«Global Times»: ҲАМКОРИИ ЧИН ВА ӮЗБЕКИСТОН — РОҲ БА СӮЙИ ПЕШРАФТ ВА ШУКУФОӢ

Дар саҳифаҳои рӯзномаи пешбари ҶМЧ «Global Times», ки бо забони англисӣ чоп мешавад, таҳти сарлавҳаи «Ӯзбекистон дар ҷустуҷӯйи роҳи нав ба пешрафт ва шукуфоӣ якҷоя бо Чин» мақолаи васеи таҳлилӣ чоп шуд.

Тавре ки дар мақола омадааст, Ӯзбекистон шарики ҳамаҷонибаи стратегии Чин буда, таҳти роҳбарии Президент Шавкат Мирзиёев ба рушди муносибатҳои дуҷониба, аз ҷумла дастгирии фаъолонаи ташаббуси Чин «Як камарбанд, як роҳ» аҳамияти бузург дода мешавад.
«Global Times» таъкид мекунад, ки соли 2023 дар таърихи равобити Чину Ӯзбекистон соли муҳим гардид. Ҳамкории зич дар сатҳи баланди ду кишвар хусусияти муносибатҳои дуҷонибаро инъикос намуда, эҳтироми мутақобила, ҳамсоягии нек ва омодагӣ ба кумак ба ҳамдигарро нишон медиҳад.
Ба навиштаи нашрия, эътимоди мутақобилаи сиёсӣ миёни Чин ва Ӯзбекистон ба сатҳи нав расидааст. Дар соли 2013 Чин ташаббуси бунёди «Камарбанди иқтисодии Роҳи абрешим»-ро оғоз кард, ки аз ҷониби Ӯзбекистон ҳамчун тадбири муҳими эҳёи Роҳи бостонии абрешим баҳои баланд гирифт.
Қайд карда мешавад, ки Чин дар ҳоли ҳозир бузургтарин манбаи воридот ва шарики тиҷоратии Ӯзбекистон, ба шумор меравад, инчунин оид ба содирот дар ҷойи дуюм қарор дорад. Пайвастшавӣ бо роҳи автомобилгард як самти муҳими ҳамкориҳои Чину Ӯзбекистон буда, ба табдили Ӯзбекистон аз «кишварҳое, ки ба баҳр роҳ надоранд» ба «кишвари бо замин пайваст» самаранок мусоидат мекунад. Хатти роҳи оҳани «Ангрен – Поп», тӯлонитарин нақби Ӯзбекистон ва Осиёи Марказӣ, ки ҷониби Чин сохтааст, бомуваффақият анҷом ёфт. Долони нақлиётии «Чин – Қирғизистон – Ӯзбекистон» ба артерияи байналмилалии нақлиётӣ табдил ёфта, аз кӯҳҳо мегузарад. Ҳамаи чаҳор масири лӯлаи гази «Осиёи Марказӣ – Чин» аз қаламрави Ӯзбекистон убур карда, барои ҳамкориҳои дӯстонаи кишварҳои ҳамсоя нишонаи ибрат аст.
Ба ғайр аз ин, мубодилаи фарҳангии байни Чин ва Ӯзбекистон неруи нав пайдо мекунад. Байни донишгоҳҳо, марказҳои таҳлилӣ, ВАО ва бахшҳои санъат, археология ва тандурустии ду кишвар зуд-зуд мубодилаи афкор сурат мегирад. Созишнома ва ёддоштҳои ҳусни тафоҳум дар соҳаи ҳамкориҳо дар соҳаи сайёҳӣ ба имзо расид. Рӯзнома менависад, дар ҳоле ки Ӯзбекистон барои сайёҳон аз Чин режими бидуни раводиди 10 рӯзро ҷорӣ мекунад, ҳамкориҳои сайёҳӣ миёни Чин ва Ӯзбекистон барои густариши минбаъдаи миқёси корҳо омодаанд, менависад рӯзнома.
Дар соли 2024 ҳарду ҷониб ҳамкориҳоро дар бахшҳои мухталиф, аз қабили иқтисод, тиҷорат, сармоягузорӣ, молия, пайвастагӣ, кишоварзӣ, энергетика ва рушди «сабз» фаъол ва амиқтар хоҳанд кард.
Ҳарду кишвар бояд аз афзалиятҳои иловагии соҳаҳо пурра истифода намуда, савдоро пеш баранд, сохтори савдоро оптимизатсия кунанд ва устувории занҷирҳои саноатӣ ва таъминотро нигоҳ доранд. Онҳо ҳамчунин дар чаҳорчӯби механизмҳои бисёрҷониба, аз қабили СММ ва СҲШ ҳамкориро наздик хоҳанд кард, хулоса мекунад «Global Times».

АИ «Дунё»,
ПЕКИН

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: