Ҳафт сол муқаддам Ӯзбекистон ба марҳилаи нави тараққиёт қадам гузошт.
Дар давраи гузашта ислоҳоти зиёди куллӣ ба амал бароварда шуданд, ки тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ ва иқтисодии ҷамъиятро фаро гирифтаанд.
Дар баробари ин, дар байни самтҳои муҳимтарин дигаргунсозиҳои демократӣ, ки ба таъмини доираи васеи ҳуқуқу озодиҳои инсон, либерализатсияи ҳаёти ҷамъиятиву сиёсӣ, озодии воситаҳои ахбори омма нигаронида шудаанд, ҳастанд, ки дар таҳрири нави Конститутсия инъикос ёфтааст. Ислоҳоти мазкур инчунин имкон дод, ки қонунгузории миллии интихобот таҷдид карда шавад, ки барои дар сатҳи нав баргузории интихобот мусоидат мекунад.
Тавре маълум аст, марҳилаҳои асосии раванди интихоботро санадҳои қонунгузорӣ: таъини интихобот, ташаккули заминаи ташкилию технологӣ, пешбарӣ ва бақайдгирии номзадҳо, пешбурди таблиғот, овоздиҳӣ, муайян кардани натиҷаҳо ва қонунӣ гардонидани онҳо ба тартиб меоранд.
Таҷрибаи ҷаҳонӣ
Яке аз марҳилаҳои муҳими раванди интихобот пешбарии номзадҳо мебошад.
Дар ин ҷо доираи шахсоне муайян карда мешавад, ки аз байни онҳо ҳамаи шахсони мансабдори интихобшуда (депутатҳо, сенаторҳо, Президент ва дигарон) интихоб карда мешаванд.
Таҷрибаи ҷаҳонӣ се роҳи асосии пешбарии номзадҳоро: аз ҷониби ҳизбҳои сиёсӣ ё иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, гурӯҳҳои интихобкунандагон ва худпешбарӣ эътироф мекунад.
Пешбарии номзадҳо аз ҷониби ҳизбҳои сиёсӣ ё иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дар интихоботи Шӯрои миллии Австрия, Бундестаги ҶФО, Палатаи намояндагони парлумони Ҷопон амалӣ карда мешавад. Ин усул чун қоида дар системаи намояндагии мутаносиб, дар шароити ҳавзаҳои якмандатии интихоботӣ, ки номзадҳо аз рӯи рӯйхат пешбарӣ карда мешаванд, истифода мешавад.
Интихоботи ибтидоӣ (праймериз) дар Иёлоти Муттаҳида каме ҷудо шуда меистад, ки дар он номзадро на мақомоти роҳбарикунандаи ҳизб, балки аз ҷониби интихобкунандагоне, ки ба тарафдории он овоз медиҳанд, муайян мекунанд. Ҳизбҳои сиёсӣ, ки институтҳои хоси ҷомеаи шаҳрвандӣ мебошанд, ба амалӣ намудани ҳокимияти давлатӣ нигаронида шудаанд. Онҳо инчунин ҳамчун каналҳои иртиботи мустақим ва бозгашти байни давлат ва ҷомеаи шаҳрвандӣ амал мекунанд. Ҳокимияти давлатии ҳар як ҳизб дар интихоботи даврагӣ муайян карда мешавад. Ба ин муносибат тартиби ташкил ва гузарондани интихобот бояд ба вазъияти ҷамъиятию сиёсии мамлакат мувофиқ бошад.
Пешбарӣ кардани номзадҳо дар маъракаи интихоботӣ мавқеи асосиро ишғол намуда, роҳи инкишофи минбаъдаи онро муайян мекунад. Ҳама марҳилаҳои минбаъдаи муборизаи пешазинтихоботӣ, пастиву баландиҳои рақобати интихоботӣ ба он вобаста аст, ки ҳамчун довталаби курсии президентӣ кӣ ном бурда мешавад.
Ҳуқуқи пешбарӣ кардани номзад: он чӣ тавр кор мекунад?
Мутобиқи моддаи 37-уми Кодекси интихоботи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҳуқуқи пешбарии номзадро ба номзадӣ ба Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҳизбҳои сиёсӣ доранд. Тибқи моддаи 62 ҳуқуқи пешбарии номзадро ҳизби сиёсӣ ба шарте дорад, ки он аз ҷониби Вазорати адлияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон на дертар аз чор моҳ пеш аз эълони оғози маъракаи интихобот ба қайд гирифта шуда бошад.
Дар айни ҳол дар Ӯзбекистон панҷ ҳизби амалкунандаи сиёсӣ расман сабти ном шудаанд: Ҳизби халқии демократии Ӯзбекистон, Ҳизби сотсиал-демократии «Адолат», Ҳизби демократии «Миллий тикланиш», Ҳизби либерал-демократӣ ва экологии Ӯзбекистон.
Кодекси интихоботи Ҷумҳурии Ӯзбекистон номгӯи ҳуҷҷатҳоеро муайян мекунад, ки ҳизбҳои сиёсӣ барои иштирок дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон бояд пешниҳод кунанд. Ҳамин тариқ, тибқи моддаи 63, ҳизби сиёсӣ барои иштирок дар интихобот ба Комиссияи марказии интихоботӣ бояд инҳоро тақдим намояд:
њ ариза дар бораи иштирок дар интихобот, ки аз ҷониби роҳбари ҳизб имзо шудааст;
њ маълумотномаи Вазорати адлияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ки иттилоъ дар бораи бақайдгирии ҳизби сиёсиро фаро мегирад;
њ маълумот дар бораи номзади оянда ба Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон.
Дар асоси ҳуҷҷатҳои пешниҳодшуда КМИ дар муҳлати панҷ рӯз дар бораи роҳ додани ҳизб ба иштирок дар интихобот қарори қатъӣ қабул мекунад ва намояндаи ваколатдори ҳизби сиёсӣ гувоҳномаи қайд ва варақаҳои имзои намунаи муқаррариро медиҳад. Руйхати ҳизбҳое. ки дар интихобот иштирок мекунанд, бо тартиби навбати вуруди ариза дар матбуот чоп карда мешавад.
Пешбарии номзадҳо ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз ҷониби мақомоти олии ҳизбҳои сиёсӣ амалӣ карда мешавад. Ҳизби сиёсӣ ҳақ дорад номзад ба мақоми Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистонро танҳо аз ҳисоби аъзои ҳизб ё беҳизбиён пешбарӣ намояд. Дар бораи пешбарии номзад ба Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон баённома тартиб дода мешавад. Роҳбари ҳизби сиёсӣ ба Комиссияи марказии интихоботӣ бо дархости бақайдгирии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ки ба он ҳуҷҷатҳои дахлдор замима карда мешавад, муроҷиат мекунад (моддаи 64 Кодекси интихоботи Ҷумҳурии Ӯзбекистон).
Комиссияи марказии интихобот оид ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба ҳизбҳои сиёсӣ варақаҳои имзои намунаи муқарраршуда медиҳад.
Расмигардонии бланкаҳои варақаи имзо
Мувофиқи моддаи 34-уми Кодекси интихоботии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҳизби сиёсие, ки номзад ба президентӣ пешбарӣ намудааст, ҳуқуқ дорад барои ширкат дар ҷамъомадҳои комиссияҳои интихботӣ, супурдани ҳуҷҷатҳо, санҷидани дуруст тартиб дода шудани варақаҳои имзо, шумурдани овозҳо намояндаи ваколатдорро таъин кунад.
Бланкаҳои варақаҳои имзои шакли муқарраршуда аз ҷониби Комиссияи марказии интихоботӣ пас аз эълони оғози маъракаи интихоботӣ дода мешавад. Тибқи моддаи 38 Кодекси мазкур, интихобкунандагон ҳуқуқ доранд ба тарафдории як ё якчанд ҳизби сиёсӣ ба варақаи имзо имзо гузоранд.
Аз ҷониби КМИ дар варақаҳои имзо ҷойгир кардани логотипи ҳизбҳои сиёсӣ барои васеътар хабардор намудани интихобкунандагон дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ хизмат мекунад. Ин, аз як тараф, ба он мусоидат мекунад, ки интихобкунанда тасаввуроти дақиқ дошта бошад, ки кадом ҳизбро дастгирӣ мекунад ва аз ҷониби дигар, кадом ҳизби сиёсӣ имзо ҷамъоварӣ кардааст.
Ҷамъоварии имзои интихобкунандагон дар ҷои кор, хизмат, таҳсил, иқомат, дар маъракаҳои пешазинтихоботӣ, инчунин дар дигар ҷойҳое, ки пешбурди ташвиқот ва ҷамъоварии имзо тибқи қонун манъ карда нашудааст, анҷом дода мешавад. Ҳар шакли маҷбуркунӣ ва ришваситонӣ ба интихобкунандагон аз ҷониби шахсе, ки имзо ҷамъ мекунад, боиси ҷавобгарии муқаррарнамудаи қонун мегардад.
Варақаи имзо аз ҷониби шахсе, ки имзо ҷамъоварӣ кардааст, бо нишон додани насаб, ном, номи падар имзо карда, инчунин аз ҷониби роҳбари сохтори ноҳиявӣ, шаҳрии ҳизби дахлдори сиёсӣ ва муҳр тасдиқ карда мешавад.
Интихобкунандагон ҳуқуқ доранд ба тарафдории як ё якчанд ҳизби сиёсӣ ё номзадҳо имзо гузоранд. Маълумоти нишондодашуда дастӣ ворид карда мешавад.
Дуруст тартиб дода шудани варақаҳои имзое, ки ҳизбҳои сиёсӣ тақдим намудаанд, аз ҷониби Комиссияи марказии интихоботӣ дар давоми панҷ рӯз тафтиш карда мешавад. На камтар аз 15 фоизи шумораи зарурии имзои интихобкунандагон ва маълумоти дахлдор дар бораи интихобкунандагоне, ки ба варақаҳои имзо имзо гузоштаанд, бояд тафтиш карда шавад.
Комиссияи марказии интихобот метавонад барои санҷиши дурустии варақаҳои имзоҳо гурӯҳи коршиносон таъсис диҳад. Ба он мутахассисони мақомоти корҳои дохилӣ, адлия, инчунин намояндагони институтҳои ҷамъияти шаҳрвандӣ ҷалб карда шудаанд. Онҳо ба дуруст пур кардан, ба онҳо ворид намудани ислоҳҳо, ба он ки аз ҷониби кӣ пур карда шудааст ё имзоҳои якхела мавҷуданд ё не эътибор медиҳанд. Дар санҷиш намояндагони ваколатдори ҳизбҳои сиёсӣ низ иштирок мекунанд.
Дар сурати ошкор шудани вайронкунии қонун ҳангоми азназаргузаронии визуалӣ варақаҳо ба намояндаи ваколатдори ҳизби сиёсӣ баргардонида шуда, ба он барои ислоҳи камбудиҳо ду рӯз мӯҳлат дода мешавад.
Аз рӯи натиҷаҳои тафтиши гурӯҳи коршиносӣ оид ба ҳар як ҳизби сиёсӣ хулоса бароварда мешавад. Он барои қабули қарори дахлдори КМИ, ки ба ҳизби сиёсӣ ҳуқуқи иштирок дар интихоботро иҷозат медиҳад ё рад мекунад, асос мегардад.
Умуман, раванди пур кардани варақаҳои имзо аз ҷониби ҳизбҳои сиёсӣ дар баланд бардоштани фаъолияти ҷамъиятии корпуси интихоботӣ муҳим аст.
Амонулло МУҲАММАДҶОНОВ,
доктори фанҳои ҳуқуқшиносӣ, профессори ДДҲТ.