Афсари Гвардияи миллӣ ва адвокат бо ришва дастгир шуданд

Ӯ ваъда додааст, ки парвандаи ҷиноӣ алайҳи як шаҳрванди маҳаллӣ тавассути шиносҳои мансабдораш ба таври мусбат ҳал хоҳад шуд.

Дар натиҷаи чорабинӣ, ки аз ҷониби кормандони раёсати БХД дар вилояти Самарқанд гузаронида шуд, Ф.О., соли таваллудаш 1990, сокини ноҳияи Окдарё, корманди шӯъбаи қаровулии  байниноҳиявии ноҳияи Иштиҳони Раёсати қаровулии Гвардияи миллии вилояти Самарқанд  ҳангоми бо ваъдаи кушодани парвандаи ҷиноӣ алайҳи як шаҳрванди маҳаллӣ бо истифода аз ваколати хидматӣ аз шаҳрванд гирифтани 1500 доллари амрикоӣ  дастгир шудааст.

Инчунин, дар чорабинии навбатии аз ҷониби кормандони раёсат гузаронидашуда адвокат Ш.А.  ҳангоми ваъдаи тавассути шиносҳои расмӣ  мусбат ҳал кардани кори  як шаҳрванди маҳаллӣ бобати бекор кардани татбиқи чораи  эҳтиётии  ба ҳабс гирифтан барои ин аз шаҳрванд 600 доллари ИМА пора гирифтан, дастгир шудааст.

Дар айни ҳол нисбати ин шахсҳо бо моддаҳои 168 ва 211-и Кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Ӯзбекистон парванда боз шуда, тафтишот идома дорад.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: