САЙЁҲИИ ЭТНОГРАФӢ БАРПО МЕГАРДАД

Дар Бухоро оид ба барпо намудани парки сайёҳии этнографӣ анҷумани матбуотӣ баргузор гардид.

Ҳокими вилоят Ботир Зарифов дар бораи бунёдкориҳои васеъмиқёси вилоят, азму кушишҳо бобати афзун гардондани даромади миллӣ, таъмин намудани фаровонии онҳо бо факту рақамҳои зиёд маълумот дод. 
– Оё ин комёбиҳо моро қаноат мекунонанд? – пурсид вай ва худ ҷавоб дод:
Албатта не, имрӯз бисёр ҳамдиёронамон барои кор ба муҳоҷират рафтаанд. Агар онҳоро ба зодгоҳашон баргардонем, оё бо кор таъмин карда метавонем? Бо кадом роҳ талаботи моддии оилаҳои эшонро қонеъ гардонда метавонем? Барои ин ташаббус ва лоиҳа-ҳои сердаромад лозим. Бешубҳа, дар ин бора имконият дорем. Масалан, бо роҳи сайёҳӣ, такмил додани инфрасохтори он дилпурона ба ин ҳадаф расида метавонем, – гуфт ҳокими вилоят. 
Ҳоло шумораи меҳмонхонаҳо дар вилоят панҷ баробар афзуда, ба 541-то расидааст. Ҷогаҳи меҳмонон низ ба 14 ҳазор расида, 4 баробар зиёд шудааст. Ҳамин тариқ дар аэропорти байналмилалии Бухоро парвози самолётҳо ҳафт-ҳашт баробар афзоиш ёфтааст. Имрӯз ба ғайр аз Туркия ва Русия ба Фаронса, Англия,  Швейтсария, Венгрия, Ҷо-пон, Исроил, Покистон, Арабистони Саудӣ, АМА, Қатар, Малта, Озарбойҷон, Белорусия, Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон парвозҳо ба амал меоянд. Ҳаракати қатораи «Афросиёб» ду баробар афзуд. Оқибат ҷойи корӣ ба ҷойи 3,5 ҳазор нафари 7 сол муқаддам ҳоло ба 52 ҳазор нафар (қариб 15 баробар) рост меояд.
Бинобар талаботи рӯзафзун лоиҳаи «Парки таърихию этнографии Бухорои боқӣ» таҳия ёфт. 
Сипас, таркиби лоиҳа, боғу иморатҳо, объектҳои дохили он пурра маънидод карда шуд.

А. АВЕЗОВ, 
хабарнигори
 «Овози тоҷик» дар вилояти Бухоро.  

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: