Ӯзбекистон дар ҷануби Тоҷикистон барои беморони COVID-19 қабулгоҳ сохтанист

Иншооти нав дар ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон дар заминаи маркази тиббӣ, ки аз ҷониби Ӯзбекистон сохта шуда истодааст, бунёд мегардад.

Иншооти нав дар ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон дар заминаи маркази тиббӣ, ки аз ҷониби Ӯзбекистон сохта шуда истодааст, бунёд мегардад.
Таъмини он бо дастгоҳу таҷҳизот низ аз ҷониби Ӯзбекистон аз ҳисоби маблағгузории ҶС «Ӯзбекнефтегаз» сурат мегирад, хабар додааст ба «Азия-плюс» як манбаъ аз ҳукумати Тоҷикистон.
Қабулгоҳи тақсимотӣ барои беморони гирифтори COVID-19, ки Тошканд онро сохтаву муҷаҳҳаз гардониданист, айни замон дар Тоҷикистон собиқа надорад.
Таҷҳизоте, ки дар ин ҷо насб мешавад, ба дар фурсати кӯтоҳтарин ошкор кардани сирояти коронавирус дар шахс ва сипас таъҷилан фиристодани беморони COVID-19 ба беморхонаҳои минтақа ва пойтахт ҷиҳати муолиҷа имкон медиҳад.
Сохтмони маҷмӯи муосири тиббӣ дар Қубодиён тибқи нақшаи бинокорон, баҳори соли ҷорӣ ба қабули беморон омода мешавад.

«Азия-плюс».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: