Акнун судҳо дар ҳар семоҳа ба ҷомеа маълумот медиҳанд

Дар ҷамъомади навбатии Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис лоиҳаи қонун "Дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба баъзе ҳуҷҷатҳои қонунгузории Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба муносибати қабул кардани чораҳои иловагӣ оид ба таҳкими минбаъдаи кафолати мустақилии судҳо" мавриди муҳокима қарор гирифт.

Дар таҳрири нави Конститутсия муайян намудани кафолатҳои фаъолияти мустақилонаи ҳокимияти судӣ ва дар ҳолатҳои алоҳида ҷавобгар набудани судяҳо боз як қадами муҳим дар самти баланд бардоштани самаранокии фаъолияти судӣ гардид.

Мувофиқи лоиҳаи конун ба қонунҳо «Дар бораи ҳокимияти давлатӣ дар маҳаллҳо» ва «Дар бораи судҳо» тағйироту иловаҳо дохил карда мешаванд, ки бекор кардани қоидаи аз ҷониби раисони судҳо ҳар сол на кам аз як маротиба ба Шӯроҳои маҳаллии депутатҳои халқӣ додани маълумот; инчунин муқаррар намудани аз тарафи судҳо дар ҳар се моҳ ба воситаи воситаҳои ахбори оммавӣ додани маълумотро дар бораи фаъолияти худ пешбинӣ менамояд.

Қабули ҳуҷҷат ба таҳкими минбаъдаи кафолати мустақилии судҳо,  фароҳам овардани асосҳои қатъии ҳуқуқии ба таври доимӣ ба ҷомеа додани маълумот дар бораи фаъолияти судҳо, таъмини шаффофият фаъолияти онҳо хидмат мекунад.

Лоиҳаи қонунро депутатҳо қабул карданд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: