НАРГИС, МОШИН МУБОРАК!

Талабаи синфи ҳаштуми мактаби таълими умумии рақами 12-уми ноҳияи Ҷомбойи вилояти Самарқанд Наргис Муҳаммадиева дар зинаи ниҳоди озмуни ҷумҳурии «Ёш китобхон» («Китобхони ҷавон») дар озмуни байни синнашон 10-14-сола ғолиб дониста шуда, бо туҳфаи Президенти мамлакатамон – сабукрави гаронбаҳо «Кобалт» сарфароз гардид.

– Духтари соҳибистеъдоди ман аз  бачагӣ ба  мутолиа  дил баст ва  имрӯз самараи неки  онро  дид,– барафзуд падараш Ӯлмас  Муродов, – аҷибаш  он аст, ки  хешу пайвандон, ёру дӯстон  маро низ табрикоти самимона гуфта табъамро  болида  месозанд. Воқеан Наргис аз  айёми бачагӣ ба асарҳои  бадеӣ  дил баст ва  вақти худро чун  баъзе ҳамсолонаш бо  телефонбозӣ  не, бо китобхонӣ  мегузаронад. Минбаъд  мо то мағозаи «Олами  китоб»-и Самарқанд  бо сабукрав  хоҳем  рафт.
– Наргис аъзои  фаъоли  китобхонаи  мактаби  мо  аст, – ба суҳбат ҳамроҳ шуд  мудири  он Гавҳар  Эрматова, – ана барои чӣ  дар  озмунҳои  вилоятӣ ва  ҷумҳурӣ ҳар сол  иштирок намуда, ҷойҳои  фахрӣ  насибаш  мегардад. Кош дигар падару модарон  аз ин  оилаи  китобдӯст ибрат мегирифтанд. 
 Мо аз  номи  мухлисони рӯзномаи «Овози тоҷик» Наргисро бо ин муваффақият муборакбод намуда, комёбиҳои нав ба нав таманно дорем.
Аммо аз ҳайати ҳакамони озмуни ҷумҳурӣ хоҳиш мекунем, ки чунин озмунҳо дар байни мардуми тоҷик ва рус, ки дар  кишвари мо хеле бисёранд, ташкил гардад. Умедворӣ дорем, ки шуъбаи  тоҷикии Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон ба ин масъала дахолат хоҳанд кард. 

Зоҳир ҲАСАНЗОДА, 
хабарнигори «Овози тоҷик»
дар вилояти Самарқанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: