ЭКСТРЕМИЗМ ВА ТЕРРОРИЗМ – ПАДИДАҲОИ НОМАТЛУБИ ҶОМЕА

Дар замони мо, ки пур аз тазод, мушкилот, ихтилофу зиддиятҳост, доир ба афзудан ва густариш пайдо кардани экстремизм, фундаментализм, терроризм ва дигар зуҳуроту падидаҳои номатлубу хатарафзо зиёд ҳарф мезананд ва менависанд.

Дар замони мо, ки пур аз тазод, мушкилот, ихтилофу зиддиятҳост, доир ба афзудан ва густариш пайдо кардани экстремизм, фундаментализм, терроризм ва дигар зуҳуроту падидаҳои номатлубу хатарафзо зиёд ҳарф мезананд ва менависанд.
Ҳоло шахсон, ҳизбу ҳаракатҳо ва созмонҳое ҳастанд, ки саъй мекунанд, мақсаду маром, ғояву андеша, афкор ва нақшаҳои худро бо ҳар роҳу восита, ҳатто, бо амалҳои тундравона амалӣ созанд. Ба ақидаи аксари муҳаққиқон, сиёсатшиносон, рӯзноманигорон экстремизм бештар аз ҳама дар соҳаи дин дучор меояд ва ин падида дар тамоми гӯшаву канори сайёраи мо ба назар мерасад. Ба ҳар ҳол баъзе сабабҳо, решаҳо, омилҳо ва ангезаҳои асосӣ ва умумии онро номбар кардан мумкин аст: якум, ҳисси маъюсӣ, нобоварӣ ва парешонӣ аз зиндагист. Дуюм, ҷараёни бошиддати ҷаҳонишавӣ, ки олами моро тағйир медиҳад, ба дин, фарҳанг, сатҳи иҷтимоӣ ва иқтисодӣ таъсири амиқ мерасонанд. Омили сеюме, ки бештар дар ҷаҳони ислом, дар байни мусулмонон роиҷ аст, ин эҳсоси беадолатӣ нисбат ба ислом ва пайравони он мебошад. Аксари мусулмонони олам чунин мешуморанд, ки мамолики Ғарб нисбати онҳо сиёсати духӯраро ба кор мебаранд. Мутаассифона, аксари онҳое, ки бо асли аркон, таърих, фарҳанг, аҳком, фалсафа ва ахлоқи ислом ошно нестанд, чунин меҳисобанд, ки хислатҳои ситезу тундравӣ, таҷовузгароӣ, бадқасдӣ, таҳаммулнопазирӣ ба ислом хос аст. Ин андешаи  ғалат аст. Зеро «Қуръон», ҳадис, тамоми аҳкому аркони ислом ва фалсафаю ахлоқи он бар пояи адолат, баробарию бародарӣ, озодӣ, амният бунёд ёфта, зарурияти сулҳ, ризоият, таҳаммул, оромӣ, амният, адолатро бо ҳама зуҳуроти он дар тамоми ҷабҳаҳои зиндагӣ таъкид кардаанд. Ислом дини сулҳу салоҳ ва бародарист.
Экстремизм ва терроризм аз мафҳумҳоест, ки дар дунёи имрӯза вирди забон шудааст. Нахустин баҳсу мунозираҳо миёни мутафаккирон, диншиносон ва баъзе уламои хурофотпараст ва тундрави дин ҳанӯз дар дунёи қадим ба миён омада буд, ки мактабу равияҳои гуногуни диншиносӣ, андешаву афкор ва осори диншиносони Ғарбу Шарқ равшангари ин гуфтаҳост. Сиёсати оид ба дини давлати абадқудрати шӯравӣ, бар пояи атеизм ва ҷаҳонбинии атеистӣ асос ёфта буд. Таъбири (тезиси) машҳури Карл Маркс «Дин барои мардум афюн аст» шиор ва моҳияту мақсади муносибат оид ба дин буд.
Пас аз суқути ИҶШС ва пош хӯрдани иттиҳоди (лагери) сотсиалистӣ мубориза шакли дигарро касб намуд. Рақобати абарқудратҳо, кӯшиши соҳиб шудан ба нуфуз дар ин ё он минтақаи олам, захираву сарватҳои табиӣ, энергетикӣ, ба даст овардани мавқеи афзалиятноки стратегӣ, ҳарбӣ ва ғайра торафт шиддат мегиранд.
Дар аксари мавридҳо онҳо мекӯшанд, ки миёни динҳои бузурги ҷаҳонӣ – ислом ва масеҳият душманӣ ва зиддият барангезанд. Онҳо, тавре ки ишора рафт, ислом ва пайравони онро ҳамчун ҷангҷӯю таҷовузкор, ифротгар, бадкину ситезаҷӯ муаррифӣ намуда, фарҳангу тамаддун, дин ва дигар арзишҳои Ғарбро таърифу тавсиф мекунанд, намунаи ибрат мешуморанд ва онро ба гардани дигарон бо зӯрӣ бор кардан мехоҳанд.
Яке аз омилҳои тезу тунд шудани муносибати баъзе кишварҳои исломӣ бо давлатҳои Ғарб маҳз ҳамин сиёсати риёкорона, муғризона ва мунофиқона аст. Дар давоми даҳсолаҳои охир ва махсусан дар нимаи дуюми асри XX терроризм мавриди таваҷҷӯҳи ҳаматарафаи олимон ва сиёсатмадорон қарор гирифт, хусусан аз ҷониби коршиносони мамлакатҳои Ғарб омӯзиши ин падидаи номатлуб дар мадди аввал гузошта шуд. Барои ба ҳадафҳои сиёсӣ расидан аксаран ташкилотҳои экстремистӣ ба эътиқоди динии шахсон таъсир расонида, мардумро бовар кунониданӣ мешаванд, ки сиёсати давлатдорӣ бар зидди ақидаҳои динии онҳост. Маҳз бо ин роҳу восита мехоҳанд дини мубини исломро барои ба ҳадафҳои нопоки худ ноил шудан истифода баранд. Қурбонии терроризм дар ин ё он минтақа асосан ҷавонон мебошанд. Аз ин рӯ, ҷавононро мебояд, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, сабабу авомили бурузи афкори терроризмро биёмӯзанд ва барои дафъи он кӯшиш кунанд, то сулҳ, ваҳдат ва амнияти кишварашон ҳифз гардад.
Хулоса, имрӯз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ба осудагии ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст.  Барои нест кардани он бояд корҳои тарғиботию ташвиқотӣ оид ба роҳҳои мубориза бо терроризм, экстремизм ва оқибатҳои нангини он мунтазам ба роҳ монда шаванд, сиёсати давлатии дастгирии ҷавонон оид ба ғояҳои пешбарандаи ҷомеа мудом мавриди амал қарор бигиранд, ҳамчунин ба омил ва шароитҳои ба ин падидаҳои номатлуб мусоидаткунанда, аз ҷумла экстремизм ва терроризм муборизаи беамон бурда шавад.

Акмал ИБОДУЛЛОЕВ,  
устоди кафедраи сиёсатшиносии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: