«ҲАҚ БОЯД ДУРУСТ БОШАД»

Боре дар назди кассаи дукони хӯрокворӣ барои пардохтани пули чизҳое, ки гирифтам, дар навбат меистодам.

Пирамарде, ки дар даст нон дошт, баъд аз ман навбат гирифт.
Дар аробачаи ман маҳсулот зиёд буду ҳисобу китоби он вақти бисёрро талаб мекард. Ба пирамард гуфтам, ки аз ман пеш истода, ҳисобӣ кунад. 
– Ташаккур, хеле лутф дорӣ, аммо навбати ман баъд аз туст ва ман бояд пас аз ту пардохт кунам. Шведҳо мақоле доранд: «Хақ бояд дуруст бошад», – гуфт ӯ.
Бо ин пирамард баҳсро идома надодам, вале барои эҳтиромаш нисбати  қоидаи харидорӣ офаринаш кардам ва ин бароям дарси ибрат шуд.
Дар «Саҳифаи рӯзи истироҳат»-и «Овози тоҷик» (20.05. с.2023, №40) мақолае бо унвони «Чун фарзанд дар вуҷуд ояд...» аз Г. Шарофзода ва С. Матробиён чоп шуд. Онро мутолиа намудам. Мақола хеле хуб нигошта шудааст, муаллифон бисёр кӯшиш кардаанд аз таъриху маконҳои гуногун мисолҳо оварда, волидонро барои ба фарзандонашон номи хуб гузоштан тарғибу ташвиқ намудаанд. Албатта, ин қобили дастгирист ва падару модарон, пеш аз он ки ба ҷигарбандҳояшон ном гузоранд, бояд маънии онро донанд.
Дар ин ҷо ҷумлае диққати маро ҷалб кард ва боиси ба даст қалам гирифтанам шуд. Ҳоло мехоҳам то «ҳақ бояд дуруст бошад».
«Дар кишварҳои Италия, Шветсия ва Чин бошад, дар сурати ба фарзанд берун аз фарҳанги миллӣ ном гузоштани шаҳрвандон онҳо аз ҷониби давлат барои вайрон намудани ҳуқуқи кӯдак ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд», омадааст дар мақола. 
Ҳоло ман дар Шветсия истиқомат мекунам ва мехоҳам донистаҳои худро дар бораи ҷараёнҳои номгузорӣ дар ин кишвар ва мамлакатҳои дигари Скандинавия бо муштариёни рӯзнома ба ҳам бинам.
Дар Шветсия, Норвегия, Финландия ва Дания аксарияти бачаҳо дар зоишгоҳ ба дунё меоянд. Дар Шветсия духтури таваллудгоҳ баъди таваллуд шудани кӯдак вазифадор аст ба идораи молиёти кишвар хабар бифиристад. Баъд аз як ҳафта идора ба падару модарон як нома ва як намунаи тақозонома, ё ки ариза мефиристад, то волидон ба фарзанд ному насаб интихоб карда, дубора ба идораи молиёт бифиристанд. Волидон бояд дар давоми се моҳ барои фарзандашон ном интихоб кунанд. Идораи молиёт баъди баррасии арзномаи онҳо ба бача шумораи шахсӣ таъин мекунад. Бe шумораи шахсии ин идора кас наметавонад аз бимаҳои иҷтимоӣ  бархурдор бошад, ё ҳуҷҷатҳои заруриро бигирад. Агар бача дар хона ба дунё биёяд, дояе, ки дар таваллуд иштирок кардааст, вазифадор аст, ки аз ин хусус ба идораи молиёт хабар диҳад. Агар ӯ натавонист, бояд волидони кӯдак хабар бидиҳанд. Агар доя ё волидони фарзанд, ин вазифаро анҷом надиҳанд, қонуни бақайдгирии аҳолиро вайрон мекунанд ва мувофиқи қонун ҷазо мегиранд.
Дар Шветсия муҳоҷирони зиёд шаҳрвандӣ гирифтаанд, аз ин рӯ номҳои Муҳаммаду Умару Ҳамзаю Аҳмад хеле зиёд аст ва касеро барои чунин номҳо ҷарима накардаанд. Ба ғайр аз номҳои арабии исломӣ номҳои африқоӣ, ҳиндӣ, яҳудӣ ва ориёию романӣ хеле зиёданд. То ҳол касе барои номгузории аз фарҳангу эътиқоди шведӣ бегона ҷарима нашудааст.
Дар Шветсия ва дигар давлатҳои Скандинавия бидуни баррасии идораи молиёт ба тифл ном гузоштан амри муҳол аст ва хатари ҷавобгар шудани волидон вуҷуд надорад. Агар кас аз номи гузоштаи падару модар розӣ набошад, метавонад аз 14-солагӣ номашро тағйир диҳад.
Ман бо гуфтаҳои муаллифони мақола мувофиқам, ки дар кишварҳои Скандинавия феҳристи номҳои манъшуда вуҷуд доранд. Аз рӯйи қонуни номгузорӣ номҳое, ки боиси масхараву ҳақорат шудани шахс мегарданд, сабаби нороҳатии шахси дигар мешаванд, иҷозат дода намешавад.
Соли 2021 дар расонаҳои ахбори Шветсия мақолаи баҳсбарангезе чоп шуда буд.  Падару модаре мехостанд ба писарашон номи раисҷумҳури Русияро бидиҳанд. Дар ҷойи ном – «Владимир Путин» ва дар ҷойи насаб – фамилияи худашонро. Аммо идораи молиёт ба ин иҷозат надод ва ҳукмашро чунин тавзеҳ дод: «Аз рӯйи қонуни номгузорӣ  насабро намешавад ба ҷойи ном истифода кард. Агар мехоҳед, ки фарзандатон дорои чунин ном бошад, номашро ба ҷойи ном ва насaбашро дар ҷойи насаб бигузоред».
Ногуфта намонад, ки дар мамлакатҳои Скандинавия волидон ҳақ доранд дину оин ва фарҳанги худро ба фарзандонашон биомӯзанд. Дар Дания ва Исландия рӯйхати номҳое, ки ба фарзанд метавон гузошт, вуҷуд дорад. Дар Дания додгоҳи оилавӣ, дар Исландия Кумитаи номи ашхос номҳоро баррасӣ карда, сипас иҷозат медиҳад.
Кумитаи номгузории Финландия, ки дар таркиби Вазорати адлия фаъолият мебарад, агар дар бобати маънои номе дудила шавад, ба он ном рухсат намедиҳад.
Тибқи конунҳои ном дар Финландия, Шветсия, Норвегия, Дания ва Исландия номи гузошташуда набояд  соҳибашро ҳақорату таҳқир кунад ё ба ҳолати ногувор гузорад. Масалан, ҳеч кас ба фарзандаш номи Адолф Гитлерро намемонад ва ҳақ ҳам надорад. Номҳои Картошка, Чормағзи заминӣ, Принсесса, Аллоҳ, Зоғ... ҷамъан гузоштани 50 ном ман аст.
Дар байни қонунгузории ин мамлакатҳо фарқиятҳои ночиз вуҷуд доранд, масалан бинобар шумораи номҳо ва аз лиҳози ҷинс. Хусусиятҳои асосии номгузории ин кишварҳо шабеҳи якдигаранд.
Таҷрибаи номгузории Исландия аз дигар кишварҳои скандинавӣ каме фарқ мекунад. Номи аввалини шахс исми асосии онҳост ва ҳангоми муроҷиат ба шахсиятҳои шинохташуда ҳам аз номи аввал истифода бурда мешавад. Агар исландҳо насаб интихоб кунанд, тамоми авлодашон як насабро дар чандин насл истифода мекунанд.
Дар ин кишварҳо масъулони номгузорӣ ба мардум пешниҳод мекунанд, ки пеш аз номгузорӣ хуб бояд таҳқиқ кунанд. Аз номҳое, ки теъдоди зиёди одамон доранд, худдорӣ кунанд. Зеро ин ба низоми бақайдгирии аҳолӣ мушкилот эҷод мекунад.

Улдон ҚАРАЕВА,
ШВЕТСИЯ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: