МУСТАҲКАМ НАМУДАНИ МУҲИТИ ҲАМОҲАНГӢ ДАР ҶАМЪИЯТ

Яке аз мақсадҳои муҳими Стратегияи «Ӯзбекистон – 2030» мустаҳкам намудани муҳити ҳамоҳангии байни миллатҳо дар Ӯзбекистон ва рушди муносибатҳои дӯстона бо мамлакатҳои хориҷӣ мебошад.

Кумитаи муносибатҳои байнимиллӣ ва робитаҳои дӯстона бо кишварҳои хориҷии назди Вазорати фарҳанг дар Агентии ахбор ва коммуникатсияи оммавии ҷумҳурӣ бахшида ба таҳлили фаъолияти кумита дар соли 2023 анҷумани матбуотӣ ташкил намуд. Дар он роҳбарони ҷамъиятҳои дӯстӣ, раисони марказҳои миллӣ-фарҳангии ҷумҳурӣ иштирок намуданд.
Назар ба таъкиди ҷонишини раиси кумита Азамат Тошев, дар соли 2023 доир ба мустаҳкам намудани муҳити ҳамҷиҳатии байни миллатҳо дар ҷамъият, рушди муносибатҳои дӯстона бо мамлакатҳои хориҷӣ ва дастгирӣ намудани ҳамватанони хориҷиамон лоиҳаи як қонун, ду қарори Президент, 18 қарор ва фармоиши ҳукумат омода карда шуд. 
Вазифаҳое, ки дар Барномаи давлатӣ ва Стратегияи «Ӯзбекистон – 2023» пешбинӣ шуда буданд, пурра иҷро гардиданд. Алҳол кумита бо 157-то маркази миллӣ-маданӣ, 38 ҷамъияти дӯстӣ ва 98 ҷамъияти ҳамватанон дар хориҷ ҳамкорӣ мекунад. Барои дастгирӣ намудани марказҳои миллӣ-маданӣ аз буҷаи давлат ҷудо кардани наздик ба 20 млрд. сӯм маблағ пешбинӣ шудааст. Дар соли 2023 3-то маркази милливу фарҳангии нав ташкил карда шуд. 
– Дар соли сипаришуда аз ҷониби марказҳои миллӣ-мадании ҷумҳурӣ беш аз 15 ҳазор чорабинии маънавию маърифатӣ баргузор шуданд. 27-30 июли соли гузашта дар минтақаҳои мухталифи Ӯзбекистон дар чаҳорчӯби ҷашнвораи «Дӯстӣ» барномаҳои ҳунарӣ, намоишгоҳ, озмун, ҷашнвораи байналхалқии «Мавқеи дипломатияи халқӣ дар мустаҳкам намудани дӯстии халқҳо» ва гала-консерти «Оҳангҳои дӯстӣ» барпо гардиданд. Дар доираи ҷашнвораи «Дӯстӣ» дар 529 чорабинии маданиву маърифатӣ ва илмиву амалӣ беш аз 100 ҳазор нафар иштирок намуданд. 13-19 ноябр дар мамлакат бо иштироки ҷамоаи васеъ, хусусан ҷавонон бахшида ба рӯзи таҳаммулпазирии байналхалқӣ «Ҳафтаи таҳаммулпазирӣ» гузаронда шуд ва дар доираи он наздик ба 10 ҳазор чорабинии фарҳангиву маърифатӣ ва илмиву амалӣ барпо гардида ва беш аз 2,5 млн. нафар иштирокдорони он буданд, – гуфт дар баромади худ роҳбари хидмати матбуоти  кумита Ғайратулло Шукуров. 
Имрӯз кумита аз механизми «дипломатияи халқӣ» самаранок истифода бурда, дар ҳифзи ҳаёти фаровон ва осуда, рушди алоқаҳои дӯстонаи байни мамлакатҳои хориҷӣ, ба роҳ мондани корҳои манфиатбахш бо ҳамватанони хориҷӣ ҳисса мегузорад. Роҳбари шуъбаи кумита Фирӯз Беков доир ба   ҷамъиятҳои дӯстӣ ва робита бо ҳамватанон истода гузашт.
Инчунин, таъкид гардид, дар мамлакатамон дар роҳи таъмин намудани ҳамҷиҳатӣ ва кушодадилии байни миллатҳо намоишҳои телевизионӣ, барномаҳои радиоӣ пахш шуда, ҳикояҳо доир ба ҳаёти ибратбахши миллату элатҳои кишварамон дар рӯзномаву маҷаллаҳои ватаниву хориҷӣ рӯйи чопро диданд.

С. БЕКНАЗАРОВА, 
хабарнигори 
«Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: