БОЗ ЯКЧАНД ОБЪЕКТ БА ФЕҲРАСТИ ЮНЕСКО ДОХИЛ ШУДАНД

Раҳоварди сафар

Охири ҳафтаи гузашта шаҳри Нуқуси Ҷумҳурии Қароқалпоқистон ба як конфронси бошукӯҳи байналмилалӣ мизбонӣ намуд. Он дар чаҳорчӯби “Ҳафтаи мероси фарҳангии Ӯзбекистон” ва конфронси байналмилалии “Осиёи Марказӣ дар чорроҳаи тамаддуни ҷаҳонӣ” баргузор гардид. Ин конфронс таҳти унвони “Муайян намудани салоҳияти бостоншиносию туризм ва идора кардани мерос” сурат гирифт.
Конфронси мазкурро Вазорати туризм ва варзиш, Комиссияи миллии ЮНЕСКО дар Ӯзбекистон, Пажӯҳишгоҳи тадқиқоти байналмилаллии Осиёи Марказӣ ва Девони Вазирони Ҷумҳурии Қароқалпоқистон таъсис намуданд. 
Тавре ки дар ин конфронс гуфта шуд, то ин замон ба феҳрасти Мероси умумбашарии ЮНЕСКО 32 ёдгории Ӯзбекистон ворид карда шудаанд.
– Ҳадаф аз баргузории конфронс омӯзиши меросу ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ ва оммавӣ гардонидани он мебошад. Гирдиҳамоие, ки бо ширкати олимону мутахассисон ва коршиносони 46 мамлакати олам баргузор шудааст, барои мардуми Осиёи Марказӣ рӯйдоди муҳим хоҳад буд, – гуфт зимни суханронӣ дар маросими ифтитоҳи он муовини Сарвазир ва Вазири туризм ва варзиши Ҷумҳурии Ӯзбекистон Азиз Абдуҳакимов.
Маълум мешавад, ки соли 2021 олимони Ӯзбекистон, Тоҷикистон ва Туркманистон барои номзадӣ ба номинатсияи трансмиллии “Шоҳроҳи бузурги абрешим: Долони Зарафшон –  Қароқум” дар ҳамкорӣ силсилаи ҳуҷҷатҳоро омода мекарданд. Он дар  муддати дароз ба итмом расонида шудааст. 
Бар асоси суханронии Азиз Абдуҳакимов дар қаламрави Ӯзбекистон, Қазоқистон ва Туркманистон низ тайёр намудани файли номинатсияи трансмиллии объекти мероси табиӣ  таҳти унвони “Биёбони сарди Тӯрон” ба давраи ниҳоии худ наздик мешавад. Бо дастури он моҳи апрел-майи соли равон дар Қароқалпоқистон экспедитсияи байналмилалӣ ба кори худ шурӯъ намуд. Дар доираи номинатсияҳои “Роҳи абрешим: Пайроҳаҳои Амударё”, “Мероси қадимии Хоразм” ва “Сетеппаи Миздоқхон” аз шумори ҷамъи ёдгориҳои Қароқалпоқистон мебошанд, ки бояд  ба феҳрасти мероси умумбашарии ЮНЕСКО дохил карда шаванд.
 Дар ин анҷуман қайд гардид, ки ҳоло дар кишварамон 4 ҳазору 788 объекти бостоншиносӣ мавҷуд аст ва ҳамасола дар ин объектҳо 50 экспедитсияи бостоншиносӣ гузаронида мешавад. Дар зиёда аз 15 тадқиқоти байналмилалии археологӣ коршиносон аз Ҷопон, Фаронса, Италия, Русия, ИМА ва Хитой ширкат мекунанд.
—  Анҷуман дар чунин доираи бонуфуз оид ба масъалаи бостоншиносӣ бори нахуст дар Нуқус баргузор мегардад. Ин ҷо олимону мутахассисони маъруфро мебинам, ки ба Қароқалпоқистон ташриф овардаанд. Дар сарзамини қароқалпоқ даҳҳо ва садҳо ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ ва бостоншиносӣ маҳфузанд. Дар осорхонаҳои мо ҳар як фард метавонад намунаҳои беҳтарини осори фарҳангиву таърихиро пайдо кунад,– гуфт раиси Ҷуқорги Кенеси Ҷумҳурии Қароқалпоқистон Мурод Камолов.  
Роҳбари намояндагии ЮНЕСКО дар Ӯзбекистон Александрос Макаригакис изҳор кард, ки баргузории конфронси бостоншиносӣ як қатор масъалаҳои муҳимеро дар бобати омӯзиш, ҳифз ва оммавӣ гардонидани мероси фарҳангиву бостоншиносӣ таъмин хоҳад кард. ЮНЕСКО омода аст, ки дар ҳар боб ба кишварҳои Осиёи Марказӣ кӯмакҳои амалии худро расонад.
– Ин форумест, ки дар доираи хеле васеъ баргузор гардид. Мо, олимони соҳаи бостоншиносии Тоҷикистонро низ ҷиҳатҳои хеле муҳим бо Пажӯҳишгоҳи байналмилалии Осиёи Марказӣ мепайвандад. Мо якҷоя лоиҳаҳо ва тадқиқоти зиёдро татбиқ менамоем. Маҳз дар шаҳри Нуқус маросими муаррифии китоби ман – “Бостоншиносони Тоҷикистон” баргузор гардид ва маро хеле фараҳманд сохт, – мегӯяд корманди Пажӯҳишгоҳи бостоншиносии Фарҳангистони улуми Тоҷикистон, номзади улуми таърих Галина Каримова.
Дар ниҳояти конфронс як санади хеле муҳим – Эъломияи принсипҳои идоракунии мероси бостоншиносии Осиёи Марказӣ қабул  шуд. Ин аввалин ташаббус дар самти мазкур арзёбӣ гардид, ки дар таърихи минтақа ва ваҳдати мардуми кишварҳои Осиёи Марказӣ ҷиҳати омӯзиш, ҳифз ва таблиғу оммавӣ шудани мероси бостоншиносӣ дар сатҳи байналмилалӣ хидмат хоҳад кард.

Мирасрор АҲРОРОВ,
хабарнигори “Овози тоҷик”.
НУҚУС – ТОШКАНД.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: