Имрӯзҳо Бойсуни ҳамешабаҳору зебоманзар аз ҳарвақта дида бештар зебову дилрабост.
Табиати мафтункори ин гӯшаи Ватани ҷоноҷонамон ҳазорон мардуми ватанӣ ва меҳмонони хориҷиро ба истиқболи Фестивали байналхалқии «Баҳори бойсун» хайра мақдам мегӯяд.
Соли 2001 ЮНЕСКО маданияти Бойсунро ҳамчун «Мероси ғании маданияти ғайримоддӣ ва эҷодиёти даҳонакии халқ» эътироф намуда, лоиҳаи гузаронидани онро тарҳрезӣ намуд ва бори аввал соли 2002 ин Фестивал мутантан баргузор гардид ва ба ҷаҳониён бори дигар собит сохт, ки урфу одат, расму оин, анъана ва санъату ҳунари ин диёри бостонӣ ба гуфтан, сутудан, намоиш додан, қадр кардану пос доштан меарзад. Пас, мақсад аз баргузории ин фестивал кашфу ҷамъ кардан ва намоиш додани ҳама гуна арзишҳои миллиест, ки дар Бойсун маҳфуз аст. Фестивали мазкур аз соли 2002 баъд чанд сол пайи ҳам тантанавор гузаронида шуд ва муддате таваққуф намуда, аз соли 2017 боз эҳё гардид. Дар ду соли пандемия низ таҷлил нашуд ва инак, боз бо шукӯҳу таровати нав ба аҳли кишвар ва ҷаҳониён аз файзи худ мужда мерасонад.
Фестивали мазкур имсол низ дар гӯшаи паҳновар ва зебоманзари Паданги ноҳияи Бойсун меҳмононро пазироӣ мекунад. Дар фестивали байналхалқӣ зиёда аз 200 намояндаи дастаҳои ҳунарии кишвар ва хориҷӣ ширкат меварзанд. Меҳмонони хориҷӣ ба ҷашнгоҳ омада, оид ба он рағбати зиёд пайдо намуда истодаанд. Фестивал имрӯз баргузор мегардад. Созмондиҳанда Вазорати фарҳанги Ӯзбекистон ва Маъмурияти ҳокимияти вилояти Сурхондарё мебошанд ва барои пурмазмун гузаронидани он тайёрии ҷиддӣ диданд. 30 фоизи маблағи барои фестивал масрафшаванда аз ҳисоби маблағи ҷудокардаи Вазорати фарҳанги Ӯзбекистон ва 70 фоизи он аз ҳисоби буҷаи маҳаллии вилояти Сурхондарё ва ташкилотҳои ҳомӣ пардохт карда мешавад. Дар доираи фестивал аз рӯйи ду раванди бисёр муҳим: намоиши эҷодиёту анъаноти халқӣ (гаҳворатӯй, ӯлан, лапар, таронаҳои шӯхи халқӣ ва дигарҳо), инчунин, бозиҳои халқиву миллӣ аз қабили ресмонкашӣ, гӯштин, веломарафон ва бузкашӣ мусобиқаҳо ташкил мегарданд ва ғолибон бо мукофотҳои қиматбаҳо тақдир карда мешаванд.
Ба ғолибони мутлақ, яъне сазоворони ҷойи якум дар ҳама намудҳои ҳунару санъати миллӣ ва бозиҳои миллӣ 3500 долларӣ; ба сазоворони ҷойи дуюм 2500 долларӣ; ба соҳибони ҷойи сеюм 1500 долларӣ мукофот дода мешавад.
Мақсад аз гузаронидани фестивал ҳифз ва пос доштани арзишҳои мил-лӣ, намоиши он дар арсаи байналхалқӣ ва хурсандӣ бахшидан ба мардум аст.
Олим ПАНҶИЗОДА,
хабарнигори
«Овози тоҷик» дар вилояти Сурхондарё.
Суратгир: Р. ГАЛЕЕВ.