ФОРИШ ҲАМ ФАЙЗЁБ МЕГАРДАД

Иқдоми неку наҷибе, ки бо ташаббус ва сарпарастии Сарвари давлат Шавкат Мирзиёев амалӣ гардонида мешавад, ин қабл аз ҳама обод намудани дурдасттарин деҳу овул ва шароити мусоид фароҳам овардан ба бошандагон мебошад.

Агар дақиқ назар андозем, корҳои созандагӣ қариб дар ҳамаи маҳаллаҳои ҳудуди вилояти Ҷиззах ҷараён доранд. Марказҳои ҳамаи навоҳиву шаҳрҳо дар давоми се-чор соли охир намои зебову замонавӣ мегиранд. 
Хатҳои нави об, газ, электр, таъмир ва азнавсохти роҳҳои мошингард, бунёд гардидани биноҳои истиқоматӣ аз он шаҳодат медиҳад, ки дар Ӯзбекистони Нав эътибор ба шароити зист, некӯаҳволии мардум хуб аст. Инсон қадр меёбад.
Танҳо як ноҳияи вилоят – Форишро бигирем, роҳи мошингарди кӯчаи марказии маркази ноҳия – шаҳрчаи Боғдон аз сари нав асфалтпӯш гардид, роҳи дутарафа ҳосил шуд.
Дар кӯчаи Мевазори маҳаллаи Хонбандӣ бошад, ҳоло роҳи нави бетонӣ месозанд, ки 4,5 километр дарозӣ дорад. Иҷрои ин корро роҳсозони Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Бунёдкор обод Фориш» бар ӯҳда гирифтааст. Роҳсозӣ ва корҳои таъмири роҳ дар маҳаллаҳои «Кулба», «Фориш», «Норвон»  низ ҷараён доранд.
Дар маҳаллаи «Норвон» бо сарпарастии сектори дуюм дар чуқурии 130 метр чоҳи артезианӣ кофта, ба масофаи 1600 метр хати нави об мекашанд. Дар ҳамин замина як чиз ба хотирам расид. Ҳар вақте ба деҳаи Ӯхм  мерафтам,  хусусан аҳолии маҳаллаи Ҳаёти нав, ки беш аз шаст хонаводаро ташкил медиҳад, аз танқисии об дар фасли гармои тобистон азоб кашиданашонро бо чашми худ медидам. Инак, порсол дар доираи «Маҳаллаи обод» ба ин ҷо лӯлаи об кашида, ҳавз сохтанд ва аз он ба ҳар хона хати нави об кашиданд. Мардум акнун мамнунанд, ки ба дари хонаашон об омад.
Дар маҳаллаи «Эгизбулоқ» канал сохтанд. Аз болои он ду пули мошингузар бунёд менамоянд. Корҳои кӯпруксозӣ аз ҷониби коргарони Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Файзли иншоот» барпо карда мешавад, ки ва се миллиарду сесад миллион сӯм қиммат дорад. Дар ин ҷо ҳамчунин Маркази фарҳанги дорои 250 нишаст  месозанд.
Дар асоси Барномаи «Маҳаллаи обод» корҳои ободонӣ дар маҳаллаи «Қизилқум» ҷараён доранд. Дар ин ҷо ба масофаи шаш километр роҳ шағал ва се километри дигар асфалт хобонида ҳамвору мумфарш мекунанд. Бо қимати қариб 1,5 миллиард сӯм бинои бунгоҳи тиббиву мактабро аз таъмири мукаммал мебароранд. Иншооти обкашӣ сохта, ба ҳар як хона хати оби тозаи ошомиданӣ кашида мешавад.
Салоҳияти саноатии ноҳия ҳам торафт афзун мегардад.  Корхонаи навтаъсиси  «DONA TEXTILE MODA» 185 нафар бонувонро бо кор фаро гирифтааст. Барои аз хонаашон ба кор бурда овардани коргарон ду автобус ҷудо карда шудааст.
Тайи солҳои охир шумораи умумии муассисаҳои таълими томактабӣ ба 83 адад расид. Аз ин 17-тояш давлатӣ, 6-то хусусӣ – давлатӣ, 60-то оилавӣ мебошад. Айни замон дар маҳаллаҳои «Дӯстӣ», «Оқтом», «Норвон», «Гараша» боғчаҳои кӯдакона месозанд, ки ҳар яке барои 100-120 нафар пешбинӣ гардидааст.
Умуман Фориш аз ин бунёдкориҳо торафт қиёфаи зебо гирифта, дар давраи  Ӯзбекистони Нав файзёб мегардад.

Анорбой НАЗАРОВ,
хабарнигори 
«Овози тоҷик.»

Вилояти ҶИЗЗАХ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: