Дар бораи тарбия чӣ қадаре ки ҳарф занем, кам аст.
Дар бораи тарбия чӣ қадаре ки ҳарф занем, кам аст. Чунки одамизод аз рӯзи аввал то охири умраш ҳаётро меомӯзад, аз он сабақ мегирад. Бинобар ин, тарбияи инсон, аз ҷумла, насли наврас, кори ҳаррӯза мебошад. Насли наврасро аз сари дасторхон сар карда то ба хоб рафтан, мо калонсолон бо насиҳату панд, бо рафтори худ тарбия кунем, онҳо аз мо ибрат мегиранд. Қоидаҳои дар сари дасторхон нишастан, ба ҷойгоҳ даромада хоб рафтанро ҳам ба онҳо ёд доданамон лозим аст. Ҳол он ки аксарият калонсолон ба ин чиз беэътиборанд.
Пӯшида нест, падару модарони онҳое, ки дар солҳои ҳаштодуми асри гузашта таваллуд шудаанд, аз пайи зиндагӣ шуда, ба онҳо кам эътибор додаанд. Имрӯз бошад, фарзандони онҳо наврасони 12-16-сола буда, баъзан муҳтоҷи панду насиҳатанд.
Аз тарафи дигар имрӯз агар як қисми падари ин наврасони 12-16-сола дар хориҷ дар пайи кор бошанд, оё ба онҳо модар пурра тарбия дода метавонад? Албатта, не. Ҳатто баъзе падару модарон фарзандҳои наврасашонро ба зиммаи дигарон вогузошта, худ аз пайи ёфтани даромад ба хориҷа мераванд. Дар натиҷа ин гуна наврасон тарбияи пурра ва кифоя гирифта наметавонанд. Ин муаммои оилаи алоҳида нест, ин муаммои тамоми ҷамъияти имрӯза аст.
Нуқсони дигар он аст, ки дар солҳои 80-90-уми асри гузашта мо аз анъанаҳои оилаи миллӣ, расму оинҳои оиладории бобоён, тарбияи миллӣ, қоидаю тартиботи шариат дур шуда будем, дар натиҷа дар оиладорӣ, тарбияи фарзанд ба камбудиҳо роҳ дода истодаем. Вайроншавии оилаҳои ҷавон, ҷанҷоли байни қудоҳо ҳам аз нуқсонҳои дар боло зикршуда бармеояд. Имрӯз бисёр оилаҳои ҷавон бо баҳонаҳои ночиз вайрон мешаванд. Онҳо то чӣ андоза муқаддас будани оиларо намедонанд. Барои пешгирии ин камбудӣ, пеш аз ҳама, дар назди идораҳои худидоракунии шаҳрвандон – «Маҳалла» «Университетҳои оиладорӣ»-ро ташкил карда, ба онҳо ҷавононро ҷалб кардан лозим.
Муоинаи тиббии ҷавонони хонадоршаванда ҳам имрӯз сатҳӣ, бо роҳҳои ғайриқонунӣ амалӣ мешавад.
Мо, дар ҳаёт, дар кори тарбия бояд ба намоишкорӣ, ҳисоботдиҳӣ роҳ надода аз таҳти дил амал кунем.
Назирҷон ЭРГАШЕВ,
ноҳияи Чусти
вилояти Намангон .