БА ВИЛОЯТИ ФАРҒОНА САРМОЯҲОИ ХОРИҶӢ ҶАЛБ МЕШАВАД

Ҷалби ҳарчи бештари сармояҳои хориҷӣ дар боло рафтани иқтисодиёт ва некӯаҳволии мардум, инчунин фароҳам овардани ҷойҳои нави кор аз омилҳои муҳим маҳсуб меёбад.

Президент низ ҳамеша  аз ҳокимони шаҳру вилоятҳо тақозо менамояд, ки талошҳои худро баҳри ҷалби сармояҳои хориҷӣ тавсеа бахшанд. Дар ин замина вилояти Фарғона дар радифи шаҳру вилоятҳои дигари кишвар ба дастовардҳо ноил шудааст.  
Солҳои охир имкони амалӣ кардани тарҳҳои бузург дар соҳаҳои хоҷагии халқи ин вилоят бештар имконпазир гаштааст. 
– Дар натиҷаи фароҳам овардани фазои мусоиди сармоягузорӣ танҳо соли гузашта ба иқтисодиёти вилояти мо 957,4 миллион доллари ИМА сармояи мустақими хориҷӣ ворид гардид. Ин нишондиҳанда дар шаш моҳи соли равон 436,6 миллион долларро ташкил медиҳад, – мегӯяд ҳокими вилоят Хайрулло Бозоров.
Яке аз соҳаҳои азиме, ки дар вилоят боиси таваҷҷӯҳи ҳарчи бештари сармоягузорон ва шарикони хориҷӣ гаштааст, соҳаи тиб мебошад. Ба гуфтаи ҳокими вилоят, намунаи лоиҳаҳои умдаеро, ки дар соҳаи тибби вилоят бо ҷалби сармояҳои хориҷӣ амалӣ мегарданд, хеле зиёд номбар кардан мумкин аст.
Вақте ки як ҳайати вилояти Фарғона ба кишвари Ҷопон сафари корӣ намуд, ин сафар  натиҷаҳои хеле зиёд ба бор овард. Зеро он густариши ҳамкориҳои байниминтақавиро ҳадаф қарор медиҳад. Дар ҷараёни ин сафари ҳайат панҷ созишномаи сармоягузорӣ ба маблағи умумии 81,5 миллион доллар ба имзо расидааст.  
Ҳуҷҷатҳое, ки ба имзо расидаанд, барои вилоят ва мардуми он хеле муҳим мебошанд. Аз ҷумла, чунин созишнома бо мудирияти  «AOIKAI Medical Corporation» анҷом пазируфтааст. Он аз корпоратсияҳои маъруфу машҳури тиббии Ҷопон муаррифӣ мешавад, ки фаъолиятҳояшро ба табобати бемориҳои онкологӣ низ нигаронидааст.
Бояд алоҳида қайд намуд, ки тавассути маблағи ин корпоратсия дар маҳаллаи Экошаҳри шаҳри Фарғона бо арзиши 60 миллион доллар як лоиҳаи васеъмиқёс татбиқ гардидааст. Ғайр аз ин, боз созишномаи сармоягузорӣ ҷиҳати таъсиси беморхонаи байналмилалии тиббӣ ва донишгоҳи тиббӣ низ ба имзо расидааст. Ҳамчунин, бо ин корпоратсия дар шаҳри Фарғона тарҳи таъсиси маркази таълимии ҳамшираҳои шафқат ба маблағи 3 миллион доллар ва роҳандозии муҳоҷирати муназзами кории хатмкунандагон ба Ҷопонро амалӣ хоҳад кард.
Боз аз сафарҳои ҳайати ҳокимияти вилоят ҷиҳати ҷалби сармояҳои хориҷӣ ва пайдо кардани ҳамкорони нав ташриф ба Олмон ва Утришро метавон мисол овард. Натиҷаи ин сафар нишон медиҳад, ки дар шаҳри Фарғона байни Донишгоҳи тиббии Осиёи Марказӣ  ва клиникаи Донишгоҳи Мангейм созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расидааст.
Ҳокими вилоят дар ин замина тазаккур медиҳад, ки ҷорӣ намудани таҷрибаи пешқадами Олмон дар рушди системаи тиббии минтақавӣ, рақамикунонии системаи тандурустии минтақавӣ, ба омӯзиш фаро гирифтани табибони Фарғона дар Олмон ва роҳандозии табодули таҷриба, ба роҳ мондани барномаҳои муштараки таълимӣ миёни шуъбаҳои нигаҳдории тандурустии вилояти Фарғона дар меҳвари ин сафар қарор гирифт.
Дар ҳамин ҳол байни Донишкадаи тиббӣ ва Донишгоҳи Мангейм ҳамкории бисёртарафа, аз қабили мубодилаи муаллимон, ташкили конференсияҳои илмӣ ва гузарондани тадқиқоти илмии муштарак ва амсоли он ба роҳ монда шудаанд, ки натиҷаҳои хурсандибахшро ба бор меоваранд.
Дар доираи барномаи муштараки таълимии 2+1 дар Донишкадаи тиббии саломатии ҷомеаи Фарғона бо ширкати дигари олмонии «OPASCA GmbH» ташкил намудани курси бакалаврии «Ҳамшираҳо»-ро ба нақша гирифтааст. Дар ин замина аллакай созишномаи ҳамкории дуҷониба ба имзо расида, барои ба анҷом расонидани ин нақша корҳои доманфарох идома доранд.
Дар шаҳри Фарғона як гектар майдон барои бунёди шаҳраки табобатӣ-солимгардонӣ ҷудо карда шудааст, ки арзиши лоиҳавии он 8,72 миллион долларро ташкил менамояд. Дарвоқеъ, дар солҳои охир вилоят барои барқарор намудани саломатии кӯдакон эътибори ҷиддӣ медиҳад. Дар ҳамкорӣ бо ширкати кувайтии «Gulf Care General Trade» татбиқи лоиҳаҳои сохтмони лабораторияи марказонидашуда ва маркази радиологӣ арзи вуҷуд кардааст. Он бо ҷалби табибони кувайтӣ анҷоми амалиёти ҷарроҳии мураккаби кӯдакони оилаҳои ниёзманд ва камбизоатро барномарезӣ кардааст. Инчунин тавассути ин марказ табибони шифохонаҳои вилоят ба Кувайт барои мубодилаи таҷриба фиристода мешаванд.
Бардоштҳо аз раванди ҷалби сармоягузорони хориҷӣ ба вилояти Фарғона ва татбиқи лоиҳаҳои гуногун нишон медиҳанд, ки ҳар як сармоягузори хориҷии ба Фарғона ташрифоварда пеш аз ҳама бо имконияту имтиёзҳои барои онҳо фароҳам аз наздик ошно мешавад. 

Мирасрор АҲРОРОВ,
мухбири 
«Овози тоҷик».

Вилояти ФАРҒОНА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: