҳои мунтазам дар соҳаи тандурустии аҳолӣ гурӯҳҳои сайёри иборат аз кормандони тиб таъсис ёфта, корҳои зиёд, аз қабили расонидани хизматрасонии сайёри тиббӣ ба иштирокдорони ҷанги Афғонистон, шаҳрвандони дар рафъи оқибатҳои фалокати Чернобил иштирок намуда, роҳандозӣ шудаанд.
Барои куҳансолон, шаҳрвандони бемор ва бистарӣ рафта, корҳои аз назорати тиббӣ гузаронидани онҳо татбиқ гардиданд. Танҳо дар ҳашт моҳи соли ҷорӣ ба 86 341 нафар барои бартараф намудани касалиҳое, ки ҳангоми муоинаи тиббӣ муайян карда шудаанд, чораҳо андешида шуданд. Инчунин, бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид барои аҳолии деҳаҳои кӯҳистон ва дурдаст фаъолияти табибони соҳибихтисос ҷиҳати расонидани хизматрасонии босифати тиббӣ дар контейнерҳои сайёр ба як қатор маҳаллаҳои ноҳия роҳандозӣ гардид. Дар асоси муроҷиатҳои сершумори сокинон дар маҳаллаҳои Ширинобод, Янгиариқ, Шӯр- бойӣ, Янгиобод, Хаймари Поён, Бадал фаъолияти нави бунгоҳҳои деҳотии табобатӣ ташкил гардиданд.
Дар ноҳия барои дар зимистон ба вуҷуд овардани захираи озуқаворӣ корҳои нек ба сомон расиданд. Аз ҷумла, ба истифодаи самарабахши заминҳои мавҷудаи корам, ки маҳсулоти хоҷагии қишлоқ рӯёнида мешаванд, дар заминҳои аз ғалладона холишуда ба роҳ мондани кишти такрорӣ, зиёд намудани маҳсулот, нигоҳ доштани мувозинати нарх дар бозорҳо эътибори махсус дода мешавад. Дар ин бобат кор бо суръат давом дорад. Инчунин, дар асоси омӯхтани таҷрибаи пешқадами боғу ток ва ниҳолпарварӣ натиҷаҳои намоён ба даст меоянд.
Дар ноҳия бо мақсади пайваста бо гази табиӣ, гази моеъ, қувваи электр таъмин намудани аҳолӣ бо ҷалби тамоми қувваю воситаҳо сохтори нави махсус ташкил карда шуд. Бо ташаббуси Президент дар як муддати кӯтоҳ дар муассисаҳои иҷтимоиву давлатӣ 35 панели офтобии хурди барқароршавандаи энергия ва дар хоҷагиҳои ноҳияи Самарқанд 264 панели хурди офтобӣ насб карда шуданд, то аҳолӣ бо қувваи алтернативии электр мунтазам таъмин карда шавад.
Умуман, қабулхонаҳои халқии Ӯзбекистони Нав имрӯз ба як сохтори нотакрор табдил ёфтаанд, ки ғаму ташвишҳои мардуми фидокори моро мешунаванд, ба шодии онҳо шарик мешаванд, мушкилоташонро боэътимодона ҳаллу фасл мекунанд.
Илҳом МУРОДОВ,
мудири Қабулхонаи халқии Президент дар ноҳияи Самарқанд,
доктори фанҳои фалсафа.