ДАР БОЙСУН СӮЗАНИИ КАЛОНТАРИН ДӮХТА МЕШАВАД

Дар Бойсун ба муносибати Фестивали байналхалқии «Баҳори Бойсун» аз тарафи ҳунармандони бойсунӣ дар дунё аз ҳама калонтарин сӯзанӣ, ки дарозиаш 31 метр ва бараш 5,2 метрро ташкил мекунад, дӯхта мешавад.

Сир нест, ки халқи мӯъҷизаофари Бойсун аз азал шефтаву шайдои санъату ҳунар мебошад. Маҳсули дастони ҳунармандонаш дили миллионҳо нафар шайдоёни санъати нафис, ҳунари волову нотакрорро тасхир кардааст. Натанҳо ҳунармандони моҳир, балки ҳама мардум нисбат ба санъату ҳунар дилгармии хосе доранд. Мисраъҳои шоир: «Дар ҳунар кӯш к-аз ҳунармандӣ, Даркушоӣ кунӣ, на дарбандӣ»-ро гӯё ҳамагон шиори худ қарор додаанд. Маҳз ба ҳамин хотир бо қарори ЮНЕСКО солиёни зиёдест, ки дар ин гӯшаи зебоманзари кишварамон Фестивали фолклории «Баҳори Бойсун» бо як шукӯҳу шаҳомоти бузург таҷлил мегардад ва маҳсули дастони ҳунармандон ба маърази тамошо гузошта мешавад. Ҳоло ба сифати тӯёна чеварони нақшинкори бойсунӣ бо роҳбарии дорандаи нишони сарисинагии «Фаъол тадбиркор» Малика Подшоева азм кардаанд, ки дар дунё аз ҳама калонтарин сӯзании пурҷозибаро дӯхта, дар ин бобат рекорд гузоранд. Ба ин кори нозук ва дар айни замон мушкил 100 нафар чеварони моҳиру беҳтарин ҷалб карда шудаанд. Дар айни замон дар матои алвонӣ мусаввирон нақшҳои мафтункору пурҷилоро мекашанд ва дӯзандагон калоба-риштаҳои хушсифатро рангубор мезананд.
Ёдовар мешавем, ки аз тарафи ҳунармандони сеҳрофарини бойсунӣ соли 2019 ба муносибати Фестивали байналхалқии «Бахшӣ» дар шаҳри Тирмиз дар дунё калонтарин сӯзанӣ, ки дарозиаш 25 метр ва бараш 6 метрро ташкил мекунад, дӯхта шуда буд. Пас ҳунармандони моҳири бойсунӣ талош доранд, ки рекорди худро нав созанд. Бешубҳа, азму талоши онҳо бор медиҳад ва эшон барои дили оламиёнро тасхир сохтан муваффақ мешаванд.

Олим ПАНҶИЗОДА,
хабарнигори 
«Овози тоҷик» дар вилояти Сурхондарё.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: