ФУРӮШ Ё БА ГАРАВ ГУЗОШТАНИ САРВАТҲОИ ЗЕРИЗАМИНӢ МАНЪ КАРДА МЕШАВАД

Фурӯш, ҳадя, васият кардан, ба амонат ё ба гарав гузоштани қитъаҳои сарватҳои зеризаминӣ манъ аст.

Намудҳо ва андозаи ҳаққи истифодаи сарватҳои зеризаминӣ аниқ муайян карда шудаанд.
Айнан ҳамин меъёрҳо дар лоиҳаи қонун «Дар бораи қаъри замин», ки дар ҷаласаи Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис баррасӣ шуд, инъикос ёфтааст.
Лоиҳаи қонун, ки аз ҷониби вакилон дар қироати аввал баррасӣ шуд, бо мақсади таъмини иҷрои банди 7 қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи чораҳои иловагӣ оид ба ҷалби фаъолонаи сармоягузорӣ ба соҳаи геология, трансформатсияи корхонаҳои соҳа ва васеъ намудани пойгоҳи ашёи хоми минералӣ» таҳия шудааст.
Ин ҳуҷҷат муносибатҳои тадқиқоти геологӣ ва истихроҷи канданиҳои фоиданок, инчунин ҳифзи сарватҳои зеризаминиро аз тарафи Кумитаи давлатии геология ва захираҳои минералӣ ба танзим меорад. Дар лоиҳа номгӯи мақомоти махсуси ваколатдори давлатӣ дар соҳаи истифодаи сарватҳои зеризаминӣ ва доираҳои ваколати онҳо аниқ муайян карда шуда, ба фонди давлатии сарватҳои зеризаминӣ бо ворид намудани  мафҳуми нави «фонди захиравӣ»  моҳияти он тавсиф карда мешавад. 
Тартиби истифодабарии сарватҳои зеризаминӣ низ такмил меёбад. Аз ҷумла, дар асоси стандартҳои байналмилалӣ низоми ба блокҳо ҷудо кардани қитъаҳои сарватҳои зеризаминие, ки аз ҷиҳати геологӣ омӯхта нашудаанд ва суст омӯхта шудаанд, ҷорӣ карда мешавад.
Дар ҷамъомад лоиҳаи қонун аз ҷониби вакилон дар хониши якум қабул гардид.
ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: