САЛОҲИЯТИ САЙЁҲИИ ҶУМҲУРӢ МЕАФЗОЯД

Эътибор ва ислоҳоти васеъмиқёсе, ки бо ташаббуси Президент доир ба рушди сайёҳии мамлакат амалӣ мешаванд, дар фаъолияти минбаъда ва тараққиёти соҳа нақши муҳим мегузоранд.

Тавре ки маълум аст, шурӯъ аз 10 феврали соли ҷорӣ дар асоси супоришоти Президент дар мамлакатамон ба мақсади рушди сайёҳӣ, фароҳам овардани шароити мусоиди сайёҳӣ, ҷалби бештари сайёҳони хориҷӣ ва ғайра ба муҳлати 30 рӯз барои шаҳрвандони баъзе давлатҳо тартиби воридшавии бидуни раводид муқаррар гардид. Ғайр аз ин, тартиби додани раводид ба шаҳрвандони якчанд мамлакат содатар карда шуд. Ин дар навбати худ барои сайёҳони хориҷӣ ва меҳмонони мамлакат мусоидати бештарро фароҳам овард.
Дар Маркази матбуоти миллӣ бо ташаббуси Кумитаи давлатии экология, ҳифзи муҳити атроф, дигаргуншавии иқлим ва сайёҳӣ бахшида ба сарҳисоби корҳое, ки соли ҷорӣ амалӣ гардиданд, нишасти матбуотӣ баргузор шуд.
Дар чорабинӣ роҳбари Раёсати диверсификатсияи хидматрасонӣ ва рушди инфрасохтори сайёҳӣ Иброҳим Барноев таъкид кард, ки тибқи таҳлилҳо, пас аз пандемия афзоиши миёнаи  сайёҳони хориҷӣ ба кишвари мо беш аз 20 фоизро ташкил мекунад. Дар моҳҳои январ-ноябри соли ҷорӣ 6 млн. 134 ҳазор нафар шаҳрвандони хориҷӣ аз мамлакати мо дидан карданд. То охири сол ин нишондод ба 7 млн. пешбинӣ шудааст. Аз Русия 676 ҳазор (нисбат ба соли гузашта 1,3 маротиба зиёд), Туркия 99 ҳазор (1,4), Ҳиндустон 41 ҳазор (2,9), Чин 39 ҳазор (8,5 ), Олмон 28 ҳазор (1,7), Италия 25 ҳазор (2,9 ), Амрико 22 ҳазор (1,8), Фаронса 18 ҳазор (1,7) сайёҳон ба мамлакати мо ташриф оварданд.
Боиси қайд аст, ки зиёд гардидани миқдори воҳидҳои штатии Кумитаи давлатии рушди сайёҳӣ ва зершуъбаҳои ҳудудии он, ташкил шудани департамент ва раёсатҳои сайёҳӣ дар минтақаҳо, ҷорӣ намудани вазифаи муовини ҳоким оид ба масъалаҳои рушди сайёҳӣ имконияти идораҳои мазкурро васеъ кард. Дар ҳар як шаҳру ноҳия ва вилоятҳои кишвар бобати рушди сайёҳӣ корҳои васеъмиқёс амалӣ мешаванд.  
Ба мақсади рушди соҳа аз ҷониби мутахассисони департамент якҷо бо ходимони махсуси ҳокимияти шаҳру ноҳияҳои вилоят гурӯҳи корӣ ташкил шудааст. Алҳол аз ҷониби ин гурӯҳ бобати қабули сайёҳон ба вилоят, хидматрасонӣ ба онҳо, ташкили хатсайрҳои сайёҳӣ ва ғайра корҳои зиёд амалӣ мешаванд. Барои истироҳат ё худ саёҳати сайёҳони хориҷӣ ва ватанӣ, ки хоҳиши саёҳат ва истироҳат доранд, мувофиқи нақша бино бар 17 самт хидмати сайёҳӣ расонда мешавад. 
Ба роҳ мондани хатсайрҳои сайёҳӣ ҳам аз ҷиҳати иқтисодӣ ва ҳам аз ҷиҳати иҷтимоӣ барои кишвар ва аҳолии он хеле муҳим аст. Зеро аз ҷиҳати иқтисодӣ, сайёҳон харидорӣ карда, ба миқдори муайян маблағ мегузоранд. Аз ҷиҳати иҷтимоӣ одамони мо бо кор таъмин мешаванд, маданият ва маънавияташон афзун мегардад. Аз ин рӯ, мақсади асосии мутахассисони департамент аз ҳисоби рушди сайёҳӣ банд шудани аҳолӣ бо шуғл, баланд бардоштани даромади онҳо, салоҳияти сайёҳии ҷумҳуриро ба тамоми дунё шиносондан аст. 
Тавре ки таъкид гардид, имрӯз дар аксар шаҳру ноҳияҳои кишварамон экосайёҳӣ, агросайёҳӣ, сайё-ҳии зиёрат, таомҳои миллӣ ва ғайра инкишоф меёбанд. Мақсади асосӣ рушди босуръати саноати сайёҳӣ, ташаккул додани муҳити иқтисодӣ ва ҳуқуқӣ мебошад. 

Далер АЗИЗОВ,
хабарнигори 
«Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: