ЧАРО «ОБИ ТАГИ ДАР — ТИРА?!»

6-уми августи соли равон таҳти раёсати Президент ва бо иштироки Бонки ҷаҳон доир ба татбиқ кардани лоиҳаи «Модернизатсияи хоҷагии қишлоқ» ҷамъомади видеоселекторӣ баргузор шуд, ки дар он масъалаи азхудкунии 300 миллион доллар маблағи кредити бонки мазкур муҳокима гардид.

6-уми августи соли равон таҳти раёсати Президент ва бо иштироки Бонки ҷаҳон доир ба татбиқ кардани лоиҳаи «Модернизатсияи хоҷагии қишлоқ» ҷамъомади видеоселекторӣ баргузор шуд, ки дар он масъалаи азхудкунии 300 миллион доллар маблағи кредити бонки мазкур муҳокима гардид.
Бояд гуфт, ки аз ҳисоби он дар вилояти Самарқанд 300 гектар боғи интенсив бунёд шуда, хоҷагиҳои тухмӣ ташкил мегарданд.
Фасли баҳор буд. Барои хариди тухмии баъзе намудҳои сабзавот ба дӯкони махсуси агрофирма рафтем. Тааҷҷуби камина аз он буд, ки як дона (!) тухмии бодиринг 500 сӯм нарх дошт.
– Чаро ин қадар қимат? – ҳайрон шудам ман. – Ин тухмиро аз куҷо харидед?
– Аз хориҷа, – бепарво лабханд зад фурӯшанда. – Магар шумо аз тухмиҳои ҳазор ва ҳатто се ҳазор сӯмина бехабаред? Тухмӣ ба доллар аз хориҷа меояд. 
– Зарур бошад, раво бошад, – ба суҳбат ҳамроҳ шуд харидори дигар. – Ба баққолҳои бозор боварӣ нест. Тухмии онҳо пуч ё ба ҷойи яке дигар аст. Масалан, чанде пеш дар замини ман ба ҷойи сабзӣ мутлақо чизи дигар баромад. Ана баъд маҷбур ба ин дӯкон омадам. Дар як нафас баҳсу мунозира авҷ гирифт. Аммо афсӯси ман нархҳои дандоншикани тухмиҳои сабзавот буд. 
Ёд дорам дар ноҳияи Самарқанд хоҷагии давлатии «50 солагии СССР» вуҷуд дошт, ки маҳз бо парвариши тухмӣ машғул буд. Ҳатто он дар бозори Сиёб дӯкони махсус дошт, ки ба деҳқонон бо нархи арзон тухмӣ мефурӯхт. Сифат ва ҳосилнокии баланд дошт.
Моҳи апрели соли 2018 аз ҷониби роҳбари давлатамон қарор «Дар бораи чораву тадбирҳои куллан такмил додани тухмипарварӣ дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон» интишор ёфт, ки дар асоси он дар Самарқанд низ кластери тухмипарварӣ ташкил гардид. Ҳоло дар шаш ноҳияи вилоят ҷамъиятҳои масъулияташ маҳдуди «хоҷагиҳои тухмии Элита» таъсис ёфтааст. Дар ихтиёри онҳо беш аз 500 гектар замин буда, навъҳои беҳтарини сабзавот парвариш меёбанд. Масалан, дар се гектар майдон навъи «Спанеэ»-и пиёз кишт шуда, беш аз як тонна тухмии аълосифат ба фермерҳо ирсол гардид, ки соли оянда 625 гектар майдонро бо тухмии пиёз таъмин мекунад.
Дар ноҳияи Ҷомбой хоҷагии фермерии илмӣ-тадқиқотии тухмипарварии «Фармоба селект» таъсис ёфтааст, ки бо селексияи ғаллапарварӣ машғул мебошад. Олимон бо зиёд кардани навъҳои гандум ва ҷав саргарм ҳастанд. Соли равон навъи «Ҷасмина»-и ғалла дар 10 ҳазор гектар кишт шуда, ҳосилнокӣ 70-80 сентнерро ташкил кард. Дар оянда фермерҳо боз навъи «Фармоба»-ро парвариш мекунанд, ки бешубҳа ҳосилнокии ғалла хоҳад афзуд.
Гарчанд ватани картошка қитъаи Амрико аст, дар кишвари мо талаб ба ин навъи маҳсулот калон мебошад. Шояд аз ҳамин сабаб мардум онро «нони дуюм» ҳисоб мекунанд. Аз маълумотҳои статистика равшан гардид, ки дар ҷумҳурӣ барои қонеъ сохтани эҳтиёҷи мардум ҳар сол дар 150 ҳазор гектар картошка парвариш ёфта, қариб се миллион тонна ҳосил ҷамъоварӣ мегардад. Барои тухмӣ бошад, 450 ҳазор тонна талаб мегардад. Ба мақсади афзудани ҳосилнокии картошка дар ҷумҳурӣ аз Русия, Нидерландия, Туркия, Покистон ва дигар мамлакатҳо тухмии он харида мешавад, ки маблағи зиёдро талаб мекунад. Дар асоси фармони сарвари давлат дар ноҳияҳои Тайлоқ, Самарқанд, Булунғур, Ҷомбой, Ургут навъи суперэлитаи картошка парвариш карда мешавад. 
Агар роҳи шумо ба маркази ноҳияи Самарқанд афтад, баъди убури рӯди Дарғом пеши назар майдони васеъ, ки аз аввали баҳор то тирамоҳ сабзу хуррам аст, ҷилвагар мегардад. Дар ин минтақа деҳқонони соҳибтаҷриба аз замин ду-се маротиба ҳосил гирифта, боиси тааҷҷубу ситоиши меҳмонону мизбонон мешаванд.
– Як замон падарам, баъд ман, ҳоло фарзандону набераҳо бо кишоварзӣ машғуланд, – гуфт фермер Ӯткур Истамқулов. – Устухони мо бо нони деҳқонӣ сахт шудааст. Амалӣ гардидани нияту орзуҳо, хариди нақлиёту бунёди кошонаҳо ба ивази меҳнати ҳалол гӯям, муболиға намешавад. Лекин бо замин «забон» ёфтан ба ҳама ҳам насиб намекунад. Ман аз он дар ҳайратам, ки дар баъзе ҳавлиҳо ғайр аз алафи бегона ҳеҷ чиз намерӯяд. Сарвари оила дар чойхона ва завҷаи ӯ сари кӯча ва овораи гапфурӯшӣ бо ҳамсоягон. Аммо замин бекор хобад,  гуноҳ аст.
Раҳматӣ падарам такрор ба такрор мегуфтанд, ки деҳқонӣ – яке аз ҳафт хазина. Сад афсӯс, ки мо ба қадри замин намерасем. Инро «оби таги дар – тира» мегӯянд.
Ҳар як шахсе, ки дар фаслҳои тобистону тирамоҳ ба деҳқонбозорҳо мераванд, аз растаҳои пури маҳсулоти полиз, нозу неъмати боғ, ҳосили ситрусу хушкмева чашмонаш медурахшад. Фақат шахсони ҳолдон медонанд, ки паси пештахта савдогар нишаста, аксарияти маҳсулоти бозоргир аз хориҷа ворид шудаанд.
Дуруст, баъзе деҳқонҳои маҳаллӣ дар беруни бозор дар сатилу қуттӣ маҳсулоти худро мефурӯшанд, ки нархаш ва сифаташ аз растаҳои бозор арзону паст ҳастанд.
Беихтиёр, саволе бармеояд: чаро ин тавр? Ҷавоб одӣ – тухмиҳои маҳаллӣ ва ҷонсӯзони замин каманд. «Нақдро аз нася хезад нестӣ», гуфтааст Мавлавӣ. 
Бузургон таъкид кардаанд, ки «он бувад аблаҳтарини мардумон, к-аз пайи нафсу ҳаво бошад равон».
Бояд таъкид намуд, ки ҳоло бо ғамхории сарвари давлат дар шаҳру деҳот барои худ кори дилхоҳро пайдо кардан имкон дорад. 
Чуноне ки деҳқонони асил таъкид кардаанд, боигарии ҳақиқӣ ва адонашаванда замин аст.

Зоҳир ҲАСАНЗОДА,
хабарнигори 
«Овози тоҷик» дар вилояти Самарқанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: