Ба муносибати Рӯзи милоди шоир

ДУ ҒАЗАЛ

Фарзонаи ХУҶАНДӢ,
Шоири халқии Тоҷикистон

ДУ ҒАЗАЛ

Дӯст, сарҷамъ бимониву парешон 
нашавӣ,
Нав ба нав шаъшаарез оиву пинҳон 
нашавӣ.
Эй азизе, ки ба нав кардани мо омадаӣ,
Кош, аз омадани хеш пушаймон нашавӣ.
Пурсам аз ишқ ту омада ё н-омадаӣ,
Кош, афсонаи хуш бошиву поён нашавӣ.
Халқ гӯяд: Маҳаки санҷиши инсон 
сахтист,
«То мусофир нашавӣ, ҳеч мусалмон 
нашавӣ».
Давлату шуҳрату мансаб — ҳамаро 
дарёбӣ,
Эй зиҳӣ он, ки ҳама ёбиву вайрон
 нашавӣ.
Ту наёбӣ фар аз анворгаҳи болоӣ,
Ҷон канӣ баҳри дурахшидану тобон
 нашавӣ.
То ба сад ҷон накашӣ бори ғаму шодии 
халқ,
Лоиқи мартабаи олии Инсон нашавӣ.
***
Кӣ сомон ёфт, то мову ту ёбем,
Кӣ даврон ёфт, то мову ту ёбем.
Касе ҳам ромишу оромишеро,
Зи тӯфон ёфт, то мову ту ёбем?!
Саодатро, ки анқоест дар Қоф,
Кӣ осон ёфт, то мову ту ёбем.
Кӣ шодиро чу хуршеди зимистон,
Фаровон ёфт, то мову ту ёбем.
Дар ин дӯзахбиҳишти барзахамсол,
Кӣ ризвон ёфт, то мову ту ёбем.
Муҳаббатро, ки нархаш осмонист,
Кӣ арзон ёфт, то мову ту ёбем.
Ба сад ҷон ҷусту бар ҷонаш муносиб.
Кӣ ҷонон ёфт, то мову ту ёбем.
Зи дарди будану дарди набудан,
Кӣ дармон ёфт, то мову ту ёбем.
Ба сад ҷустан чу Шайхи Пири Балхӣ,
Ки Инсон ёфт, то мову ту ёбем.
Барои ҷовидон хушбахт будан,
Кӣ имкон ёфт, то мову ту ёбем.

Санҷиши қалам

ДАРХОСТ

Чун бод биёву зулфи ман шона бикун,
Мон манзили худ, бар дили ман хона 
бикун.
Гӯ қисса чу Шаҳризод баҳри дили ман,
Ҳар буду набуди ишқам афсона бикун.
Наздик ба ҳам намой ҳар дурии мо,
Ҳар шодисиришки дида дурдона бикун.
Бинмо ба дили худ ошно ҳастии ман,
Бегона ба худ ин дили девона бикун.

Шаҳзода ВАҲҲОБОВА,
хонандаи мактаби рақами 42-юми ноҳияи Оқдарёи
 вилояти Самарқанд.

 

 

 

Қӯчқор НОРҚОБИЛ

СУХАНРЕЗАҲО

Қадр

Саг се рӯз аст, ки дар сари қабри соҳибаш менолад, фарзандон бошанд, дар хона мероси падар талош мекунанд.

Хурсандӣ

Ҳар гоҳе, ки набера худро ба сӯйи бобо меафканд, ӯ аз сари нав рӯйидани дасти дар ҷанг гумкардаашро эҳсос мекард.

Дуои бад

Пойафзори тоқе, ки дар тоқчаи дӯкон меистод, пойи дар ҷанг гумкардаи сарбозро дуои бад мекард.

Катиба

Дар қабри сарбоз: Ман навиштаҷоти «Ман пеш аз падарам мурда будам»-ро хондам.

Сиёсат

Тӯп ба гулдастае, ки дар даҳонаш буд, мафтун шуд.
Аммо... Тӯп тир дошт...
Дард

Ҷанговар баъди якчанд сол назди духтур рафта дархост намуд, ки ӯро аз ҳофизааш маҳрум кунад.

Қонуният

«Бо забони набард» гӯем, «генералҳои оянда» – устодони касбу кори худ ҳалок гардиданд. Генералҳои ҳақиқӣ бошад, мисли ҳамеша дар паноҳгоҳ, дар штаб буданд...

Аз забони ӯзбекӣ тарҷумаи 
Раҳимшоҳ 
ШАРИФЗОДА.

 

ФАРИШТА

Тифл пеш аз ба дунё омаданаш аз Офаридгор пурсид:
– Ман намедонам чаро ба ин дунё меоям. Ман бояд чӣ кор кунам?
Офаридгор ҷавоб дод:
– Ман ба ту фариштае ҳадя мекунам, ки ҳама вақт ҳамроҳи ту мешавад ва ҳама чизро ба ту мефаҳмонад.
–  Ман забони ӯро намедонам, чӣ тавр бо ӯ гап мезанам?
–  Фаришта ба ту забони худашро меомӯзад ва туро аз ҳама бадиҳо нигоҳ медорад.
– Чӣ хел ва кай ман ба назди шумо меоям?
– Фариштаат ба ту ҳамаашро мефаҳмонад.
– Фариштаи ман  чӣ ном дорад?
– Номаш муҳим нест, ӯ номҳои зиёд дорад. Ту ӯро «Модар» мегӯйӣ. 

ДОНАИ ҒАЛЛА

Донаи ғалларо ба замин партофтанд. 
–  Шумо бо ман чӣ кор карда истодаед? Чаро маро ба торикӣ мепартоед, боз бо хок гӯр мекунед?! – садо баланд кард ӯ.
–  Ҳамин хел кардан даркор, – ба вай ҷавоб дод одам.
–  Охир ман зиндагӣ кардан мехоҳам! 
–  Ту намемурӣ. Баръакс, боз бо шаъну шарафи бештар зинда мегардӣ. Ва боз бештар аз бахти худ хурсанд мешавӣ! 
– Оё ҳамин хел ҳам мешавад?
– Э-ҳе, боз чӣ хел! Охир ман соли аввал  туро намекорам!
Одам кори худро тамом кард.  Барои дамгирӣ дар воти замин нишаст.
Аввал ба замин, баъд ба осмон нигарист.
Ва...  ногаҳ бори аввал дар бораи худ фикр кард...

Аз забони русӣ тарҷумаи Бахтиёри ҶУМЪА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: