ФОРУМИ ТИҶОРАТИИ САМАРҚАНД ВА СИЧУАН БАРГУЗОР ШУД

Дар шаҳри Самарқанд бо иштироки соҳибкорони маҳаллӣ ва субъектҳои тадбиркории шаҳри Сичуани Хитой бизнес-форум гузаронида шуд.

Сараввал, ҷонишини ҳокими вилоят Ф. Абилов ва роҳбари Садорати савдои хориҷӣ ва инноватсияи Палатаи савдо ва саноати шаҳри Сичуан  хонум Йин Ҷиаҳуи оид ба ҳолати имрӯза ва истиқболи минбаъдаи муносибатҳои Ӯзбекистону Хитой сухан ронда, ба кори форум муваффақият таманно намуданд. 
– Моҳи майи соли ҷорӣ Президент ҳангоми сафари расмӣ ба Хитой бо роҳбарони шаҳру вилоятҳо ва намояндагони ширкатҳои бузурги он вохӯрӣ гузаронид, – гуфт Ф. Абилов. – Аз ҷумла, бо роҳбарияти музофоти Сичуан оид ба ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва сармоягузорӣ ба мувофиқа расида будем. Бизнес-форуми имрӯза қадами аввалини амалии шартномаҳо ба шумор меравад ва боварӣ дорем, ки он барои ҳар ду ҷониб ҳам судманд хоҳад шуд. 
– Мо ҳам мисли Шумо зарбулмасале дорем – «Ҳамсояи наздик аз хеши дур беҳтар аст», – гуфт Йин Ҷиаҳуи. – Ӯзбекистон ба мо ҳамсояи наздик аст ва мо аз ҳамкорӣ бо ин кишвар манфиатдорем. Солҳои охир ба туфайли саъю кӯшиши роҳбарони ду кишвар робитаҳои иқтисодиву мадании байни мамлакатҳо мустаҳкам мегарданд. 
Ин дафъа мо ба Самарқанд ҳамроҳи намояндагони 26 корхонаву ташкилоти калон омадем. Байни онҳо намояндагони соҳаҳои энергетика, истихроҷи маъдан, сохтмон ва саноат низ ҳастанд. Ғайр аз бизнес-форум мо ният дорем, ки бо роҳбарияти вилоят, соҳибкорони маҳаллӣ вохӯриҳо гузаронида, бо фаъолияти корхонаҳо шинос шавем. Боварӣ дорам, ки ин тадбирҳо ба ривоҷи минбаъдаи муносибатҳои бисёрҷонибаи мо хидмат мекунад. 
Инчунин, дар бизнес-форум аз рӯи иқтидори иқтисодӣ ва сармоягузории минтақа, имкониятҳои сайёҳӣ, фаъолияти минтақаи озоди иқтисодии «Ургут» тақдимотҳо гузаронида шуд. 

Зоҳир ҲАСАНЗОДА,
хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Самарқанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: