УСТОД АГАР НАБОШАД...

Агар барои ранги сабз ба бар намудани замин баҳор лозим бошад ва барои равшан шудани дунёи зулмонӣ моҳтобу ситораҳову офтоб зарур бошад, пас барои ҳарҷониба обутоб ёфтани инсон устод як рамзу чароғи асосӣ ба ҳисоб меравад.

Устод агар набошад, ақле ба cap набошад,
Дар боғи зиндагонӣ, гарди самар набошад.
Бе роҳнамою роҳбар, дар ин ҷаҳони бесар,
Пойи равон набошад, нури басар набошад... 
    
Агар барои ранги сабз ба бар намудани замин баҳор лозим бошад ва барои равшан шудани дунёи зулмонӣ моҳтобу ситораҳову офтоб зарур бошад, пас барои ҳарҷониба обутоб ёфтани инсон устод як рамзу чароғи асосӣ ба ҳисоб меравад. Шогирд дар пайроҳаҳои зиндагонӣ ба худ устоди беҳтарин интихоб накунад, пас ӯ барои расидан ба қуллаҳои баланд душворӣ мекашад. Бар ҳама аёну равшан аст, ки ҳеҷ кас аз пеши худ ба коре ё ба чизе муваффақ намегардад. Ҳатман ба ӯ касе раҳнамоӣ мекунад ва баъд ӯ соҳиби натиҷаи хуб мегардад. Чи тавре бузургони мо мефармоянд: 
Ҳеҷ кас аз пеши худ чизе нашуд, 
Ҳеҷ оҳан ханҷари тезе нашуд...
Оре, пас мо шоҳиди он мешавем, ки инсон ҳам бе устод наметавонад аз доираи тафаккури маҳдуд берун гашта, оламу одамро дарк намояд. Ҷои пӯшида нест, ки Худованд инсонро бо қобилиятҳои тайёр ба дунё тавлид намесозад, балки ба ӯ ҷанинҳои инкишофро медиҳад. Аллоҳи муттаол фармудааст: «Аз ту ҳаракат – аз ман баракат». Пас асли қазия, ки ин аст, мо бояд ҷидду ҷаҳд намоем ва аз паи рӯзгору зиндагӣ кӯшем. Албатта инсон бояд дар интихоби устод ҳам ҳушёр  бошад. Ҳама кас ҳам устод шуда метавонад. Вале байни устод то устод як фарқияти басо муҳиме вуҷуд дорад. Устоди хуб метавонад шогирдро ба қуллаҳои баланд раҳнамо созад. Вале дар баробари устод шогирд ҳам бояд ба сирати чӣ гуна шогирдӣ кардан ва шогирд буданро дошта бошад. Мо шогирдони устодони оқил бояд ба ҷой гузоштани эҳтироми устодро аз ҳазрати Мусо омӯзем. Вақте Мусо алайҳиссалом дар чиҳил шутур бор «Таврот» ҳифз дошт ва бо Ҳаққ таъоло сухан мегуфт, ногаҳ дар дилаш розе пайдо шуд, ки имрӯз аз ман ҳам донотар касе бошад. Дар ин сурат аз сӯи Худо нидо омад: «Эй Мусо, бандагони мо аз ту олимтаранд, чӣ донӣ, ки ман илми худро куҷо ниҳодаам. Маро банда ҳаст дар Маҷмаъулбаҳрайн аз ту донотар». Мусо (а) гуфт: «Худовандо вайро ба ман бинамо». Ин шахс Хизр (а) буд. Вақте Мусо ба назди Хизр барои таълим рафт ва бо он бузургӣ ба Хизр хоҳиши иҷозат пурсид, то Хизр (а) ба шогирдӣ қабул намояд. Дар ин асно инҳо дар масири роҳ буданд. Хизр (а) таклифро пазируфт бо шарте гар Мусо кам савол диҳад. Вале дар баромади сафар Мусо (а) аллакай суол кард ва ин чанд бор такрор ёфт, дар охир Мусо аҳд кард, агар боз суол кунам шогирд нахонедам. Мутаассифона Хизр (а) сари инсонеро аз тан ҷудо менамояд ва Мусо боз суол мекунад. Ин чӣ кардае буд. Хулоса дар охири сафар Хизр (а) мегӯяд, ту дигар шогирди ман шуда наметавонӣ. Пас, аз ин сухан Мусо (а) бо худ аҳд мекунад, ки дигар суол намедиҳад. Ва ҳамин тавр хомӯшона ҳаракатҳои Хизрро мушоҳида менамояд. Яъне сухан дар бораи он аст, ки ҳурмати устодро то чӣ андоза ба ҷо овардани Мусо. Мақсад Мусо (а) нагуфт ман паёмбар ҳастам, соҳиби таврот ҳастам, сардори қавми Исроил ҳастам, амири қавм ҳастам, ту ҳақ надорӣ бо ман ингуна дар муомилот бошӣ, балки бояд ҳамчун шогирди муаддаб ба гуфтаи устод сар фурӯ овард. (Қисса аз китоби «Қисас-ул-анбиё»). 
Дар масъалаи устоди хуб ё беҳтарин каме сухан гӯем боз зеботар мешавад. Устоди беҳ бояд он бошад, ки он чиро барои худ дӯст дорад, барои шогирдон ҳам мақбул донад ва он чиро, ки худ мақбул надорад, барои шогирдон низ хуш надорад. Устод бояд ҳушёртар дар пеши нафсонияташ бо шогирд бошад ва муроқиби ростгӯӣ ва ахлоқи ботинии худ ва атрофиёнаш бошад. Дар ин сурат вай метавонад аз худ ба шогирд меросе ё сутуне боқӣ гузорад ва ӯро ба қуллаи баланд барорад. Шояд устоде набошад, ки барои нафъи зарари шогирди хеш мекӯшида бошад. Вай фарзандашро чӣ тавр тарбия ва ҳурмат менамояд дастпарвардонашро низ чунин ҳурмат мекунад. Зеро хоҳ фарзанд, хоҳ шогирд агар дар ҷамъият шахсони намоён шуда ба воя расанд, албатта ин боиси фахри устод  мегардад. Шогирд бояд ба ҳар ранҷу азоби устод тобовар бошад. Зеро ҳар ранҷу озори  устодро аз меҳру муҳаббати падар болотар ва азизтар бояд гузошт, ки ин маъниро дар сатрҳои зерини устоди зинданом Бадриддини Ҳилолӣ чунин мебинем:
Ҳаққи устод аз падар беш аст,
В-аз падар устод дар пеш аст.

Насим СОДИҚОВ,
донишҷӯйи Донишкадаи 
омӯзгории Чирчиқ.    

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: