ҲАР КАСЕ, КИ ДАР ГУЗАШТА БИМОНД, ОЯНДАИ ХУДРО АЗ ДАСТ МЕДИҲАД

Чанд андеша дар ҳошияи суханони Президент «маънавият аз соҳаҳои дигар даҳ қадам бояд пеш бошад ...»

22 декабр ҷамъомади васеи Шӯрои ҷумҳурӣ оид ба маънавият ва маърифат баргузор гардид. Он ҷо қайд гардид, ки илм, маориф, тарбия ва маънавият дар мамлакатамон масъалаи аввалиндараҷа мебошад. Касеро набояд пинҳон бошад, дар саргаҳи ҳалли ин масъала ё муаммо оила, тарбиячиёни кӯдакистон, омӯзгорон қарор доранд. Парвариши фарзанд аз оила оғоз ёфта, тарбияву таълим дар кӯдакистону мактабҳо идома меёбад. Пас ин се институт дар тарбияю таълими кӯдак то синни камолот масъулияти бештар ва баробар доранд. Агар ҳар се дар ҳамкорӣ дастҷамъ фаъолият баранд, самараи кор назаррас мегардад.
Ба камол расонидани кӯдак асосан бо ду роҳ давом мекунад: тарбияи ҷисмонӣ, яъне солим ба воя расонидан ва дувум тарбияи ақлӣ, яъне тарбияи маънавӣ. Волидон ба тарбияи ҷисмонии фарзанд бештар эътибор медиҳанд. Гӯё фарзанди солим кифоя аст онҳоро. Ба тарбияи маънавии фарзанд на ҳама волидон эътибори ҷиддӣ медиҳанд. Тарбияи маънавиро бештар ба зиммаи мактаб вомегузоранд. Аз ин сабаб тасмим гирифтем, бештар оиди тарбияи маънавӣ ҳарф бизанем. Чаро ки мавҷудоти зиндаи табиат ба парвариш ва тарбияи насли ояндаи худ ғамхорӣ дорад. Вале ҷуз инсон мавҷудоти зиндаи табиат ба насли ояндаи худ тарбияи ақлӣ, яъне тарбияи маънавӣ намедиҳанд. Инсон ҳам яке аз мавҷудоти зиндаи табиат мебошад ва танҳо бо маънавияти худ аз дигар олами ҳастӣ тафовут дорад. Ҷалолиддини Балхӣ мегӯяд, ки «Эй бародар, ту ҳамон андешаӣ».
Замири ин мисраъ маънии зиёд ниҳон аст. Инсон бо андеша, бо донишу  маънавият ва бо рафтору одобаш инсон аст. Мурод аз зиндагӣ хӯрдану хобидан нест, ин одатро ҷамъи мавҷудоти зиндаи табиат дорад. Андешаю донишу маънавияти воло инсонро мондагор гардонанд. Ба маврид аст байтҳои Фирдавсиро ёдовар шавем:
Биноҳои обод гардад 
хароб,             
Зи борону аз тобиши
 офтоб.
Пай афкандам аз назм 
кохи баланд,
Ки аз боду борон наёбад 
газанд.
Намирам аз ин пас, ки 
ман зиндаам,
Ки тухми суханро 
парокандаам.
Дар тӯли таърих собит гардида, ки оқибати ҳама чиз нестӣ дорад. Андешаю дониши комил ва маънавияти воло нестӣ надорад. «Шоҳнома», ки маҳсули донишу андешаи Фирдавсӣ аст, номи ӯро то дар рӯйи Замин инсон ҳаст, зинда нигоҳ медорад. Маънавияти воло инсонро мондагор мегардонад. Инсони донишманду соҳибандеша дар рушди кишвар саҳм мегирад. Шахси бомаърифат ояндаи миллат аст. Ин буд, ки «соҳаи маънавият аз соҳаҳои дигар даҳ қадам бояд пеш бошад, маънавият ба қувваи нав, ба ҷунбиши нав бояд табдил ёбад!», – гуфт Президент.
Президент дар ҷамъомад нӯҳ самти ташаккули маънавиятро иброз намуда, ташаббусҳои муҳимро изҳор кард. Ва дар самти аввал изҳор дошт, ки таълим дар маркази диққат боқӣ мемонад.
Тарбияи маънавӣ аз оила ибтидо мегирад. Аллаи модар сармояи тарбияи маънавӣ будааст. «Алла» ба рӯҳияти тифли навзод таъсири амиқ доштааст, ки тифл ором мегирад ва ба роҳат хоб мекунад. Пас оҳанги хониш ва забони шево навозишгари тифли навзод будааст. Ин андешаро тифл дар оғӯш шеъри Мавлавиро хондани модари ҷавони бухороӣ Нилуфар Мӯъминова, ки аз тариқи шабакаҳои интернет садо дод, далели бомӯътамад аст. Пас модарон бояд шеър хонанд, ғазал донанд ва бо оҳанги «Алла» сароянд. Сурудро бояд табиӣ, самимӣ ва гуворо сароянд чун Нилуфар Мӯъминова. Ин аст ибтидои тарбияи маънавӣ.
Модар офаридгор аст ва ба тарбияи маънавии офаридаи худ масъулияти бештар дорад. Аввалан модар бояд соҳиби маърифату маънавият бошад. Муҳимтарин сарчашмаи ташаккули маънавияту маърифат китоб асту китоб аст. Оё имрӯз модарони ҷавон китоб мехонанд? Ниҳоят кам, кам андар кам китоб мехонанд. Агар фарзанди мактабрав надоранд, дар бисёр хонадонҳо китобу рӯзнома ва ё маҷаллае дучор намекунед... Аввал, волидон, ба вижа, модаронро бояд китобхон кард. Нахустин сарчашмаи тарбияи маънавӣ маҳз модар аст. Навозиш, хондани суруди «Алла», нақли ривояту афсонаҳо аз ҷониби модар ва дигар аъзоёни калонсоли оила сарманшаи тарбияи маънавӣ мебошанд. 
Кӯдакистону мактабҳои таълими ҳамагонӣ, ки дар тааллуқияти як вазорат мебошанд, доири кор дар ин муассисаҳо дар ҳамбастагӣ сухан меронем. Чаро, ки ҳар ду ба таълиму тарбия сару кор доранд. Ва тарбиячию омӯзгор  ва кӯдакону  толибилмон субъектҳои асосии муассисаҳои мазкур мебошанд. 
Бешубҳа, дар кишвар доири кори таълиму тарбия дар муассисаҳои таълими томактабӣ ва таҳсилоти ҳамагонӣ ислоҳоти созандаю бунёдкорона амалӣ гаштаанд ва боз дар амал тадбиқ мегарданд. Кӯдакистону мактабҳои деҳоти дурдаст ҳам бо техникаву технологияи навин таъмин ва таҷҳизонида шудаанд.Ба тарбиячиёну омӯзгорон имкониятҳои зиёд фароҳам омада, барои баланд бардоштани қадри онҳо дар ҷомеа корҳои зиёд анҷом пазируфт. Пас, имрӯз дар муассисаҳои мазкур чӣ гуна вазъият ҳукмрон аст? Оё фаъолияти тарбиячиён ва омӯзгорон ва кӯдакону толибилмон ҳамқадами замон мебошад? Оё онҳо аз имкониятҳои муҳайё самаранок истифода доранд? Оё худшиносӣ, ҷаҳонбинӣ ва худомӯзии  кулли омӯзгорон ба талаботи имрӯз ҷавобгӯ мебошад? 
Омӯзгору устод инсонро аз зулмати ҷаҳлу нодонӣ наҷот мебахшад. Гулҳои илмро дар гулистони вуҷуд мепарварад ва шаҳди ширини донишро ба коми ташнагони илм мерезад. Воқеан, устод ситорапардоз аст, ситораҳоро нақш мебандад, ҷило медиҳад ва дар осмони зиндагӣ раҳо месозад. Беҳуда нафармудаанд: 
Ҳар киро устод набвад, 
кор бар бунёд нест,
Дар раҳи маънӣ рафиқе 
беҳтар аз устод нест.
Аз гузашти таърих як чиз мусаллам аст. Табақаи зиёиён дар ҷомеа ҳеч гоҳ дар сафи пеш ҳам набуд ва дар сафи охир ҳам. Ҳамеша зиндагие дошт миёнаҳол, вале қадр дошту ҳурмату эҳтиром. Имрӯз шахсияти муаллим хеле костааст ва бӯҳрони омӯзгор фаро расида. Таназзули шахсияти омӯзгор танҳо дар кишвари мо не, балки ин ҷараён кулли мамолики ҷаҳонро ҷуз Ҷопон, Сингапур ва Хитой фаро гирифтааст. Омили ин ҳодисаи ногувор рушду равнақи шабакаҳои интернет мебошад. Дар вазъияте, ки «суръати рушд дар ҷаҳон хусусияти суръатнок касб намуд, таъсири ҷараёнҳои номуносиб мамлакати моро низ дар канор намегузорад», – гуфт Президент. Дар ин ҷараён ҳамеша вакилони аҳли зиё «бо қалб ва дили бедор ба майдон мардонавор баромадаанд». Омӯзгор ҳам ба ин тоифа шомил аст. Пас чӣ бояд кард?
Омӯзгор бояд аввал мавқеъ ва шахсияи худро дар ҷомеа пайдо кунад. Ҷопон ва Сингапур асосан туфайли меҳнати пурмашаққат ва самараноки омӯзгорон ба ин дараҷаи тараққиёт расидаанд. Омӯзгорон, ки эҳсосоти баланди ватандӯстӣ доранд, тавонистанд кадрҳои болаёқати бо замон ҳамнафасро тарбият намуда, ба камол расонанд. Давлат бе мутахассисони баландпоя рушду нумӯ намеёбад. Аз ин рӯ, дар ин кишварҳо қадри омӯзгор баланд аст. 
Илм рушд мекунад. Техникаву технологияи нав дар соҳаи таълим ҷорӣ мешавад. Омӯзгор бояд ҳамқадами замон бошад. Оё кулли омӯзгорони мо ҳамқадами замон мебошанд? Не. Ҳастанд омӯзгороне, ки аз компутер истифода бурда наметавонанд. Китобу рӯзнома намехонанд.  Боре дар мактабе будам. Соати аввал дар ҳамаи синфҳо дарси маънавият будааст. Ҷонишини директор оид ба корҳои тарбияи маънавӣ номи мавзӯъҳои дарсро аз чаҳор нафар роҳбари синф пурсид. Таассуфовар буд, нафаре ҳам аз онҳо мавзӯи дарсиашро намедонист. Зиёданд омӯзгорони фанние, ки бе омодагӣ ба дарс меоянд. Китобу рӯзнома намехонанд ва ҳатто ба дарси яксоатааш омодагӣ намебинад. Фаромӯш кардаанд, ки омӯзгор беомодагӣ ба дарс ояд, ӯ симои муаллимии худро гум мекунад. Омӯзгор бояд танбал набошад. Омӯзгор танҳо метавонад зимни омӯзиш, омӯзиш ва боз омӯзиш шахсият ва симои пешини худ (симои омӯзгори айёми шӯравӣ ва Ҷопону Сингапур)-ро пайдо кунад. Илм рушд мекунад. Бояд китобҳои илмии тахассусӣ ва бадеӣ, маҷаллаву рӯзнома хонад. Аз маводи шабакаҳои интернет огоҳ бошад. Бо техникаву технологияи замон ошно ва онҳоро мавриди истифода қарор дода тавонад.Чунки ҳар касе, ки дар гузашта бимонд, ояндаро аз даст медиҳад. Омӯзгорони ҷавон аз маводи шабакаҳои интернет истифода мебаранд, вале афсус на маводеро оиди тахассусии худ мехонанд. Хабар мехонанд ва ё ворид мешаванд ба бозиҳои шавқовар. Одам бо хабархонӣ ҳеч гоҳ донишманд намешавад. Ҷаҳонбинӣ ва дониши омӯзгор бояд дар ҳар ҳолат  аз дигар табақаҳои ҷомеа як қадам дар пеш бошад. Мо муқобили истифодаи шабакаҳои интернет нестем. Аз он бо мақсади мушаххас самаранок бояд истифода бурд. Вале китоб китоб аст. Шабакаҳои интернет манфиати зиёд доранд, мусовӣ бо он ба сиҳатии инсон таъсири манфӣ ҳам доранд.
Китоб бӯй дорад, бӯйе, ки касро ҳаловат мебахшад. Бӯйи китоб хонандаро лаззат бахшида, эҳсосро бедор мекунад, яъне барои эҷод ва бунёдкорӣ ба роҳи дуруст ҳидоят мекунад. Китоб нур дорад, нуре, ки ба дилҳои торик равшанӣ мебахшад. Китоб дӯстест, ки:
Ҳар лаҳза аз ӯ ба гӯшаи 
танҳоӣ,
Сад роҳат асту ҳаргиз 
озоре нест.
Бе тарбиятгару омӯзгори пуриқтидор ҷаҳон тира аст. Ҷавонон ояндасози ҷомеа будаанду мебошанд. Муҳимтарин омили пешрафти иқтисодиёти Ҷопон омӯзгор буд. Омӯзгорони Ҷопон тавонистанд соҳибихтисосони бо замон ҳамқадамро тарбия кунанд. Ҳоло дар Ҷопон Рӯзи омӯзгор ҷашн гирифта намешавад, вале қадру эҳтироми омӯзгор аз кормандони вазорату вазирон кам нест. Омӯзгорони мо низ ба анъанаҳои миллиамон такя намуда, зимни омӯзиши таҷрибаи таълиму тарбияи давлатҳои пешрафтаи дунё фаъолияти худро роҳандозӣ созанд.
Кӯдак ва толибилми имрӯз аз кӯдакону хонандагони 25-30 сол пеш куллан фарқ доранд. Кӯдаку толибилми имрӯз аз техникаву технологияи замон хуб воқиф аст. Ҳатто зимни истифодаи воситаҳои техникӣ баъзе хонандагон аз баъзе омӯзгорон фаъолтаранд. Мавқеъ ва эҳтироми худро гум кардани аксар омӯзгорон ҳам аз ҳамин ҷо оғоз гирифтааст. Хонанда аз омӯзгор не, омӯзгор корбурди воситаҳои техникиро аз толибилм хоҳиш мекунад...
Ҳарчанд кӯдакон ва толибилмони имрӯз дар истифодаи воситаҳои техникӣ фаъол мебошанд, онҳо ҷаҳонбинии васеъ, нутқи равон надоранд, ҳатто ҷумлаеро беиштибоҳ тартиб дода наметавонанд, дар навиштани иншою нақли хаттӣ хеле оҷизанд. Асосан ба иҷрои амалиёти тест машғул. Хонандаи мактаби тоҷикӣ имрӯз доири Мирсаид Миршакар, Убайд Раҷаб, Аминҷон Шукӯҳӣ ва ҳатто оиди «Мактаби кӯҳна»-и  устод Садриддин Айнӣ тасаввурот надорад. Он чӣ дар китоби таълимӣ дарҷ ёфтааст, онро мехонанд, вале аксарият чун омӯзгорон китоби бадеӣ намехонанд. Ҳама ба шабакаҳои интернет чун ширеш часпидаанд ва шояд аз оқибати ногувори он огоҳӣ надоранд. Волидон ва омӯзгорон, ки худ гирифтори ин беморианд, огоҳӣ надоранд, ки толибилми кунуниро афсурдагӣ фаро гирифтааст. Бо вуҷуди ба сиёсати давлат табдил ёфтани китобхонӣ хонандаи имрӯз кам китоб мехонад. Вақти баъди дарси худро асосан бо телефону тамошои шабакаҳои интернет мегузаронад. Аз ҷониби касе назорат намешавад. Бо атрофиён мулоқот надоранд. Аз ҷамоа дурӣ меҷӯянд. Ана, ҳамин танҳоӣ ба афсурдагӣ мерасонад, ки фоли хуб нест.
Сарвари кишвар беҳуда таъкид надорад, ки «маънавият ба қувваи нав, ба ҷунбиши нав бояд табдил ёбад». Дастбакорони муассисоти кӯдакистону мактабҳо  ва оила бояд гуфтаҳои Президентро ба шиори рӯзмарраи худ табдил дода, дар ташаккули маънавият ва маърифати насли ҷавон саҳм бигиранд. Китобхонӣ ояндаи миллат аст. Фикру зеҳнро бояд дигар кард. Муҳимтарин вазифаи таълим имрӯз тарбияи шахсият аст. Шахсият, ки ташаккул ёфт, фикру зеҳн дигар мешавад. Шахсияти ташаккулёфта бо рушди замон ҳамқадам ва ҳамнафас мегардад. Ин ашхос метавонанд дар рушду нумӯи кишвар саҳми мондагор дошта бошанд.

Ӯзбакбойи РАҲМОН,
хабарнигори 
«Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: