ЭПИДЕМИЯИ НАВИ АСРИ XXI: НОМОФОБИЯ БА САЛОМАТИИ ФИЗИОЛОГӢ ВА РАВОНИИ КӮДАКОН ЧӢ ГУНА ТАЪСИР МЕРАСОНАД?

Имрӯзҳо дастгоҳҳои мобилӣ ба бозии дӯстдоштаи кӯдакони хурдсол табдил ёфтаанд.

. Падару модарон барои ором кардани кӯдакон телефонро ба дасти онҳо дода, худ бо корҳои гуногун машғул мешаванд. Аз ҳама ҷолибтар он аст, ки  бо кӯдаки хурдсоли худ, ки гаҷетҳоро бо осонӣ идора менамояд, фахр мекунанд. 

 

Мутеъӣ ба телефон аз ҷониби Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ба сифати беморӣ пиндошта мешавад. Мутеъӣ ба телефон дар кӯдакон метавонад ба саломатии ҷисмонӣ таъсири манфӣ расонад ва он рушди рӯҳии кӯдакро ба таври назаррас тағйир диҳад.
Дар чунин кӯдакон рӯҳияи тарс, изтироби шадид, афсурдагӣ ва нооромии ҷиддӣ ба мушоҳида мерасад. 
Дар ин беморӣ марҳилаи ташаккули шахс ақиб мемонад. Дар онҳо набудани мақсад, хашмгинии аз ҳад зиёд мушоҳида мешавад. Онҳо танҳо дар таъсири ҳаёти виртуалии телефонҳо мешаванд. Агар сари вақт чораҳои зарурӣ андешида нашавад, дар оянда ин кӯдакон ба шахсони лоқайд ва бепарво табдил меёбанд. 
 Аз ин рӯ, чун меъёр барои ҳама чиз, барои истифодаи гаҷет низ бояд талаботи муайян вуҷуд дошта бошад. Зеро ба ҷаҳони виртуалӣ сахт мутеъ шудан метавонад боиси мушкилоти ҷиддии солимии физиологӣ ва равонии шахс гардад. 
Асри XXI – асри технологияи иттилоотӣ ва инноватсия аст. Ин дар ҳақиқат хуб аст. Чунки инноватсия ва технология барои пешравии ҷомеаи мо хидмат мекунад. Дар баробари ин касро ба андеша водор мекунад, ки дар асри нав бемории нав – номофобия пайдо шудааст. Пас ин чӣ гуна беморӣ аст?
Метавон гуфт, ки номофобия (фобияи мобилӣ) тарси бе телефон мондан ба ҳисоб меравад. Ин касалии ҳатто аз бемориҳои табобатшаванда ташвишовартар ҳамчун вабои аср эътироф шудааст. Аз ин рӯ, дар бисёре аз кишварҳои ҷаҳон барои муайян кардан ва табобати ин беморӣ корҳои назаррас анҷом дода мешаванд.
Тибқи тадқиқотҳо дар байни хонандагоне, ки аз дастгоҳҳои рақамӣ бештар истифода мебаранд, бемориҳои рӯҳӣ ва рафторӣ, бемориҳои системаи асаб, гардиши хун, нафаскашӣ, мушкилоти системаи ҳозима, шикоятҳои дарди дандон ва кариес, умуман, бемориҳои гуногун мушоҳида карда шуд.
Дар ин замина мутеъии кӯдакон ба телефон имрӯз як масъалаи муҳим аст. Аммо таассуфовар аст, ки баъзе аз падару модарон бо донистани он ки смартфонҳо ба солимии ҷавонон хатари ҷиддӣ доранд, ба ин масъала аз паси панҷа менигаранд.
Кӯдакон ворисони мо, ояндаи мо, давомдиҳандагони фардои мо мебошанд. Бо онҳо рӯзгори мо обод, дили мо равшан аст. Аз ин рӯ, фарзандоне, ки имрӯз тарбия мекунем, дар оянда ба касе руҳан тобеъ нашуда, бепарвою лоқайд набуда, балки насли ҳарҷониба солим, баркамол ва дар пешрафти кишварамон саҳмгузор бошанд. Ин бошад, пеш аз ҳама ба падару модарон, аҳли ҷомеа ва мову шумо вобаста аст.

Музаффара АБДИЕВА,
депутати Палатаи қонунгузории 
Олий Маҷлис.  

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: