Мактаби миёнаи рақами 17-уми шаҳри Бухоро солҳои шастуми асри гузашта бунёд ёфта, дар ин ҷо 1770 нафар хонанда дар ду баст таълиму тарбия мегиранд.
Ба қарибӣ дар ин ҷо бинои нави иловагии панҷошёна сохта, ба истифода супорида шуд, ки он дорои 990 ҷой аст.
Барои бунёд намудани ин таълимгоҳ қариб 14 миллиард сӯм маблағ харҷ гардид. Ин имконият дод, ки дар мактаб ҷараёни хониш дар як баст ташкил карда шавад. Дарсхонаю кабинетҳои замонавии муҷаҳҳаз имконият медиҳад, ки наврасон мувофиқи талабҳои замон соҳиби илму дониш гашта, баҳри бунёди Ӯзбекистони Нав саҳми арзанда гузоранд. Дар маросими тантанавӣ роҳбарон, падару модарон, масъулони соҳа ва фаъолони маҳалла иштирок карданд.
Бояд таъкид намуд, ки соли ҷорӣ дар вилоят 13-то мактаб ва 7-то муассисаи таълими томактабӣ аз таъмири асосӣ баромада, як таълимгоҳи нав сохта шудааст, 12-тои дигар таҷдид ёфтааст.
А.АВЕЗОВ,
хабарнигори
«Овози тоҷик» дар вилояти Бухоро.