ЛАҲЗАҲОИ ФАРАҲБАХШ

Чанде пеш як гурӯҳ эҷодкорон аз шаҳри Маскав меҳмони Самарқанд буданд.

Дар байни онҳо академик, доктори илмҳои санъат, муаллифи бисёр наққошиҳо Нигора Аҳмадова – набераи рассоми самарқандӣ Павел Бенков Марина Лешинская, президенти хазинаи ба номи Ш. Марҷонӣ Рустам Сулаймонов ва дигарон ҳузур доштанд.
Бояд таъкид намуд, ки Рустам Сулаймоновро «Третякови исломӣ» меноманд, ки бесабаб нест. Зеро ӯ барои тарғиби санъати олами ислом дар Русия ба чунин эҳтиром соҳиб шудааст.
Воқеан, Хазинаи байналхалқии вай, ки ба хотири фарзанди фарзонаи Тотористон, худоҷӯ, бостоншинос Марҷонӣ соли 2006 созмон ёфтааст, аз ҷиҳати ғановат баъди хазинаи  Оғохон дар ҷойи дуюм меистад.
Дар осорхонаи давлатии таърихӣ-кишваршиносии Самарқанд вохӯрии аҳли фарҳанг бо меҳмонон ба вуқӯъ пайваст.
Муаллифи китоби «Павел Бенков, рассоми офтоб» Нигора Аҳмадова доир ба китоб ва шахсияти мусаввир Павел Бенков маълумот дода таъкид кард, ки қаҳрамони асараш пас аз дар Академияи  санъати Петербург таҳсил гирифтан, соли 1936 ба Самарқанд омада, бо корҳои эҷодӣ машғул шуд. Павел Бенков бисёр асарҳо эҷод кардааст, ки ҳоло дар осорхонаҳои таърихӣ-кишваршиносии Маскав, Петербург, Тошканд, Душанбе ва дигар шаҳрҳои ҷаҳон маҳфузанд.
Вай дар Самарқанд мактаби санъат ташкил карда, бисёр шогирдонро тарбия кард, ки ҳоло на танҳо дар Ӯзбекистон, балки дар Русия, Исроил, Украина, Тоҷикистон бо мусаввирӣ машғул ҳастанд ва узви иттиҳодияҳои гуногуни эҷодӣ мебошанд.
—  Павел Бенков бо эҳсоси баланди ватандорӣ фарқ мекунад, – иброз дошт мусаввир, академик Аслиддин Исоев, – асарҳои ӯ реалӣ ва нотакрор буда, ёдгориҳои меъмории Самарқанд, халқи меҳнаткашу ҳунармандро ба тасвир додааст. Гарчанде солҳои охир бемор буд, дар ҳавлӣ ҳам расмҳои аҷоиб кашидааст, ки тамошобинро бефарқ намегузорад.
Афсӯс, ки баъзе шахсони аз олами санъат дур кӯшиш менамоянд, ки хонаи ӯро вайрон карда, ба ҷояш манзили истиқоматӣ созанд, вале аъзои ҷамъияти «Самарқандро нигоҳ медорем» кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки ба ин амали номатлуб роҳ дода нашавад.

Зоҳир ҲАСАНЗОДА, 
хабарнигори Овози тоҷик» дар вилояти Самарқанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: