ВАЗЪИЯТ ВА ВАЗИФАҲОИ ҶОРӢ БАРРАСӢ ШУДАНД

Ба наздикӣ дар қасри фарҳанги деҳаи Варзик ҳокими ноҳияи Чуст Бекзод Ҳамдамов бо роҳбарону намояндагони ҷамоати маҳаллаҳои Боло, Янгичак, Қалъаи Поён, Пилол ва Майдон, инчунин мӯйсафедон, фаъолон, зиёиён ва ҷавонон вазъияти кунунии Шарқи Наздик, ҳамчунин вазифаҳои ҷориро мавриди баррасӣ қарор дод.

Ҳоким таъкид кард, ки сарвари давлатамон дар ҷамъомаде ба вазъияти  кунунии Шарқи Наздик диққати махсус дода, изҳор дошт, ки ҷанги байни нерӯҳои Исроилу ҷунбиши «Хамас» сабаби ҳалокати зану кӯдакон, бе хонаву ҷо мондани аҳолӣ мегардад. Мо ба аҳли хонадонҳои ҳалокшудагони Фаластин ва Исроил ҳамдардӣ баён мекунем. Президент гуфт, ки тавассути агентии Созмони Милали Муттаҳид ба фаластиниён ба миқдори 1,5 миллион доллар ёрии башардӯстона фиристода мешавад. 
Ҳоким  халқ, аз ҷумла, ҷавононро огоҳ намуд, ки ба ҳар гуна даъватҳои бардурӯғ, ки сабаби вайронкунии қонун мегарданд, бовар накунанд, ба ҷунбишҳои ғайриқонунӣ ҳамроҳ нашаванд. Ягонагию осоиштагии кишварамонро ҳифз кунанд. 
Раиси шӯрои «Нурониён»- и ноҳия Ҷӯрабой Мираҳмадов суханони ҳокиму имом-хатибро дастгирӣ карда, гуфт: – Инак, ба мустақилии  давлатамон зиёда аз 32 сол шуд. Шукр, ки осудаю фаровон  зиндагӣ дорем. Ба қадри ин осоиштагиву фаровонҳолӣ бояд расид. 
                                                                   
Ш. МИРЗОЕВ,            
вилояти НАМАНГОН.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: